Бахшҳо
19 сен 2014 09:37Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бо баҳонаи мавлуди Барзу: Ёде аз "Девонагӣ-93", зимомдорони вақт ва дили Данко

Сайф САФАР

Гоҳо шоҳиди чизҳои аҷибу ғарибе мешавӣ, ки вуҷудаш ҳеч гоҳ дар андешаат хутур намекард. Аммо баъди бо чашми сар дидани он, муддате ҳисси шодӣ бо андаке шигифтзадагӣ аз доманат мегираду водор ба андешиданат мекунад.

Дар ғайби касе чоқӯ задан бар ҷигари кулчақанд бо баҳонаи солрӯзаш аз ин даста ғароибот аст, ки дирӯз таҷриба кардам. Аммо, чун огоҳ шудам, ин тасмим ба хотири милоди Барзу Абдураззоқов аст бар шигифтзадагиам каме чира шудам, чун мардест, ки ба хотираш метавон ҳатто азхудгазаштагӣ кард.

Аз қазо, милоди ин тавоно бо рӯзе баробар шуд, ки ду рӯз қабл аз он атрофи номи Барзу шуру валвала бархест ва ин бор ҳам мунҷар ба рушан шудани ниҳодаш шуд, ки моломоли покизагист. Чун хабар бар ғалат бар мардум расид, эҳсос мешуд муште аз нотавонбинон омодаи чеғ задан шуданд, ки Барзуи шумо бо чизе намесозад. Бар рағми гумонзании ин қавм хабар расид, он марди Худо барои иҷрои қарзи худ дар назди волидонаш омодаи гузаштан аз баҳри ҳама чиз будааст ва ба азми омадан ба Ватан рахти сафар бастааст.

Солрузатро шодбош мегӯям, Барзуи гиромӣ!
Шод бошу дер зӣ, бо он ки медонам кайҳост қисмате аз шод буданатро аз ту гирифтанд ва он ҳам чизе нест ба ҷуз аз офаридани шоҳкориҳое дар театри сарзамини худат.

Хеле мехоҳам, ба ҳадде ки забон дар баёнаш лол аст, ин бор биёву бар рафтанат нуқтаи тамом бигузор, бо он ки медонам, инҷо буданат дигар маъние надорад. Зиёд мехоҳам, бароят маҷол бидиҳанд “Девонагӣ 93”-ро руйи саҳна гузорӣ, бо он ки медонам, хиёле беш нест. Мехоҳам, ки зимомдорони вақт бароят шароите фароҳам кунанд, ки бегонагон кардаанд, бо он ки медонам, масруфи корҳое “муҳимтаре” ҳастанд ва ба ин намеандешанд.

Дилат назири қалбест, ки нерӯи рӯшан кардани роҳи имрӯзу фардои миллатро дорост, танҳо бар хилофи қиссаи дили зебои данкоӣ, лозим аст қалбат дар қафасаи ин ҷамъият фурӯзон бошад. Ин дил, диле ба ҳадде зебост, ки мехоҳам тапишашро дар дастонам бибинам ва бибӯсамашу пас бигузорамаш дар ҷояш то думболи корҳои нотамомаш равад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)