Садриддин Сайидмуродхоҷа Айнӣ 133 сол муқаддам, дар таърихи 15-уми апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиҷдувони Бухоро ба дунё омада, соли 1957 дар Душанбе аз дунё гузаштаанд. Оромгоҳи устод дар чорбоғи зебоманзар, ки феълан номи ӯро дорад, воқеъ аст. Бо гузашти ҳамагӣ 54 сол аз реҳлаташ, ба қавле ӯро фаромӯш кардаем. Оё воқеан ҳамин тавр аст?
Мо як гурӯҳ ҳамсабақон бо пешниҳоди устод Қироншоҳ Шарифзода рӯзи мавлуди поягузори адабиёти муосири тоҷик ба зиёрати оромгоҳи Садриддин Айнӣ рафтем. Ба назарам, арвоҳи устод интизори омадани мо буд. Гирду атрофи марқад ва саҳни боғро саҳари барвақт тозаву поккорӣ карда буданд. Дарвозаи боғ низ кушода, роҳрав об зада шуда буд. Пас аз гулгузорӣ дар назди оромгоҳи Айнӣ мо низ чашм ба роҳ будем, ки ба зиёрати устод кӣ меояд? Тайи ду соате, ки мо он ҷо будем, касе аз зумраи фарҳангиёну зиёиён ва адибон ба он ҷо наомад.Як андеша ҳамаи моро ба ҳайрат гузошт: Наход қадри Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, олим, адиб ва абармарди Миллат Садриддин Айнӣ ба ҳамин дараҷа аст? Магар ӯ набуд, ки барои ояндаи рӯшани мо зарби 75 чӯби амири Бухоро таҳаммул кард? Магар Айнӣ асарҳои бадеӣ, илмӣ ва осори таърихиашро барои ин миллат нанавиштааст?
Ва шояд мо иштибоҳ кардему як рӯз қабл аз мавлуди Айнӣ ба зиёрати оромгоҳи эшон рафтем? Не, телефони ҳамроҳ дақиқан бароямон мегуфт, ки имрӯз 15-уми апрел аст. Яъне аниқ рӯзи таваллуди устод. Мутаасифона, интизориҳоямон барабас рафту дигар касе вориди боғ нагашт, ба ҷузъ мо касе бар пояи муҷассамаи Айнӣ гул нагузошт. Афсӯс, сад афсӯс, ки ин қадар зуд абармардеро, ки хизмати босазо барои мою ватани мо кардааст, ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридаем…Мо, ки имрӯз ба қадри фарзанди қаҳрамони миллат намерасем, фардо худи мо ва насли моро чӣ интизор хоҳад буд?{jathumbnail off}
« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |