Бахшҳо

“Судбозӣ”-ҳо бо журналистон, интихоботи парлумонӣ ва аҳзоби сиёсӣ

Сайф САФАР

Қазияҳои Қамари Аҳрор, хабарнигори Оҷонси иттилооти “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ” бо кормандони пулиси шаҳри Хуҷанд, Орзӯ Исоев, ровии радиои “Имрӯз” бо Ширкати “Квестнет” ва Назири Нусрату Исфандиёри Назар, сармуҳаррир ва хабарнигори нашрияи “ИмрӯзNews” бо Аброри Зоҳир, раҳбари Идораи фурӯши китоб ва паҳни матбуоти даврӣ, ҷомеаи рӯзноманигории тоҷикро нигарон кардааст. Коршиносон ин даъвоҳоро шурӯи фишор ба журналистон дар арафаи интихоботи парлумонӣ, ки соли 2015 дар назар аст, медонанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, мегӯяд, “як назарпурсии мо нишон дод, чунин фишорҳо дар оянда зиёд хоҳанд шуд ва мақомоти давлатӣ талош мекунанд, фаъолияти рӯзноманигоронро таҳти контрол қарор диҳанд”.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО бар ин назар аст, ки афзоиши баҳсҳои додгоҳӣ алайҳи журналистон як падидаи ҷомеаи мардумсолорист, аммо ӯ мегӯяд, аз натиҷаи додгоҳии ин қазияҳо нигарон аст: “Баҳсҳои додгоҳии 2-3 соли ахир дар аксари ҳолатҳо бар зарари расонаҳо меанҷомад, чун додгоҳҳои мо на ҳамеша аз меъёри адолат кор мегиранд. Дар таҷрибаҳои додгоҳии рӯзноманигорон дида мешавад, ки даъвоҳои ҷониби дигар бештар ба инобат гирифта мешавад”.

Оқои Шарифзода мегӯяд, чун расонаҳо ва фаъолияти журналистӣ бештар хосияти сиёсӣ дорад дар марҳилаҳои муайяни рушди ҷомеа, бахусус дар марҳилаҳои пеш аз интихобот ва дар рафти он баҳсҳо ва ҳатто ба додгоҳ кашиндани рӯзноманигорон зиёдтар ба миёни меояд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигори шинохта Абдуқаюми Қаюмзод мегӯяд, интизор надорад, ки қазияҳои додгоҳӣ дар арафаи интихоботи парлумонӣ бештар мешаванд. Ӯ расонаҳои кишварро дар раванди интихобот бетаъсир хонда, афзуд: “Нашрияҳои мустақил бо теъдоди ночиз ба нашр мерасанд ва мутаассифона доираи хонанда ва муштарии онҳо аз интихоботи гузаштаи парлумонӣ то навбатӣ на бештар, балки коҳиш ёфтааст. Дигар ин ки бо ҳамин теъдоди ночиз ҳам дар бештарини ҳолот онҳо рисолат ва нақшу миссияи худро ба иҷро намерасонанд”.

Ҷаноби Қаюмзод бар ин назар аст, расонаҳои Тоҷикистон матолиберо ба нашр мерасонанд, ки дархури завқу интизороти хонанда бошад. “Ба хусус масоили сиёсӣ ва камбуду навоқиси ҳукумат, раиси ҳукумат ва аъзои ҳукумат тақрибан, ки ба мушоҳида намерасад. Матбуоти мо ҳоло айни аҳзоби сиёсии мухолиф аст, ки аз мавҷудияти онҳо ва аз амалу феъли онҳо чизе тағйир намеёбад ва аслан бо онҳо ҳисоб ҳам намекунанд”,-мегӯяд ӯ.

Ин рӯзноманигор, ҳамчунин таъкид кард, ба додгоҳ кашидани хабарнигорон маънои онро надорад, ки онҳо метавонанд дар фазои интихоботӣ асаре дошта бошанд: “Аз ба додгоҳ кашонидани хабарнигор мусибат ва фоҷиа набояд тарошид. Бигзор бошад. Чун дар низоми мардумсолорӣ даъво муқобили рӯзноманигор як амри табиӣ дониста мешавад”.

Бо ин ҳама гуфта мешавад, фазои интихоботии солҳои пеш ҳама гуна маҳдудятҳо барои рӯзноманигоронро дар пай дошт, ки қатъ шудани интернет, масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоию торнамоҳои хабаргузориҳо аз шумули онанд. Бархе соҳибназарон мегӯянд, дар интихоботи парлумонии соли 2015 низ чунин ҳолатҳо такрор хоҳанд шуд, аммо афзоиши қазияҳои додгоҳӣ нисбат ба журналистону расонаҳо ҳам ба ин қатор ворид мешавад ё на, вақт нишон медиҳад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, мегӯяд, “як назарпурсии мо нишон дод, чунин фишорҳо дар оянда зиёд хоҳанд шуд ва мақомоти давлатӣ талош мекунанд, фаъолияти рӯзноманигоронро таҳти контрол қарор диҳанд” - Каршибоев фикр мекунад, ки дунё бедарвоза аст? Не. Дар ин ватан кору фаъолият карда этироми Ватанрно ба чо овардан даркор ва илова бар инр хар журналист барои сухани гуфтааш чавоб дода атвонад

Журналистхо хам бояд ба нейтралите нигох кунанд,наметавон дар бахс иштирок карда як тарафи онро руи чоп овард е гуфт аз тарики радио ё телевизион.....
Шояд дигар нашрияхоро надонам,аммо радио ва гезетаи Имруз ровии гузаштаи у Орзу Исоев ва хабарнигорон Назири Нусрат ва Исфандиери Назар,чи тур метавон журналистони хакикат гуй ва хакикат чуй номи,дар холе ки онхо дар нашрияхои Хасани Асадуллозода мехнат ва маош мегиранд,ба хамаи журналистон маьлум ки хаст Хасани Асадуллозода ва чи маком дар чомеьа дорад....
Пас набояд нигарон аз он шуд ки баьзе ба ном "журналистхоро"-ба додгох мекашанд......

Пас дигар номи ё шаходатномаи журналистиро гирифти маьнои онро надорад,ки ту аз конун озод хасти ва хар чие ки мехохи бинавис ва бигуй..
Гумонам чунин нест......дар назди конун хама баробар...
Хак бояд гуфта шавад ё навишта шавад,лекин набояд дар як калимаи хак нухтои дигар нохакё носанчидаро бохам куни...чунин набояд шуд...
Орзу,Назири Нусрат ва Исфандиери Назир хочаашон Хасани Асадуллозода хаст,пас боз чи мехостан????
Аз дахони ингуна "журналист"-хо чи тур метавон хакро интизор шуд????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)