Бахшҳо

Се клипи пеш аз “ҳоҷибибӣ” шудани Фарзонаи Хуршед ба бозор мебарояд

Қарор аст, ҳафтаи равон се клипи Фарзонаи Хуршед, овозхони попи тоҷик дар дискфурӯшиҳо ба савдо барояд.

Диловари Мизроб, продюсери Фарзона ба “Озодагон” гуфт, клипҳои “Лола”, “Ашк” ва “Ёри ниқобӣ” ҳанӯз се моҳи пеш таҳия шуда буданд: “Ин клипҳо қабл аз сафари Хонаи Худо рафтани Фарзона наворбардорӣ шудаанд. Се моҳ пештар дар бораи онҳо хабар дода будем ва ҳам як пораӣ аз ин клипҳо дар интернет нашр ҳам шуда буд”.

Ҷаноби Мизроб, далели таъхир дар фурӯши онҳоро ба студияе рабт дод, ки ҳаққи фурӯши онҳоро дарёфт кардааст. “Студияи “Simo” интизор буд, то клипҳои нави дигар ҳам ҷамъ шавад ва дар як диск онҳоро ба савдо барорад”,-афзуд ӯ.

“Лола”, “Ашк” ва “Ёри ниқобӣ” дар Узбакистон наворбардорӣ ва таҳия шуда, монанди бештари клипҳои дигар Фарзона бо либосҳои аврупоӣ дар онҳо зоҳир мешавад. Баъди сафари ҳаҷ Фарзона ҳеч тарона ё клипе сабт накардааст, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои зиёди ҳиҷобпӯши ӯро дидан мумкин аст. Фарзонаи Хуршед ҳамроҳи аппаҳояш - Шабнаму Бибирӯзигул ва ҷиянаш - Шарифамоҳ охирҳои моҳи сипаришуда ба зиёрати Хонаи Худо рафт.


Се клипи пеш аз “ҳоҷибибӣ” шудани Фарзонаи Хуршед ба бозор мебарояд

Акс аз клипи "Ашк"


Се клипи пеш аз “ҳоҷибибӣ” шудани Фарзонаи Хуршед ба бозор мебарояд

Акс аз клипи "Ёри ниқобӣ"


Акси аввал аз клипи "Лола"
Мӯҳр
.
Озодагон

Шумо хамин хел расмхоро нашр карда моро гунахгор мекунед. Ин гуна расмхо дар дискотека е дигар чойхои дилхуши бояд ба намоиш гузошта шаванд. Хамин клипхоро мебини ах харакатхои ин духтар шармат меояд.

Хонанда
субхи имруз шабакаи телевизионии Тулуъ клипи Шабнами Сурайёро пахш кард. Хочибиби шудани хофизаи точикр ба инобат гирифта чойхои лучи бадани хофизаро тавассути барномаи эффект пушонид, ки сипосгузорем. Ваъдаи Худованд аст ки агар Шумо айбт бандахои маро пушонед фардо ман айбхои бузурги шуморо мепушонам

тамошобин
На хар як хочиву хочибиби вориди бихишт мешавад барои хамин хаму корхои пешинара давом бтен

Пишите правильно.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)