Бахшҳо

Мақомот: Сурайё Қосимоваро наздиконаш ғорат кардаанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи 4-нафарӣ хабар дод, ки дар ғорати манзили сарояндаи маъруф - Сурайё Қосимова муттаҳам мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, аз манзили Қосимова дар Кӯлоб аз ҷевони оҳанин ҷавоҳироту планшет, ҷамъ ба арзиши 24 ҳазор доллари амрикоӣ дуздида шуда, барои пинҳон кардани иззи ҷиноят хона оташ зада шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки феълан бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят чор сокини шаҳри Кӯлоб - Қосимова Муҳайё, соли таваллудаш 1985, Аҳророва Матлюба, соли таваллудаш 1982, Аҳроров Ҷумахон соли таваллудаш 1987 ва Бегназарова Музаян, соли таваллудаш 1970 дастгир карда шуданд: “Аз боздоштшудагон далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуд.”

Ин дар ҳолест, ки манбаи "Озодагон" мегӯяд, муттаҳамон дар ин дуздӣ наздикони Қосимова, аз ҷумла боздоштшуда Муҳайё Қосимова, духтари бародари марҳумаш ва дигарон ҳамсояҳояш мебошанд.

Ин ниҳод меафзояд, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Дуздӣ дар хонаи Сурайё Қосимова шаби 24 ба 25-уми июл, замоне сурат гирифт, ки духтаронаш-Шабнам, Фарзона ва Бибирӯзигул дар зиёрати хонаи Худо қарор доштанд. Қосимова аз сарояндаҳои маъруфи Тоҷикистон буда, роҳбарии ансанбли Фалак дар вилояти Хатлонро ба уҳда дорад.
Мӯҳр
Офарин милисахои точик. Чинояти асрро ошкор кардед.

456
ин Косимова Мухайё хохараш бошад?
акнун Сурайё ин сурудро замзама кунад
ман аз бегонагон харгиз нанолам,
ки бо ман он чи кард он ошно кард

антиСураё
дар хонаводае ки дину эмон набошад натиҷааш ҳамин мешад якдигарро мекушандк медузданду ...

"Ozodagon" salom
Lutfan bigued "ansaNbl" durust ast yo "ansaMbl"

https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%90%D0%BD%D1%81%D0%B0%D0%BC%D0%B1%D0%BB%D1%8C

Zinda boshed!!!

Сухроб
Ба дину имони у чи кор дори дину имони худата сахт гир дидесем дину имондоро чи кор кардесан ..фахмоантиСураё,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)