Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:40

Низоми амалкунандаи хизматрасонии манзил дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст

12 сентябр 2011, 03:00

Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон натиҷаҳои тадқиқот оид ба муайянсозии сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар бораи ислоҳоти идоракунии биноҳои басёрхонагиро, ки дар панҷ шаҳри калонтарини Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Чкалов гузаронида шудааст, муаррифӣ мекунад.


Тадқиқотро мутахассисони ин созмон дар доираи лоиҳаи «Пешбарии иштироки шаҳрвандӣ дар ислоҳоти нигоҳдорӣ ва идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ дар шаҳрҳо» анҷом додаанд. Лоиҳаи мазкур  бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, наздик ба 8000 бинои бисёрхонагӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон тӯли 20 соли охир, бинобар иваз гардидани шакли моликият ва тағйир наёфтани сохтори идоракунӣ ва хизматрасонии манзил, ба таври зарурӣ нигоҳдорӣ нашудаанд. Вазъи ногувори биноҳои бисёрхонагӣ ва фаъолияти ғайришаффофи молиявӣ, хоҷагидорӣ, маъмурӣ ва иҷтимоӣ дар нигоҳдории манзилҳои бисёрҳуҷраӣ натиҷаи возеҳи он мебошад. Аз ҷумлаи чунин масоили ҳалталаб - ба кӣ, чӣ андоза ва барои кадом кор бояд маблағ пардохта шавад, то ин ки таҳхонаҳо, бомҳо, даромадгоҳҳо ва қубурҳо саривақт таъмир гарданд.

Моҳи августи соли 2009 Қонуни ҶТ «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил» қабул гардид, ки он бояд вазъи соҳаро комилан тағйир медод, ба муносибатҳои шартномавии бозаргонӣ замина мегузошт ва барои беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ мусоидат мекард. Зимнан худи аҳолӣ бояд чун қувваи асосии пешбарандаи ислоҳот ташаббус нишон медод, вале дар маҷмӯъ вазъият бетағйир монд ва меъёрҳои қонун дар амал татбиқ нагардиданд.

Дар ҷараёни тадқиқот 1500 нафар дар 5 шаҳри Тоҷикистон пурсида шуданд. Назарсанҷӣ муайян кард, ки 91%-и пурсидашудагон аз низоми амалкунандаи хизматрасонии манзил қонеъ нестанд. Ҳамзамон, 76%-и пурсидашудагон оид ба дигаргуниҳои соҳа иттилоъ надоранд ва 70%-и онҳо фарқи байни фонди манзилии давлатӣ ва хусусиро дарк намекунанд. «Чунин сатҳи пасти огоҳии аҳолӣ заминаи рушди коррупсия ва поймолшавии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон мегардад», - изҳор медоранд мутахассисони Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!