Бахшҳо

Сафват Бурҳонов: Аз рӯи ҳама параметрҳои илмӣ инсон дар Тоҷикистон рӯ ба марг аст

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши “Рушди инсонӣ дар соли 2014” Тоҷикистонро дар зинаи 133 мақом дода, ин ҷойгоҳро нигаронкунанда арзёбӣ кардааст.


Ақибнишинии дигарбораи Тоҷикистон

Дар гузориши СММ дастрасии аҳолии кишварҳои ҷаҳон ба маориф, тандурустӣ, ҳаёти сазовори иқтисодию иҷтимоӣ баҳогузорӣ шудааст. Зинаи 133, ҷое ки Тоҷикистон қарор дорад, пасттарин нишондод дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин минтақа ҷойгоҳи Черногория ва Белорусия беҳтарин дониста мешавад, мутаносибан: 51 ва 53. Қирғизистон дар раддаи 125, Узбакистон 116 ва Қазоқистон дар ҷойи 70 қарор гирифтаанд.

Гузоришгарон таъкид мекунанд, ки дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мушкилоти ҷиддӣ, аз қабили осебпазирӣ аз офатҳои табиӣ, бекорӣ, беҳуқуқии муҳоҷирон ва ғайра ҷой дорад. Онҳо ба ҳукуматҳои минтақа тавсия додаанд, талошҳоро дар самти ҳимояи ҳамаҷонибаи шаҳрвандонашон густариш диҳанд.

Рушди тоҷикии бесинфи миёна

Сафват Бурҳонов
, таҳлилгари тоҷик бо ин гузориши СММ куллан мувофиқ нест. Зеро мегӯяд, калимаи рушдро нисбат ба инсон дар Тоҷикистон истифода кардан ҷоиз намебошад. “Дар Тоҷикистон инқирози тадриҷии инсон ҳаст. Мисол, барои муайян кардани сатҳи рушди инсон садҳо нишондодро мегиранд, таҳлил мекунанд ва ҳисоби миёнаи рушдро мебароранд: ба як одам чанд метр ҷойи зист буд ва чанд шуд, чанд кило нон, гӯшт, моҳӣ, шир истеҳсол мешуд ва мешавад, чӣ қадар меваю сабзавот, чанд ҷойи корӣ, чанд маълумоти олӣ, чанд киловатт барқ, чӣ қадар нафт, газ ва ангишт”,-меафзояд ҷаноби Бурҳонов. Ӯ дар идома гуфт, шинохти рушду инқирози одам илм аст ва ин илм қонуну қоидаҳои худро дорад. Аз рӯи ҳама параметрҳои илмӣ инсон дар Тоҷикистон рӯ ба марг аст. Ҳатто дар Донетске, ки имрӯз оғуштаи ҷанг аст, ба як нафар як бутта садбарг рост меояд. Дар Киев барои як нафар имсол ҳабдаҳ метри мураббаъро кабудизор карданд.

“То вақте ҳукумат одамро воҳиди асосии давлат ва иқтисод ҳисоб накунад, рушдро бояд фаромӯш кард. Ҳатто омори бардурӯғи Қосимовро бинед, ки моҳ ба моҳ сатҳи зиндагӣ паст мешавад. Бигзор як миллион тонна картошка истеҳсол кунад ҳам, ба ҳашт миллион тақсим кунеду ба як сол. Гӯшт, моҳӣ, мурғ ва ҳамаи инҳоро ҳисоб кунед. Азбаски дар мо сохти муайяни давлатдорӣ вуҷуд надорад, синфи миёна наметавонад ба вуҷуд ояд. Кишварҳои муваффақ аз ҳисоби синфи миёна рушд мекунанд. Мо ки чунин синф надорем, чӣ гуна рушд кунем?”, -мепурсад Сафват Бурҳонов.

