Бахшҳо

Коршинос: Агар ҳамаро Хитой созад, мустақилияту номусу президенту миллат чӣ мешавад?

Баъди анҷоми сафари давлатии райиси ҷумҳури Чин ба Тоҷикистон, ки дар пасманзари нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор шуд, гуфтугӯҳое дар мавриди ҳузури афзояндаи Хитой дар кишвари мо ба миён омад. Нигарониҳое ҳам дар ин замина баён шуданд. Зимнан, суоли ин ҳафтаи нашрияи “Озодагон” ҳам ба ин мавзӯъ дахл дошт: Густариши ҳузури Чин шуморо ба ташвиш намеорад?


Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси МТС
Агар ин хел андеша намоем пас аз ҳамаи кишварҳо тарсида бо ҳеч кас бояд алоқа накунем? Албатта, вобастагии муайян ба вуҷуд меояд, вале муҳим он аст, ки ин вобастагӣ чӣ нафъе ба миллати мо меорад. Магар маълум нест, ки бисёре аз пешравиҳо ва ободиҳо маҳз аз ҳузури Хитой ва алоқаҳои мардуми кишвар бо бозори Хитой ба мо даст додаанд. Қариб дар ҳама соҳае, ки пешрафт дорем нақши Хитой хеле равшан ба назар мерасад. Сиёсати хориҷии мо бисёрсамта мебошад ва аз ин рӯ бояд бо ҳамаи кишваҳое, ки ба мо нафъашон мерасад ҳамкорӣ дошта бошем. Маҳдуд кардани ҳамкориҳо барои тарафҳо кори оқилона нахоҳад буд.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос
Баъди ба охир расидани нишасти сарони созмони Шонхай ва ба имзошудани як қатор созишномаҳо байни Тоҷикистону Чин вокуниши зиёде ба миён омад. Алалхусус, мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс дар хусуси ҳузури Чин дар Тоҷикистонро як падидаи манфӣ арзёбӣ карданд. Тоҷикистон як давлати дунявӣ мебошад ва дар умури давлатдорӣ бо дарназардошти ҷомеаи исломии кишвар мо наметавонем танҳо бо кишварҳои исломӣ равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта бошем. Имрӯз Чин дар самти иқтисод ва савдо як давлати абарқудрат мебошад ва дар ин самт ҳатто Амрико ва кишварҳои Ғарб рақобат карда наметавонанд. Дар қиболи ин ҳама Тоҷикистон як давлати кӯчак бо иқтисоди харобу касод қарор дорад ва ҳар лаҳзае, ки чунин абарқудратҳо ба мо дасти дустӣ ва ҳамкорӣ дароз мекунанд, бояд қабул кунем.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот кардааст, ки абарқудратҳо ҳамеша нуфуз доранд ва мусиқиро маҳз онҳо фармоиш медиҳанд. Имрӯз мо бояд аз ин шароити хуби фароҳам омада истифода барем. Имрӯз бозори на ин ки мо, балки ҷаҳониро Чин ишғол кардааст. Бо ин иқтисоди худ мо ниёз ба сармоя ва моли чинӣ дорем. Маҳз Чин метавонад имрӯз бо дарназардошти вазъи молиявии мардуми оддии Тоҷикистон талаботи мардуми моро қонеъ гардонад. Чин имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё роҳу нақб месозад, бозори дохилиро бо моли ниёзи мардум таъмин мекунад. Бинобар ин, ҳузури Чин дар Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ ва савдо, сармоягузорӣ намудан ва рушди бозори фурӯши молҳои ниёзи мардумро ман қабул дорам.

Исмоил Талбаков, вакили парлумон
Мо аз Чин хавф надорем, чун ин кишвар бо принсипҳои сотсиалистӣ амал мекунад. Ин барои рушди Тоҷикистон ва барқароршавии роҳи абрешим, ки ҳазорсолаҳо вуҷуд дошту дар таҳкими давлатдорӣ ва иқтисодиёти мо саҳми муносиб мегузошт, лозим аст. Мо бояд аз дастовардҳои Чин истифода барем.

Давлати Шоҳэътибор, коршинос
Як шаҳри Хитой 10 миллион аҳолӣ дорад, Хитой мушкил надорад. Хитой ваъдаҳояшро амалӣ созад, ҷумҳурии мо рушд мекунад ин хуб аст. Аз ҷониби дигар агар ҳамаро Хитой созад мустақилияту номусу президенту миллат чи мешавад? Мо ба давлат не, ба бозичаи дасти Русияву Хитой мубаддал мешавем. Ягон давлат беҳуда обод намекунад, зери ин ободкуниҳо кӣ медонад чи талабу дархостҳо ва фишорҳое ҳаст. Ин риқатовар аст.

