Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:49

«Ҳамватанон» дар хизмати ҳамватан

10 сентябр 2011, 04:55

Дар шабакаи ҷаҳонии интернет барои аввалин бор саҳфаи иҷтимоӣ бо забони тоҷикӣ рӯйи кор омад.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» яке аз масъулини ин тарҳ иттилоъ дод, ин шабака барои тамоми тоҷикистониён ва тоҷикон аз саросари ҷаҳон кушода шуд. Гуфта мешавад, ҳар як корбар ва ё ба истилоҳ истифодабаранда, зимнан метавонад дар он сафҳаи худро кушояд, аксҳо ва наворҳо гузорад, ҳар лаҳза дӯстони нав ёбад ва ба онҳо нома нависад, аз хабару   ҳаводиси аҷиб бохабар бошад ва дигаронро низ огоҳ кунад. Ба замми ин шабака ба шумо имкон медиҳад, ки ҷамъият ва  гурӯҳҳои худро созед ва дар он пурсиш-посух ва баҳсҳо ташкил намуда дигаронро ба онҷо даъват намоед, тамоми мушкилоту шикоятҳо ва ё хушхабару паёмҳои неки худро барои тамоми ҳамватанони худ ва дӯстонатон расонед, хуллас чандин имконоти дигар комилан озод ва ройгон ва пурра бо забони тоҷикӣ.

Масъулини ин пружа аз муштариён даъват мекунанд, ки ба шабака бипайванданд. «Ин торнамо бо нишонии tojikon.com ва ё www.hamvatanon.com қобили дастраси ҳамагон аст»,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!