Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:55

Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҳам 20-солагии истиқлолро таҷлил кард

7 сентябр 2011, 11:31

Як қатор хизматчиёни кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои хизматҳои арзанда аз ҷониби роҳбарияти сохтор бо  рутбаҳои ҳарбии навбатӣ,  медалу ифтихорномаҳо ва раҳматномаву дигар тўҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.


Дар робита ба ин, нимаи аввали имрӯз дар кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣдоир гардид.   Тибқи иттилои расида, дар ин чорабинӣ Хайрулло Ибодзода, сардори шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи дастгоҳи иҷроияи президент, генерал-майор Ҳайбулло Латипов, раиси кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, ҳайати шахсии кумита, меҳмонони зиёд ва дигар шахсони расмӣ низ иштирок доштанд. Ба афсарону сарбозоне, ки дар  фаъолияти хизматӣ ва иҷрои бечуну чарои он хизматҳои арзанда намудаанд, рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, медалу ифтихорномаҳо ва раҳматномаву дигар тўҳфаҳо супорида шуд. {jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!