Бахшҳо

Манижаи Давлат дар Каъба чӣ имзо карда буд? Шабнам чӣ?

Кока Тайғун, як корбари афғони Фейсбук, матлаберо бо номи “Бибиҳоҷӣ ва сарнавишти мутрибӣ” чоп карда, дар он аз ҳаҷравии Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, ёдоварӣ намудааст. Ӯ хостааст, ба ин суол ҷавоб гирад, ки оё Шабнам мисли Манижаи Давлат овозхониро қатъ хоҳад кард, ё идома хоҳад бахшид.

“Моро бим гирифтааст, нашавад ҳамон қарордодеро, ки овозхони дигари тоҷик -- Манижаи Давлат дар Каъба имзо кард ва бар асоси он лаб аз хондан фурӯ баст, Шабнами Сурайё ҳам имзо кунад”,-омадааст дар матлаби ин корбари афғон.

Ӯ дар идома нигоштааст, “Шабнами Сурайё, овозхони таннози тоҷик, пас аз як ҷаҳонгардии муфассал сараноҷм ба охирин манзил, яъне Каъба расид. Қарори маълум, қабл аз он ки байти маъруфи зер ба ӯ бирасад, ӯ ба Ҳаҷ расид:

Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Касе, ки чанд қадам дуртар аз Хонаи Худо дили миллионҳо бандаи ӯро ба даст овардааст, оё дар Каъба дили соҳибхонаро ба даст хоҳад овард? Хушбиниҳо зиёданд, аммо кас чӣ медонад:

Ҷудо-ҷудо ба Худо мерасем, эй Шабнам,
Ту аз зиёрати Каъба, ман аз зиёрати ту”.


Баъдан ин корбари афғон дар Фейсбук аз ҳоҷӣ шудани чанд овозхони афғон ҳам ёдоварӣ кардааст: “Чанд овозхони мо ҳам дар ин сӯи Омӯ Ҳаҷ карда буданд. Ҳоҷӣ Ҳамоҳанг ва Ҳоҷӣ Сайфуддин аз ҷумлаи онҳост. Ҳарду тасодуфан ҷавонии шӯху рангине доштанд. Ҳарду пас аз зиёрати Каъба ҳамчунон хонданд, ки пеш аз он мехонданд. Бозгули Бадахширо Бурҳониддин Раббонӣ ба Ҳаҷ фиристод ва вақте баргашт, фармуд, аз мусиқӣ тавба фармояд, ки фармуд”.

Кока Тайғун дар охири матлбааш аз Худованд хостааст, “бигзор Шабнами Сурайёро бишнавем ва бубинем”. “Дар ин қаҳтии соли овоз ва истеъдод ва чеҳра маҷбур набошем, дар Фейсбук бихонем, ки фалонӣ валади фалонӣ дишаб бо фалон оҳанг соати понздаҳ кам чаҳори субҳ дар мусиқӣ инқилоб кард”,-хулоса кардааст ӯ.

Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик ҳамроҳи хоҳаронаш Фарзонаи Хуршеду Бибирӯзигул ва духтараш Шарифамоҳ охирҳои моҳи сипаришуда ба зиёрати Хонаи Худо рафтанд.
Мӯҳр
Барои Шабнам ва Фарзона зиёрати Каъба барои худнамоишдихи буд! Онхо дар дахсолаи наздик сурудхониро ва клипхои урёнро бас нахоханд кард! Барои 90% дарсади овозхонхо сатр кардан ва ба Хач рафтан сирф аз нигохи рекламаи шахсииашон хаст.

.
Э хамин ба ном хачравишон дар чонмон зад. Точико кам буданд, ки боз акнун гайбаткунихои кадом корбари афгонро цитата кадестен.

ризо
инчо пул аст фоида! вагаран инхо аз худо метарсидан то имруз ин корхоро намекарданд. канд зан дусти афгони. мисле ки малика саид хам истеъдодро тичорат кард.

Точик
Овозхонии Шабнам ба афгонхое мисли хамин кока(чи номаст ин?) маъкул аст. Мехоханд Шабнам дар сахнаи биларзонаду кокахо дида, лаззат бибаранд. Вале умедворам баъди ба хонаи Холикаш рафтанд, Шабнам боаклтар шуду барои ким кадом як афгон аъзои баданашро ба намоиш нахохад гузошт. Маликаи Саид бехтарин намунаи ибрат мебошанд.

