Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:34

Русия барои ҳузури пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон пул намепардозад?

10 сентябр 2011, 05:17

Вазири дифоъи Русия, Анатолий Сердюков гуфтааст, Тоҷикистон ҳанӯз барои будубоши пойгоҳи низомии ин кишвар дар қаламраваш маблағ талаб накардааст.


Дар ин бора хабаргузориҳои русӣ иттилоъ дода, ба такя ба суханони Сердюков навиштаанд, ин ки гӯё Душанбе аз Маскав бароиҳузури низомиёнаш дар хоки Тоҷикистон солона 300 миллион доллар талаб  кардааст, сару садое беш нест. Дар ҳамин ҳол, вазорати дифоъи Тоҷикистон иброз доштааст, ки ки шеваи будубош ва ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-и Русия бар пояи тавофуқоти раҳбарони ду ҷониб идома хоҳад кард.

«Русия барои Тоҷикистон беҳтарин шарики низомӣ аст, аммо ҳузури бузургтарин пойгоҳи низомияш вуруди сармояи хориҷиро ба Тоҷикистон кунд мекунад, музокирот сари шароити ҳузури ин пойгоҳ дар чаҳорчӯби ҳайатҳои вазоратҳои дифои ду кишвар идома дорад ва то анҷоми ин гуфтушунид қазовати рӯи натиҷаҳои он бармаҳал аст»,- иттилоъ медиҳад, вазорати дифоъи Тоҷикистон. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи  9 сентябр вазири дифои Русия  эълом дошт, ки тарҳи созишномаи тамдиди мӯҳлати будубоши пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ ниҳоӣ хоҳад  шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!