Бояд гуфт, СММ ҳамасола индекси “Рушди инсонӣ”-ро арзёбӣ мекунад. Он нишондиҳандаи вазъи зиндагии мардуми кишварҳо буда, аз рӯи нишондодҳои зиёде баҳогузорӣ мешавад, аз ҷумла дарозумрӣ, саводнокӣ ва даромаднокӣ. Албатта, пажӯҳишгарон метавонанд, каме хато кунанд, вале, ба шакли умум, натиҷаҳояшон ба воқеият хеле наздик аст. Ва он чӣ ки имсол Тоҷикистон аз миёни 187 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 133 қарор гирифт, мояи нигаронӣ бояд бошад, чун самти ҳаракати ин нишондиҳандаҳо дар солҳои охир танҳо ба поён аст (соли 2010 ҷойи 112; солҳои 2011\2012 ҷойи 125; соли 2013 ҷойи 133).

Абдулмалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, мутаассифона дар нисбат ба як соли пеш Тоҷикистон мавқеашро ба 8 зина поинтар кардааст: “Худоро шукр бояд кард, ки аз ин ҳам поинтар нарафтааст. Бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯзаи кишвар метавон хулоса кард, ки ояндаи наздик ҳам наметавонад мавқеъашро беҳтар созад”.

“Чун сатҳи маорифу тандурустии кишвар ва даромади аҳолӣ ба мо маълум аст ва ҳеҷ гуна ҳисоботи “облвоҳима” ҳангоми конфронсҳои матбуотӣ наметавонад ҳолати воқеиро тағйир диҳад. Тоҷикистон қариб ҳеҷ гуна истеҳсолот надорад ва даромади аҳолиаш танҳо аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ сурат мегирад, ки он ҳам, тибқи омори расмиву ғайрирасмӣ, солҳои охир рӯ ба пастравӣ дорад. Интишори индекси “рушди инсонӣ” як дастурамалест барои ҳукуматҳо барои баровардани хулосаҳои зарурӣ ва ҳукумати Тоҷикистонро ҳам зарур аст, барои тағйири вазъият чораҳои амалӣ андешад, ба хусус дар самти таъмини ҷойҳои корӣ. Вагарна, вазъият метавонад то ба дараҷае бад гардад, ки дигар ислоҳаш ғайриимкон гардад”,- мегӯяд Абдулмалик Қодиров.

Як бому ду ҳаво?

Ба гуфтаи коршиносон, аз ҳама рутбаи пасттарини Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар рейтингҳои солонаи СММ инъикосгари воқеияти ҳол аст. Мавқеи Тоҷикистон аз Белорусия 2,5 баробар бадтар аст. Воқеан, дар Белорусия саноат ва кишоварзӣ фаъол буда, газу нафт ҳаст ва теъдоди муҳоҷиронаш дар қиёс бо артиши тоҷик дар Русия камтар мебошад. Он ҷо ҷанг набудааст, ки омили муҳимест. Бештаи корхонаҳо ба давлат тааллуқ дорад, элитаи тоифаие нест, ки дастрасии вижа ба тамоми имтиёзоти зиндагӣ дошта бошад. Он ҷо давлати иҷтимоист, бархе аз моделҳои Шӯравии собиқро дар худ дорад, ки аз тариқи як давлати қавӣ ва як сиёсати мутаодили Локашенко, мавқеи хуби географӣ ва ҳимояти Русия нигоҳ дошта мешавад. Рифоҳи иҷтимоӣ дар онҷо миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа тақсим шудааст ва монанди Тоҷикистон фоҷиаи иҷтимоиеро шакл надодааст, ки як нафар соҳиби сарвати лабрез асту дигаре танҳо чою нон мехурад. Аммо намояндагони элитаи тоҷик метавонанд ҳайратзада шаванд ва ё вокуниш нишон диҳанд, ки дар ҷои 133-ум қарор гирифтани Тоҷикистон бо воқеият рост намеояд чун онҳо воқеиятро ба таври дигар мефаҳманд.