Justice
шаф-шаф гуфту шафтолу не...

Точик,
пайсара партоя хамин хел мечунбона ки, гап гапи пайса биродар, чо мекни ай пушти артист мардум гап заа!

Бародари имонӣ
Валлохи инхо рохи Худо рафтанд, хонаи Худо рафтанд, диданд ки касе ҷуз Ӯ таъоло вафодор нест. Касе онҳоро наҷот намедиҳад фақат онҳоро истифода мебаранд вале наҷот дода наметавонанд. Вале чун дусти худ Аллоҳро ихтиёр карданд онҳоро ҳарзиг дар роҳ намемонад. Беҳтарин дустро интихоб карданд, бехтарин хона рафтанд. Хар дуст агар аз ту фоидае бинад қабулат мекунанд агар фоидаат тамом шуд дигар намехоҳад дусташ боши, вале Аллоҳ таъоло ҳамеша дустат мегирад, ва мунтазири фоидаат нест. Хонаи касе рафти дастатро нигоҳ мекунад, вале хонаи Аллоҳ рафти қалбатро нигоҳ мекунад ва амалатро барои омадат хуш мешавад ва мехоҳад доимо дусташ боши ва ба хонааш ойи ва танҳо аз Ӯ талаб намои. Кӣ дигар метавонад чунин кунад?
Гапи ҳар роҳгумкардаро нагиред, балки ба ин роҳе худ пайдо кардаед ва он роҳи Аллоҳ аст онҳоро низ даъват намоед то наҷот ёбанд.

Бародари имони Худо кунад ки гуфтаҳои шyмо амали шаванд ва ин хоҳарон бояд яқин дошта бошанд ки ризқдиҳанда Аллоҳ аст ва на касе дигар. Мyтаасифона ҳамин дили нияти бародарон Кока сабаби асосии ба ғазаби Аллоҳ гирифтор шyдани мардуми бечораи Афғонистон гардида ва мyтаасифона долларҳои ки барои ободии Афғонистон дода шyдааст ҳамин кокаҳо он маблағҳоро барои интишори бештари фасодy фаҳш дар ҷомиаи Афғонистон ва кишварҳои осиёи миёна масраф мекyнанд. Хyдо ҳамаи моро дар роҳи худаш ҳидоят кунад. Омин

дурандеш
худо хидоятшон кунад гунох бисёр карда бошанд хам худованд тавбаи содиконаро кабул мекунад

Афганеч чего хотел,трудно понять.Афганские,арабские,турецкие мужчины,они очень озабоченные и без моральные в отношение к западными и азиатскими женщины.Таджички очень лёгкие добычи для этих народов.Конечно в Афганистане нету таких Шабнамы и Фарзоны.Афганец сожалеет,о том,что,уходит от его взгляд и горизонт кайфа,следующая фигура как Шабнам.Ведь на его родине,в таком сексуальные подиум ,так горячо и энергично ни одна женщина не демонстрирует себя..К сожалению Таджикистан,именно по этим причинами вытягивает афганцев и арабов.турков и иранцев.С другие стороны языковые барьеры и наивности наших таджичек..Разве именно, Шабнам,Фарзона, Манижа....и Малика должны были какие то обязательство подписать в Каабе?Что за документ,какие регламенты и пункты там были написанные?Кто знает,и видел кто нибудь?Что за требование?Это Кока ,что,конкретно уверен,что,там были согласование,о,том,что, певиц больше не вернулись на сцене?

равон
фанатизми чахолатпешаи исломи мусалмни зиёдеро пеш аз ачал ба кабристонхо мекашад.кабристонхои маънави зиндони андешахо. эй вой бар марде ки раббони уро аз сурудхони тавба фармудааст. ин раббони магар писари ХУДО будааст. Агар худо намехост мардум суруд хонанд чаро мисли гов безабонашон наофарид...

хулоса чи шуд? Ое Шабнами Сурае имзо кард е не?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)