Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:51

Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои роҳбарони ҳокимияти давлатӣ

8 сентябр 2011, 09:42

Дар Душанбе муаррифии модулҳои «Асосҳои ТИК барои роҳбарони ҳокимияти давлатӣ сурат мепазирад.


Тибқи иттилои  расида, ин ҳамойиш 13 сентябри соли равон дар толори конфронсии Маркази тиҷоратии «Вэфа» (ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1) бо ибтикори Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет  ва дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди мадади Тоҷикистон, Маркази бозомӯзии Созмони Милали Муттаҳид марбут ба Осиё ва Ҳавзаи Уқёнуси Ором барои ТИК ва рушд (UN-APCICT) баргузор мегардад. Гуфта мешавад, дар конфронс   муаррифии як силсила модулҳои Академияи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ   барои роҳбарони идораҳои давлатӣ ба забони тоҷикӣ дар назар аст.

Манбаъ афзуд, модулҳои  «Асосҳои ТИК барои роҳбарони ҳокимияти давлатӣ» аз ҷониби Маркази UN APCICT  барои таҳкими донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ оид ба истифодаи теҳнологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ва минтақаҳо пешбинӣ шудаанд. Феълан, модулҳои мазкур ба забонҳои англисиву русӣ, индонезӣ, мянмарӣ ва ветнамӣ датраси муштариён гаштаанд. Бо ибтикори Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон акнун 8 модули таълимии Академияи ТИК аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданд.  Пас аз муаррифии расмии модулҳои Академияи APCICT ба забони тоҷикӣ 14-18 сентябри  соли 2011  дар осоишгоҳи «Сароб» воқеъ дар деҳаи Хоҷа-Обигарми ноҳияи Варзоб  тренинг барои омода кардани тренерҳои маҳаллӣ аз рӯи се модули нисбатан муҳими академия сурат мегирад.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар тренинг 26 нафар намояндаҳои дастгоҳи раисиҷумҳур,     Институти бозомӯзии касбии хидматчиёни давлатӣ, макотиби олии кишвар ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд. Маркази бозомӯзии Созмони Милали Муттаҳид марбут ба Осиё ва Ҳавзаи Уқёнуси Ором барои ТИК ва рушд барои доир намудани ин омӯзиш тренеронро аз Муғулистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон даъват кардааст. Чунин тренингҳо дар моҳҳои октябру ноябри соли равон дар марказҳои вилоятҳои Тоҷикистон низ баргузор мегарданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!