АКС: Оғози соли нави хониш дар Тоҷикистон
1 сентябр дар Тоҷикистон соли нави хониш оғоз шуд. Маъмулан, имрӯзро Рӯзи дониш мегӯянд ва он бо дарси сулҳ оғоз мешавад, ки чанд соли охир он бо иштироки райиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мегузарад.
Рӯзи дониш имсол бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар он факултаҳои техникӣ, забонҳои руминӣ-немисӣ ва забони русӣ ҷой дода шудаанд, гузаронда мешавад. Соли сипаришуда, Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дониш бинои нави факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро ифтитоҳ карда буд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, имсол 1 миллиону 717 ҳазору 63 хонанда ба таълим фаро гирифта хоҳанд шуд.
Чанд акси зерро хабарнигори "Озодагон" аз ҷараёни Рӯзи дониш дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии №2-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фиристодааст:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |