Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

Эмомалӣ Раҳмон: Ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат расидем

10 сентябр 2011, 05:32

Рушди инфрасохтори нақлиёт-омили аслии пешрафти иқтисодиёти ин ё он кишвар унвон мегардад.


Таври маълум, 93 дарсади масоҳати Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад, аз ин рӯ тайи даҳсолаҳо аз сабаби набудани роҳ ба се қисмат ҷудо буд ва ҳамасола қариб шаш моҳ рафтуомади одамон аз як қисмат ба қисмати дигари мамлакат имкон надошт. «Бо мақсади таъмини рафтуомади доимии мардуми ноҳияҳои гуногуни кишвар, мо дар даврони истиқлолият як қатор шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳоро сохта, мавриди истифодаи умум қарор додем»,- иброз намуд, президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 20 – солагии Истиқлолият. Райисҷумҳур афзуд, тайи як муддати начандон тӯлонӣ  1700 километр роҳҳои мошингард, 17 километр нақб ва беш аз 100 пул бунёд ва барқарор карда шуд. «Мо минбаъд низ барои таъмиру таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ ва дохилӣ талош хоҳем кард, зеро роҳҳо шоҳрагҳои асосии рушди иқтисоди ҳар як кишвар ва василаи ба ҳам наздик шудани одамон мебошанд.

«То имрўз мо қариб тамоми инфрасохтори нақлиёти автомобилиро таҷдид карда, Тоҷикистонро ба қаламрави воҳид табдил додем ва рафтуомади доимии нақлиётро ба тамоми манотиқи кишвар, инчунин ба давлатҳои ҳамсоя таъмин намудем. Ва ҳоло бо ифтихор гуфта метавонем, ки ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии давлат - раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ расидем»,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!