Бахшҳо

20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистонро дар пойтахти Русия ҷашн гирифтанд

Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Русия дар маркази фарҳангии вазорати корҳои хориҷии он кишвар аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил шуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, дар ин маросим сафирону роҳбарони дипломатии кишварҳои хориҷии муқими пойтахти Русия, сарварони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва кормандони расонаҳои хабарӣ ширкат доштанд. Дар расми ифтитоҳи маросими ҷашнӣ Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия   суханронӣ намуда, аз таърихи давлатдории тоҷикон, дастоварду комёбиҳои ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, муносибату равобити дипломатӣ ва роҳандозӣ гардидани ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо кишварҳои дуру наздик ёдовар шуд. Зимнан, М. Л. Богданов, муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия сафири Тоҷикистон дар кишвараш ва тоҷикону тоҷикистониёнро бо бистумин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатӣ муборакбод гуфта, аз ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ кард. Баъди маросими расмӣ барномаи консертӣ бо ширкати ҳунармандони маъруфи кишвар, аз ҷумлаи Ноҳид Зайналпур, Дилором Қурбонова ва раққосаҳои дастаи ҳунарии «Зебо» сурат пазируфт. Ҳамчунин, дар ин маҳфил овозхонони маъруфи Русия Валерий Струков ва Авраам Руссо низ ҳунарнамоӣ карданд. Гузашта аз ин, барои ошноии бештари меҳмонон бо фарҳангу суннатҳои миллии тоҷикӣ, дар яке аз толорҳо намоишгоҳи намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва анвои гуногуни либосҳои миллӣ, сӯзанӣ ва кандакориҳо ба маърази тамошо гузошта шуд.{jathumbnail off}

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)