Темур Варқӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд мансабдорони Тоҷикистон ба хизматрасонии тиббии босифат чӣ дар дохил ва чӣ дар берун аз кишвар дастрасӣ дошта ба худ иҷоза медиҳанд, ки фарзандонашон дар донишгоҳҳои муътабари Душанбе, Аврупо ё ИМА донишҷӯ бошанд. Фарзандонашон бо ҷойи кор таъминанд. Аз рӯи ин нишондодҳо қишри элитаи Тоҷикистон на танҳо сатҳи миёнаи Беларусия ва Черногорияро убур мекунад, балки аз сатҳи дастрасӣ ба рифоҳи иҷтимоӣ дар давлатҳои мутараққӣ камӣ надорад: “ба ибораи дигар элитаи тоҷик ва қисми дигари мардум дар як воқеияти ду паҳлӯ зиндагӣ мекунанд. Бадии кор дар ин аст, ки ин сохтор хеле бефоида ва ноустувор аст. Бинобар паст будани сатҳи таҳсилот мардуми тоҷик тавони гирифтани мавқеи шоиста дар дохилу хориҷи кишварро надоранду зиндагии ғуломонаро тоқат мекунанд”. “Бидуни таҳсилот ва тибби муосир мо ояндаи миллатро аз даст медиҳем ва кишвар ҳам рақобатпазирии худро аз даст медиҳад. Дар миёни наҳангҳои сиёсии ҷаҳонӣ манофеи сиёсиву иқтисодии худро бидуни сармояи инсонӣ ҳифз кардан душвор аст ва дар ин шароит нигоҳ доштани ҳокимият ҳам душвор мешавад”-, илова намуд Темур Варқӣ.
Мӯҳр
Рустамзода
Сафват Бурҳонов: (Аз рӯи ҳама параметрҳои илмӣ инсон дар Тоҷикистон рӯ ба марг аст) Чаноби Бурхонов марг имруз дар Сурия аст, марг имруз дар Ироку Афгонистону Укроин ва давлатхои Африко аст, ки хамон спонсорои шумо гирифтори чунин холат кардаанд. Суханони Шумо барои бехбуди нест инро худи шумо хам хуб медонед максадатон тамоман чизи дигар аст. Озодагон чоп кун.

Ба Сафсата Бурхонов ва дигар тахлилгарон. Темур Вараки. Бо шумо бахс кардани нестам факат хаминро гуфтаниам, ки шумо сатхи зиндагии Точикистонро аз Угандаю Самали паст задед. Барои чи намегуед ки чанги бародаркуш ба дахсолахо кишварро ба кафо партофт, хукумат факат баъди солхои 2004-2005 аз касофати чанг халос шуда ру ба бехбуди оварда истодааст. Иншооллох Аллох тинчиро дихад дар байни 5-10 сол Точикистон ба кишвари без проблем табдил меёбад, мана ичозати Рогунро хам гирифтем. Миллати бузурги точик руафтода нашуда шукрона гуед хамааш нагз мешавад. Аллох нигохбони Шумо.

Худо аз ин бадтар накунад гуед! Халки точик, халки захматкаш ва сабур мебошад, мо точикон аз аввал анамхел омадаги ана хамн хел меравем. Гуломи рус шудем айби худамон. Барои чи гуломи рус шудем? барои он, ки ватандусти хакики хелло кам дорем, хамма дар фикри кисаи худ аст Ба кадоми ману-шумо доштани мошинхои киммату хонахои киммат махкул нест? Ба хеч кас!

байзел
бародар хамада мефора мошину хонаи кимат агар бо тичрату мехнати халол боша музди мехннат 1000 сомон кату кут 1 000 000 дол чи хел мехафми

Dev
[quote=said]Ва он чӣ ки имсол Тоҷикистон аз миёни 187 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 133 қарор гирифт, мояи нигаронӣ бояд бошад, чун самти ҳаракати ин нишондиҳандаҳо дар солҳои охир танҳо ба поён аст (соли 2010 ҷойи 112; солҳои 2011\2012 ҷойи 125; соли 2013 ҷойи 133).
In ru ba behbudesh hamitariaj?Sad dar sad tarafdori Burhonufam, hususan tojikon ba joi zindagii orom yak hastii holi dorandu tamom

зафари забондон
Мухтарам: Абдумалик Кодиров коршинос бошед акалан дар самти кори худ каме пеш равед о дар адабиётхои забони точики ягон бор калимаи "Облвохима"-ро нахонда будам,ба чуз дар куча дар ин самти забондони дар чахон чои чандум бошем? як санчида гиред кашфиёти бехтарин мешавад.Рахмати калон ин фикри шахсии ман малолу орзуда набошед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)