Бахшҳо

Нахустнамоиши "Паймон"-и Таҳмина ва Сироҷиддин дар Душанбе

Нахустнамоиши филми “Паймон”, ки нақшҳои асосии онро Таҳмина Раҷабова, Қурбони Собир ва Сироҷиддин Ғафурӣ иҷро кардаанд, рӯзи 6 сентябри соли ҷорӣ дар Кохи Ҷомии Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ин филм аз сӯи як гуруҳ ҷавонони вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо телевизиони "Сафина" наворбардорӣ шуда, продюсераш Дилошӯб Орифзода ва коргардонаш Муҳиддини Музаффар мебошад. Дар филми “Паймон” мушкили мубрами рӯзи ҷомеаи тоҷик – азҳампошии хонаводаҳои ҷавон ба саҳна оварда шуда, сенарияи он ба қалами Бахтиёр Каримов тааллуқ дорад.

Осими Орифпур - директори филми “Паймон”, дар посух ба чанд суоли хабарнигори “Озодагон” аз ҷумла номи филмро шарҳ дода ва гуфт: “Зери мафҳуми “Паймон” паймонҳои баставу дар ниҳоят шикаста ниҳон аст. Паймони дӯст, паймони азиз, паймони ёр. Ҳар ном бояд ақаллан 30 дарсади маънии матлабро фаро гирад. Вожаи “паймон” ба мазмуни филмнома мувофиқ аст. Аз ин рӯ филм “Паймон” ном гирифт”.

Озодагон: Барои таҳия ва наворбардории филми хуб бояд ҳайати корӣ аз мутахассисони ҳирфаӣ (касбӣ) иборат бошад. Шумо барои гирди ҳам овардани нафарони ҳирфаӣ дар филми худ то куҷо муваффақ шудед?

Орифпур: “Ҷамъ овардани як гурӯҳи бузурги эҷодӣ ва аксарашон ҳирфаӣ дар як вақти муайян кори саҳл нест. Коргардони филм Муҳиддини Музаффар (Ҷӯраев) дар ин лоиҳа нафарони ҳирфаиро даъват кард ва муваффақ ҳам шуд. Лутфулло Давлатзода - директори телевизиони “Сафина”, ки як нафари бисёр серкор аст, мушовири филм мебошад. Ҳунарманд Хуршед Мустафоев, ки дар театри давлатии “Маяковский” шахси калидист, дар ин лоиҳа ҳам нақш меофарид ва ҳам пардозгар буд. Ӯро муддати 50 рӯз аз театр дур кардан кори осоне набуд. Ҳунарманди дигар - Сӯҳроб Ҷанҷолов, ки дар театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор мекунад, дар филми “Паймон” вазифаи ба саҳнагузорандаи ҷангҳоро бар дӯш дошт. Дар ин ҷо бояд гӯям, филми “Паймон” қадами мустаҳкам ва саҳифаи нави синамои тоҷик дар офаридани саҳнаҳои ҷангӣ аст. Барои гузоштани як саҳнаи ҷанг Сӯҳроб Ҷанҷолов бо гурӯҳаш қариб ду ҳафта кор кардааст. Дар натиҷа саҳнаҳои ҷанг хуб баромаданд. Наворгирҳои соҳибтахассус Наврӯз Саидов ва Бахтовар Сафаров кори худро олӣ анҷом доданд. Ёвари коргардон Далери Эмомалӣ пул (купрӯк)-и воқеӣ байни гурӯҳи таҳиягарон ва гурӯҳи ташкилӣ буд. Бе ӯ кори мо босифат намешуд. Хулоса, чароғмон Фарҳод Тӯхташов, ёвари продюсер Кароматуллои Нор, рассом Абдуғаффор Умматқулов барои босифат анҷом ёфтани кор хеле заҳмат кашиданд. Дар филми ба наворгирифтаи мо ҳунармандони маъруф, ба монанди Қурбони Собир, Таҳмина Раҷабова ва Сироҷиддин Ғафурӣ нақшҳои марказиро бозидаанд, ки умедворем, аз сӯи бинандагон хуб истиқбол хоҳад ёфт.”

Озодагон: Дар хориҷа барои ба наворгирии филмҳо пули зиёд харҷ мекунанд. Агар пӯшида нест, тамоми масрафи филми Шумо аз куҷо буд ва фикр мекунед, фурӯши он заҳмату харҷҳоятонро хоҳад пӯшонд?

Орифпур: “Дуруст аст, ки дар хориҷа милионҳо долларро барои офаридани филм харҷ мекунанд ва баъдан як филми хуби диданиро рӯи кор меоранд. Аммо буҷаи филми “Паймон” ақалан миллион сомонӣ нест, ҳамагӣ 225 ҳазор сомонӣ.”
Мӯҳр
Фард
Дар филми ба наворгирифтаи мо ҳунармандони маъруф, ба монанди Қурбони Собир, Таҳмина Раҷабова ва Сироҷиддин Ғафурӣ нақшҳои марказиро бозидаанд, ки умедворем, аз сӯи бинандагон хуб истиқбол хоҳад ёфт.”

Таҳмина Раҷабова ҳунарманди ҳирфаӣ? Гумон мекунам ин ҷо хатои техникист. Дидем нақшофарии ин бонуи зеборо дар филме, ки ҳамсари Диловар аст. Симои зебо дорад, аммо барои ҳунарманд шудан, бояд пушти мизи ҳунарманди нишаста дарс хонд.

Тамошобин
ку тамошо кунем, ки чи хел филм будаст. Хеч бовар надорам, ки филми точики хуб тахия шавад. Барор мехохам. Шояд дар оянда хубтарош руи кор ояд

шахрванд
як спектакль гуйеду монед..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)