Бахшҳо
10 сен 2011 06:06Хабарҳои минтақа

Муқовимат, шаҳодат ва саодати Аҳмадшоҳ Масъуд

9-уми сентябр аз шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд, абармарди тоҷик ва қаҳрамони миллии Афғонистон 10 сол сипарӣ шуд.

Шери Панҷшер, аз зумраи он муҷоҳидине буд, ки 23 соли ҳаёти худро сарфи муқовимат алайҳи душманони истиқлоли Афғонистон карда, дар ин роҳ ҷоми шаҳодат нӯш кард. Шурӯъ аз   авохири солҳои 70-и асри гузашта, Масъуд дар сангари ватандорони афғон, ки ҳузури низомиёни шӯравиро дар ин сарзамин қабул надоштанд, истодагарӣ карда, парчами пирӯзиро дар ин роҳ барафрохт.Аҳмадшоҳи шаҳид сарсахттарин мухолифи ҳаракати «Толибон» ва аз зумраи аввалин нафароне буд, ки хатари ин гурӯҳро ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ расонд, аммо зимомдорони вақт садои ӯро хеле дер шуниданд, вақте ки аллакай хеле дер шуда буд.

Зимни намоиши як филми мустанад аз ҳаёту муборизаи Аҳмадшоҳ Масъуд , шоми 9-уми сентябр, шабакаи  телевизиони ҷаҳонии «Ориёно» эълом дошт, ки шаҳодати ӯ расидан ба саодат аст. Ҳамзамон, дар аксари манотиқи Афғонистон дар чаҳорчӯби ҳафтаи поси хотири шаҳидон, аз корномаҳои Шери Панҷшер ёд мекунанд. Дар маросиме дар Фарёб раҳбарони эътилофи шимол, аз ҷумла вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон доктор Абдуллоҳ хизматҳои Масъудро ёд карданд. Дар як маросиме дар Кобул бародари Аҳмадшоҳ – Аҳмадвалӣ Масъуд дар баробари хабарнигорон чунин гуфт: “Эҳсоси ифтихор ва эҳсоси ғурур мекунам, ки ин миллати посдори Афғонистон, ки мо аз хизматҳояш сипосгузор ҳастем, ҳамин рӯзу ҳамин ҳафтаро ба хубӣ таҷлил мекунанд”.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)