Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:03

Сабабҳои таркиш дар бинои Суди Олӣ таҳқиқ мешавад

7 сентябр 2011, 12:00

Бар асари инфиҷори маводи тарканда дар назди Додгоҳи Олии Ҳиндустон 10 нафар ба ҳалокат расида, 50 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.


Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, як корманди пулиси Ҳиндустон гуфтааст, маводи тарканда дар даромадгоҳи бино, дар дохили портфел ҷо шуда буд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми  таркиш  шаҳрвандони зиёде  назди бинои суд ҳузур доштанд. Бинои Суди Олии ин кишвар, дар назди парлумон ва қароргоҳи нахуствазири Ҳиндустон ҷойгир мебошад. Барои наҷот додани шаҳрвандон нерӯҳои махсус ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва хадамоти оташнишонӣ сафарбар шудаанд.

Маврид ба ёдоварист, моҳи майи соли равон чунин таркиш дар назди бинои Додгоҳи Олии Ҳиндустон низ ба вуқӯъ пайваст, ки он замон ягон нафар осеб надида буданд. То ҳол аз ҷониби кормандони пулиси ин кишвар, ягон гурӯҳе   барои даст доштан ба ин қазия боздошт нашудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!