Бахшҳо
19 сен 2014 07:31Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Акнун кӯса будан ифтихор аст!

Сайф САФАР, Рустам МАҶИД

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба хотири ҳифзи шаҳрвандони кишвар, ки ба Русия барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, метавонад корҳои назаррасе кунад. Ин ниҳод, дар ҷавоб ба тоссарони рус, метавонад тосманаҳҳо ё кусаҳоро омода кунад, то дар манотиқи гуногуни Русия бо рэкетҳои маҳаллӣ дар тавозун бошанд.


Алкапоне гуфта буд, ба осонӣ метавонад дунёро аз нопокҳо ва мушкилот тоза кунад, аммо Кодекси ҷиноӣ истифодаи теғро манъ кардааст. Аммо теғҳое ҳастанд, ки истифодаи онҳо на танҳо зидди ин кодекс нестанд, балки дар ҳақиқат ба ҳалли як қабза мушкилоти зери бинӣ мусоидат мекунанд.

Мушкили мардуми Тоҷикистон бештар аз шумори торҳои риши тамоми халқаш аст. Аммо, гуё бо тарошидани ҳар тори риши ришдорон як мушкил аз мушкилоти беҳисоби ин кишвар кам мегашта бошад, ки мақомот даст ба тарошидани риши шаҳрвандон мезананд. Агар дар воқеъ набуди риш илоҷи ҳамаи мушкилот бошад, ин маърака набояд дар нимароҳ монад. Ин масъаларо бояд дар сатҳи баланди мақомоти кишвар баррасӣ кард.

Чунин ба назар мерасад, ки Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон аллакай омӯзишҳо гузаронда, хулоса кардааст, ки риш воқеан ба рушди кишвар монеъа эҷод мекунад ва ҳар кас, ки риш метарошад, аз як қабза мушкилот раҳо мешавад. Ба тамоми мақомоти зидахл пешниҳод шуда аст дар доираи салоҳияти худ пеши роҳи ин офатро бигиранд.

Тибқи ин пешниҳод, Вазорати корҳои хориҷӣ алакай ба кори худ оғоз кардааст. Ин ниҳод тамоми равобити дипломатиро бо кишварҳое, ки дар онҳо риш мамнӯъ нест, кандааст. Ҳар нафаре, ки аз ин давлатҳо мехоҳад ба Тоҷикистон биёяд, бояд риши худро чаптарош кунад, ҳатто агар ин нафар рӯҳонии рақами аввали кишвараш бошад. Дар омади гап, чаро президенти Эрон қонуни кишвар ва пешниҳоди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистонро пушти по заду бо ришу фаши худ ба Тоҷикистон омад?! Ин ҳам дар ҳолест, ки масъули қабули Ҳасани Руҳонӣ вазири маорифи кишвар буд, ки корҳояш дар донишгоҳҳо дар ин замина ҳамеша муваффақ будаанд.

Дар иҷрои ин пешниҳод Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тиббӣ ва Институти биологияи Академияи улуми кишвар ҳам талошҳое кардааст. Ин се ниҳод аз ҳисоби мутахассисон як гуруҳи илмӣ-тадқиқотӣ ташкил кардаанд ва сабабҳои паҳн шудани ин офатро дар минтақаҳои зарардида омӯхтаанд. Илова бар ин, аз ҳисоби ришгирони варзидаи Тоҷикистон комисияи корӣ таъсис шудааст, ки он роҳи муборизаро бар зидди ин “вабои аср” то андозае кашф намуда аст.

Соҳибони сартарошхонаҳо, ки дар ин кор собиқаи бештар доранд, зарари тайи чанд сол аз сабаби риш натарошидани табақаҳои мушаххаси мардум ба буҷаи Тоҷикистон расидаро ҳисоб кардаанд. Ба қавли эшон, агар даромад аз ин ҳисоб ба буҷа саривақт ворид мешуд, чархаи дуюми неругоҳи Роғун аллакай ба кор даромада буду нисфи муҳоҷирон дар “зовуд”-ҳои ватанӣ соҳиби кор мешуданд.

Парламент бояд тамоми соҳаи риштарошӣ, аз фурӯши “станок” гирифта то кори риштарошхонаҳоро аз ҳар гуна андоз озод намуда, сари содир кардани ин идея кор кунад. Форуми байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон дар моҳи октябри ҳамин сол метавонад қадами аввалин бошад, то бародари бузурги рус низ сирри ба мусолиҳа омадан бо ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва Украинаро донад.

Аслан, дар парлумон намунаи зиндаи мушкилоти риш вуҷуд дорад. Кофист намояндагони миллат сари манаҳи Сайидумар Ҳусайнӣ кор карда, бо мӯи он тамоми хароҷоти ин барномаро ҳисоб кунанд. Ворид шудани мошинҳисоб низ лозим намешавад ва боз як хати хароҷот дар буҷаи парлумон, дар баробари тугмачаҳои овоздиҳӣ, кам хоҳад буд. Ба ин риш мақоми хос дода, тарошидани онро манъ кунанд. Онро танҳо барои таҷрибаю санҷиш ва бо мақсадҳои ҳисобдорӣ ва илмӣ-амалӣ истифода кардан лозим аст.

