Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:33

Садамаи нақлиётӣ ҷони ду нафарро гирифт

8 сентябр 2011, 06:18

Сониҳаи нақлиётӣ дар шимоли кишвар боиси марги ноболиғи 5 сола шуд. Дар ҷануб бошад, ҷавони 24 соларо қурбон кард.


Аз РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки рӯзи гузашта дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ронандаи автомашинаи тамғаи «Мусо» Абдуқаҳҳор Сафарови 24 сола аснои ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар километри 102-юм, деҳаи Работ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, пиёдагарди ноболиғ Ҳамидулло Усмоновро зер мекунад. Дар натиҷа пиёдагарди 5 сола аз ҷароҳати вазнин дар маҳали ҳодиса мефавтад. Бино ба хабари манбаъ худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон тахминан соати 19:50 ронандаи автомашинаи «Нексиа» Раҷабалӣ Шукурови 24 сола ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Варашилов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархурда, ба ҳалокат мерасад. Мусофири сабукрав Умароваи 60 сола бо захм бардошта, ба беморхона интиқол шудааст. Дар маҷмуъ шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 6 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд расидааст, ки бар асари он  2 нафар ҷони худро аз даст дода, 5 тани дигар захм бардоштаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!