Темур Варқӣ, коршинос
Афзоиши ҳузури Чин дар Тоҷикистон ногузир аст. Захоири молӣ-иқтисодӣ, низомӣ-сиёсӣ ва инсонии ду кишвар аслан қобили қиёс нест. Бо ин вуҷуд ҳаргуна наздикиву ҳамгароӣ маҳдудиятҳои худро дорад. Вақте мақомот масъулиятшинос ва ҳомии манофеи миллӣ бошанд, ингуна ҳамсоягӣ ба кишвар танҳо манфиат оварда метавонад. Чин як кишвари дорои фарҳангу таъриху суннати ҳазорсолабуда, мардумаш ҳамеша кишвареро сохтаанд, ки худкифо аст. Дар даврае, ки ҷаҳон номустаҳкам аст ва Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ пошидаву дар қаламраваш ҷангҳо идома дорад, Чин рушди собиту дурусти худро нишон медиҳад, ки идеяи баробарии иҷтимоӣ ва иқтисоди бозорро якҷоя кардааст. Дар ин маврид ҳукумат хазинадузд ва порадиҳандагонро таҳаммул намекунад.

Тоҷикистон бояд инро омӯзад, аммо мо дигар чизҳоро меомӯзем. Мо аз Чин барои сохтани иншооте қарз мегирем, ки онҳоро худи Чин месозад, нишонаҳои роҳро ҳам бо забони чинӣ мемонем ва кишоварзони чиниро барои истифодаи бемаҳдуди заминҳои раҳошудаи тоҷикон меоварем. Коргарони чинӣ чанд зани тоҷик мегиранд ва мо муҳандиси тоҷикро ба иттиҳоми чандзанӣ ба 26 сол ҳабс маҳкум мекунем. Дуруст дар замоне, ки як насли комил шакл мегирад. Мо картошкаву помидору себи чиниро ба бозор ворид мекунем, ки пештар деҳқонони Ҳисор, Ғарм, Қурғонтеппа ва Хуҷанд маҳсулоти худро мефурӯхтанд. Бо роҳе, ки чиниҳо дар роҳи Хуҷанд сохтаанд, дигар деҳқонон маҳсулоти худро ба Душанбе намеоранд чун зуд вайрон мешавад. Роҳ ҳам зуд хароб мегардад ва пули таъмири онро ҳам боз деҳқонон медиҳанд. Дар ин шароит деҳқонон ба Русия мераванд. Бо чи роҳе дигар раҳбари кишвар қарзҳои Чинро боз мегардонад? Дубора қисме аз қаламрави кишвар?

Абдулфаттоҳ Шафиев, коршинос
Инки аз ҳузури Чин дар Тоҷикистон касе дар ташвиш аст ва ё не, пинаки чунин иқтидоре мисли Чинро вайрон намекунад. Дар ҳамсоягӣ бо кишваре ба мисли Чин ва бо назардошти вазъи сиёсии Тоҷикистон, минтақа ва муносиботи Русияву Амрико ба минтақа, надоштани пайванде бо Чин камоли беақлӣ мебуд. Воқеият чунин аст, ки мо ба Чин ниёзи бештар дорем то, ки Чин ба мо. Хавфи ин дӯстӣ ҳам дуруст аст, ки кам нест, вале дар шароити ҷаҳонишавӣ аз дидани чеҳраҳои ғайритоҷикӣ дар кӯчаҳои Душанбе гурехта намешавад. Дар ин замина дипломатҳои кордону оқил заруранд, то ин ҳамсоягӣ ва ин рафоқатро бо Чин ҳарчӣ бештар ба манфиати кишвар ва мардум истифода бибаранд. Аз Чин дар ҳама соҳаҳо метавон омӯхт ва бояд омӯхту ба кор бурд. Албатта, ба ҷуз сохти сиёсиву сиёсатҳои дохилиро, ба мисли яккаҳизбиву сензура. Вале дар илм ва дониш ва иқтисод нафъҳои зиёде метавон аз таҷрибаи Чин бигирифт.