Танҳо Маркази исломӣ ва Донишкадаи исломӣ мемонанд, ки ба амалисозии ин дурнамои рушди миллат ва бехатарии кишвар метавонанд халал расонанд. Ба хотири ба самти дуруст равона шудани мафкураи мардум, олимон дар ҳамдастӣ бо дастандаркорони ин дурнамо “версия”-и нави шариатро омода кунанд, ки ҳамонанди “Новый Завет”-и насронӣ, ҷои “Ветхий Завет”-и ба талаботи замон номувофиқро гирифта, депилятсияи ришро раво донад.

Вазорати мудофиа бояд риштарошии сарбозонро тарзе ба роҳ монад, ки тири душман аз рӯйи онҳо пас ҷиҳад. Агар Архимед аз ин технология огоҳ мебуд, барои ҳифзи Сиракуз занон ва оинаҳоро ба кор намегирифт.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба хотири ҳифзи шаҳрвандони кишвар, ки ба Русия барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, дар ин раванд метавонад корҳои назаррасе кунад. Ин ниҳод, дар ҷавоб ба тоссарони рус, метавонад тосманаҳҳо ё кусаҳоро омода кунад, то дар манотиқи гуногуни Русия бо рэкетҳои маҳаллӣ дар тавозун бошанд.

Дарси муҳоҷират, ки қаблан пешниҳод шуда буду мо ҷонибдории худро аз он эълон карда будем, дар ин росто айни муддаост. Дар маҷмӯъ, системаи омӯзиш дар раванди амалисозии дурнамои мазкур нақши калидӣ дорад. Маҳз Вазорати маориф ва илм метавонад корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, баромадани риши навҷавононро ҳанӯз дар синфи чор ё панҷ пешгирӣ намояд.

Ҷое шунида будем, ки кислотаи мурча, агар дар айёми навзодӣ ба бадани кӯдак молида шавад, дар макони молидашуда решаи мӯйро аз миён мебараду дар оянда ин кӯдак ҳаргиз риш нахоҳад баровард ва дар рӯяш доғи сиёҳи муйлаб, ин нишонаи бадтар аз ангушти шашум, ки обрӯи мардро аз фарш поинтар мекунад, пайдо нахоҳад шуд.

Аслан, дар ҷомеае, ки ба сӯйи баробарии гендерӣ ва баробарҳуқуқии зану мард талош дорад, доштани риш кори ғалат аст, чун фарқи миёни ҷинсҳоро нишон дода, пеши роҳи рушди демократияро мегирад. Дар омади гап, ҳамин авохир ИМА боз як пойгоҳи ришдорондо дар Ховари миёна ҳадафи бомба қарор додаанд. Эҳтиёт ними ҳаёт.

Гузашта аз ин мақомот дар Тоҷикистон бо ришдорон мушкил дошту дорад. Бо тарошидани риш ин проблема худ ба худ аз байн меравад. Чун дигар ришдоре ҳам боқӣ намемонаду мушкил ҳам.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Star
вухахахахахаха wink

vvvvv
Х,амаш Сафсатах,ай!!!

собит
кинояи хубе аммо метарсам ки мабодо ин нусбардорони мо онро дастури худ карор надиханд

Аловуддин
бародаро ба хамин суоли ман аз ягон муллохо чавоб пайдо кунед. Бузаке доштам, ки ягон нукс надошту барои курбони парваришаш мекардам. Рузе бузам ки донаи чуворимакка мехуронамаш то фарбех шавад, ташна монда бандашро канда ба боги хамсояамон Рахми сартарош даромадааст. Хамсоя, ки марди шуху бебок аст, бузро дошта ришашро тарошидааст. Акнун бигуед ки ин бузро курбони карда мешавад ё не?

:(
Офарин лек, дар макола иштибохо зиёданд, масъалан, маркази тадкикот стратеги, ин амалхора чори намекунад, тадкикоти ришдоронро низ намебарад, Ин корро бояд бо тарики овоздихи мардум ба чо биёранд. яъне маркази исломии Точикистон, ба инкорро бояд дар масчидхо пеш бибарад, на он ки маркази тадкикот. боки саломат боши

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: "Бо мушрикин мухолифат кунед, ришро бигзоред ва мӯлабҳоро кӯтоҳ кунед" Дар ин ҳар ду масъала сиғаи амр овардааст ва амр ба маънии воҷиб мебошад. Тарки воҷиб ҳаром аст, бад ё масхара кардани риш куфр аст. Шайх Ибни Ҳамом дар китоби "Фатҳу-л-қадир" мефармояд: Кӯтоҳ кардани риш аз як мушт камтар он гуна ки баъзе аз ғарбиҳо ё шахсҳои муханнас (занакмиҷоз) мекунанд, ин амалро ҳеҷ кас мубоҳ (ҷоиз) нагуфтааст, яъне тамоми олимҳои уммати Исломӣ бар ин иттифоқи назар доранд, ин иҷмоъ (иттифоқи фақеҳон) худ як далели мустақил аст барои воҷиб (будани риш мондан)

Абдуллох,
Дар кучо хонди ин суханонро ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)