Бахшҳо

Шарифзод дар қайди махсуси ВКД: Нашъаманд ва фурӯшанда, на санъаткор

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пасманзари нашри хабарҳо дар мавриди боздошти сарояндаи попи тоҷик - Қаҳрамони Шарифзод дар минтақаи Перми Русия, бо нашри як иттилоия гуфтааст, Шарифзод дар ин ниҳод ҳамчун истеъмолкунанда ва фурӯшандаи маводи мухаддир сабт шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Қаҳрамони Шарифзод, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ буда, дар қайдҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчун истеъмолкунанда ва фурӯшандаи маводи махаддир мегузарад. Ин ниҳод таъкид мекунад, номбурда ба санъати тоҷик ягон муносибат надорад.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддир дар Русия рӯзи 17 сентябр аз боздошти як сарояндаи попи тоҷик дар Перм хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод ба "нашъаҷаллобӣ дар ҳаҷми калон" машғул будааст. Ҳарчанд, хадамот аз ин сароянда ном набурдааст, аммо бархе манобеъ аз Тоҷикистон ва мақомоти тоҷик ҳам таъйид карданд, ки ӯ Қаҳрамони Шарифзод аст.

Ба иттилои дафтари матбуотии Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадори Русия, аз боздоштшуда дар маҷмӯъ ҳудуди ним кило ҳероин ёфт ва мусодира гардидааст. Манбаъ меафзояд, дастгиршуда аз 3 моҳи пеш ба Перм омада, аснои бозпурсӣ гуфта, ин ҷо барои таҳияи клипи наваш омадааст.

Дафтари матбуоти ин ниҳод тасдиқ мекунад, ки зимни муаянсозии шахсияти боздоштшуда, маълум гардид, ӯ дар Тоҷикистон ба сарояндагӣ машғул буда, ҳатто дар барномаҳои солинавии телевизионҳои давлатӣ иштирок кардааст. Қаҳрамони Шарифзод ҳарчанд дар раддаи аввали овозхонҳои попи тоҷик қарор надорад, аммо сурудҳои "Ориёӣ", "Вақте танҳоям", "Модар", "Ватан", "Ғарибӣ", "Нозанин" ва "Оре"-и ӯ миёни шунавандаҳо маъруф аст. Клипҳои ӯ дар дискфурӯшиҳо мавҷуд буда, дар интернет ҳам зиёд ба чашм мехӯрад. Дар гузориши телевизионие, ки шабакаҳои русӣ намоиш додаанд, як пора аз клипи "Оре" пахш шудааст.



Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ап
Гуё ки дар эстрадаи точик хама фариштахоанд. Хамааш зану мард алкашу нашъаманд хастанд.

Rustam
Эй кош кадри озодиро медонистем.шеър
ШУКРИ НЕЪМАТ НЕЪМАТАТ АФЗУН КУНАД
КУФРИ НЕЪМАТ ВОРИДИ ЗИНДОН КУНАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)