Бахшҳо

Дидбонгоҳи гумрукии Ҷиргатол бо «Рапискан» таъмин гардид

Бахшида ба ҷашни 20-солагии истиқлолият, роҳу пулҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта ва дар ин замина бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитӣ, густариши тиҷорати наздисарҳадӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.


Тавре ба «Озодагон» сарнозири шӯъбаи иттилооти Хадамоти гумрук  Нурулло Шарипов иттилоъ дод, дар баробари ин  ҳукумати кишвар ба рушди инфрасохтори гумрукию сарҳадӣ, аз ҷумла ба ободонии гузаргоҳҳои сарҳадӣ аҳамияти муҳим медиҳад. Чунончӣ, тай солҳои 2006-2010 аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот ва бо ҷалби кӯмакҳои хориҷӣ сохтмони дидбонгоҳҳои гумрукии «Айвоҷ», «Патар», «Куштегирмон», «Маданият», «Гулистон», «Панҷи Поён», «Терминал»-и шаҳри  Қурғонтеппа, «Терминал»-и ноҳияи Мурғоб ва таъмири 8 гумруку дидбонгоҳҳои дигар: гумрукҳои «Исфара», «Мурғоб», «Хӯҷанд», «Зафаробод», дидбонгоҳҳои гумрукии «Душанбе-1», «Ишкошим», «Кокул», инчунин бинои Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук ба анҷом расонида шуда, иншооти мазкур мавриди истифода қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, чанде пеш сохтмони дидбонгоҳи гумрукии Ҷиргатол, ки дар доираи лоиҳаи модернизатсияи гумрук ва рушди инфрасохтор, ки тибқи созишномаи қарзии миёни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рущд амалӣ шуда истодааст ба анҷом расонида шуда, дар арафаи ҷашни 20-солагии истиқлолияти мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дидбонгоҳи гумрукии «Ҷиргатол» дар давоми солҳои 2010-2011 сохта шуда, он аз бинои маъмурӣ, гузаргоҳи махсус  барои  мошинҳои боркашу сабукрав иборат буда, дорои системаи таъмини гармӣ ва барқӣ, утоқҳои корӣ барои гузаронидани назорат ва барасмиятдарории гумрукии молу воситахои нақлиёт мебошад ва ба меъёрҳои умумиэътирофшудаи соҳаи фаъолияти гумрукӣ пурра ҷавобгӯ мебошад. Инчунин дидбонгоҳи мазкур пурра бо воситаҳои техникии муосир аз ҷумла таҷҳизоти махсуси назорати гумрукии «Рапискан» таъмин гардида, ба системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона пайваст карда шудааст. «Мавриди истифода қарор додани иншооти мазкур ба соддагардонии расмиёти гумрукӣ густариши тиҷорати минтақавӣ, вусъатёбии иқтидори транзити кишварамон мусоидат менамояд»,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)