Зафар Абдуллоев, иқтисоддон
Не ташвиш намеорад, ман хитоиёнро аз дигар миллатҳо ҷудо намекунам ва ҳама миллатҳои дунё метавонанд дар Тоҷикистон бо роҳи қонунӣ зиндагӣ ва кор кунанд. Дар сатҳи давлатӣ, шахсан барои ман Хитой аз ИМА-ю Русия барои Тоҷикистон шарики маҳсулноктар аст ҳам аз ҷиҳати идеологӣ ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
OFARIN BA HAMAI SHUMO KORSHINOSONI MUHTARAM. DAR HAKIKAT MO IMRUZ BO MAKSADI OBODII KISHVAR HAR CHI BESHTAR BO DAVLATI CHIN MUNOSIBATHOI KHUDRO DAR SOHAHOI GUNOGUN MUSTAHKAM NAMOEM. MO BOYAD HAMCHUN DAVLATI MUSTAKIL ON DAVLATERO DAR HAMKORI KABUL NAMOEM, KI BA RUSHDI MILLIYU DAVLATII JUMHURII MANFIATNOK BOSHAD. VAKTI TARSU HAROS NEST, VAKTI SOZANDAGIST!!!

Шокир
Ватану миллат барои онхо чи арзише дорвад? Порча-порча карда фурухтан мегиранд SAIDGUFRON ABDULLO,

Mashallah
Ozodagon hami korshinosora Shumo ay kujo dastgir mekunen????? Iltimos ba joi onho yagon sohibma'lumota dastgir kunen!!! Mekhonam istirohat mekunam navistahoi Shumoravu, guyo ki Lahzahoi guvoro tamosho doram!!!!!! ;)

Dev
"Аз ҷониби дигар агар ҳамаро Хитой созад мустақилияту номусу президенту миллат чи мешавад?"
Aka in hitoiho ham baroi nangu nomusi prezidentamon zada istand, ijo hudshon aslan aj Dangaraand, solhoi pesh ijo sui Hitoj rafta budan holo nav omadestan, holo karib 300 mln.-i digar dar omad-omadaj,tak chto holo kajf dar peshaj

Табари
Чин барои мо аз тахкирхои Русхо бехтар аст.Вокеъан бояд гуфт,ки Руссия аз мо чанд хазор километр дур буда,ягон муносибате надорад.Танхо ба истиклолиятамон монеъа чунд душмани ашади ва точиккуш эчод мекунад.Ин ибораи "ближный зарубежие" кор кардаи сиёсатмадорони рус баъди пошхурии шурави охиста-охиста аз байн меравад ва фарханги руси низ дида истодаем,ки аз байн рафта торафт англиси чойгузини он мешавад.Вокеъан Ахмадинажод бояд 3-миллиард ба иктисоди Точикистон мегузаронд хамин Иванушкахо ба ин кор чун хасудон монеъ шуданд.Русхо чун якуним миллион точикро бо пули паст кор фармуда даххо миллиард доллар ба даст меоваранд аз ин ру манфиатдори пешравии кишвари мо нестанд.Агар диккат дихед онхо мехоханд,ки сиёсати царизми рус ва аз боло нигохкунгиро болои мардуми Осиёи Миёна чори кунанд,лекин ин сиёсати беаклонаи онхо кор намедихад!Дер ё зуд кишвархои минтака онхоро аз инчо меронанд.Бо Чин бояд чун хамсои наздик бояд муносибат кунем.

Мо бояд ба Хукумату мардуми чин рахмат гуем. Дар вакташ камбагал кай орзудошт, ки сохиби телевизор, компютер, яхдон, кондитсионер ва дигар тех-ка шавад, холо бошад дар як хонаи камбагал 2 телевизор, 4 тел.моб ва хатто компютер хам дида мешавад. Агар хамсоят бою ба давлат ва пешрафта бошад, ин хуб аст. Узбакистон бо Хитой хамсархад нест, лекин холо харакатхои зиёде дорад, ки дили рохбарияти ин давлатро ёбад, дар вакташ Узбакистон бо Амрико ва Кореяи Чануби муносибати хеле хуб дошт. Холо бошад харакат дорад бо Хитойчон нагз шавад.

ин чинихо хеле зираканд, онхо охиста охиста дар кишвар авлодонашонро тавлид карда баъдан дунеро мегиранд,п дар кишлокчойхо ин тангчашмони бутпараст зани точикро гирифта фарзандор мекунанду ба ватанашон баргашта бо зани худашон умр ба сар мебаранд, яъне миссияшонро дар точикистон ичро мекунанд.онхо бе ярок осиеи миенаро аз худ мекунанд бо кадпастону чашмтангонашон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)