Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:34

Агентии сохтмон: Боз 19 ширкати нав иҷозаи фаъолият гирифт

14 май 2011, 06:11

Соли равон дар Тоҷикистон 19 ширкати сохтмонии нав барои фаъолият иҷоза гирифтааст.

Дар ин бора Нуралӣ Саидов, муовини раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ то моҳи апрели соли 2011 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 75 ташкилоту корхонаҳо барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ ба агентии мазкур санадҳои марбута  пешниҳод шуда, онҳо иҷозаи фаъолиятро гирифтанд. Аз миёни 75 ширкати муроҷиаткунанда 19 корхонаи нав ба фаъолияти сохтмонӣ шурўъ кардаанд ва 36 ширкати дигар барои идомаи 5 солаи фаъолият иҷоза гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ аз 19 корхона ба 9 тояш дар шаҳри Душанбе, ба 2 корхона дар навоҳии тобеи марказ, ба 5 ширкат дар вилояти Хатлон ва 3 ширкати дигар дар вилояти Суғд иҷозати фаъолият дода шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!