Бахшҳо
22 сен 2014 13:02Тоҷикистон / Сиёсат

Абдулатифи Пидром тавофуқи Абдуллоҳ ва Ашраф Ғаниро хиёнати миллӣ номид

Абдулатифи Пидром, шоир ва намояндаи мардум дар Луи Ҷиргаи Афғонистон бо пахши изоҳороте тавофуқи Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо Ашраф Ғаниро хиёнати миллӣ хондааст.

Оқои Пиндром дар саҳифаи Фейсбукаш навишта, “муомилаи хоинонае, ки қатъан интизори он мерафт, шакл гирифт ва шуру шайдои ҳазорон ҳазор инсони адолатхоҳ дар пойи курсӣ ба номи ниҳоди раёсати иҷроӣ хориҷ шуд”.

Ӯ дар идома менависад, хиёнати ин гурӯҳ дар иҷлоси Бон ва тавтеаи онон алайҳи устод Раббонӣ кофӣ аст, дубора ба онҳо эътимод нашавад ва мардум фиреб нахӯранд: “Чаро қавме бо ин гузаштаи дурахшони фарҳангиву илмӣ ба ҳамин содагӣ шуур ва шарафашро бозичаи одами нобакоре қарор медиҳад, ки дар зери ном ва ливои ин қавм ва сардори бузурги он Аҳмадшоҳи Масъуд пинҳон шуда аст, дар беҳтарин фурсатҳои бадастомада ханҷари нафрат ва қавмии торихиашро бар ҷигаргоҳи он фурӯ мекунад”.

Бояд таъкид кард, соли 2001 як гурӯҳи тоҷикон дар нишасти Бони Олмон бо раҳбарии Юнус Қонунӣ ва доктор Абдуллоҳ раиси ҷумҳури вақти Афғонистон - Бурҳониддин Рабониро аз вазифааш барканор карда, ба ҷои ӯ Ҳомид Карзайро ба унвони раиси муваққат ҷойгузин карданд.

Оқои Пидром гуфтааст, Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ зиракона ба ҷаҳон нишон доданд, ки бидуни ҳузури қавми тоҷик ҳам тавони ташкили ҳукумат дар Афғонистонро доранд: “Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ, ки ҳар ду аз як таборанд, зиракона хостанд ба ҷаҳон бигӯянд бидуни тоҷикҳо ҳам мешавад, ташкили давлат дод. Ҳузури ду нафар аз як қавм дар мақомҳои раёсатҷумҳурӣ ва иҷроӣ тири ба дастовардаи бузургон ва қаҳрамононе буд, ки тайи садаҳо ва низ даҳаҳои пасин бо фидо кардани хуни тоҷикҳо ва сойири ақвоми таҳти ситамро ба ҷойгоҳи рафеъ нишонда буд”.

Ӯ аз доктор Абдуллоҳ ба унвони муомилагар ном бурда, таъкид мекунад, миллати тоҷик бояд ба найрангҳои ин одам пай мебурд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Юсуф
оқои Латифаи Падарам э бубахшед Латифи Педром комилан дуруст таҳлил кардаанд. Боз ҳам бар ин миллат хиёнат шуд!

Чамолиддин
огои Латифи Пидром, ин хама вакт кучо будед, ки баъди тавофуки номзадхо изхорот медихед, акнун точикони Афгонистон илоче надоранд ба чузъ мунтазири фурсати дигари таърихи шудан. Ва "Фарвардинмох"-атро навха кунанд бароят;
На умед баста будам,
На умед канда будам,
ки паёме аз ту омад,
Хама чон садо кашидам,
КИ МАГАР ХАНУЗ ХАСТИ...................

Доктор (аз овардани ин калимаи мукаддас ба ин одам забонам мегардад) Абдуллоро на балки худ, хатто киёфааш точикона нест. Ана акнун маълум шуд, ки Ахмади Зоир, Ахмадшохи Масъуд, Бурхониддин Раббонй, маршал Фахим ва дигар сарсупурдахои миллати точикро дар Хуросони Бузург (Афгонистон-афгон гуфтанй миллат нест) барои ахдофи сиёсии як кавми чанггаррои шайтонмичоз - ПАШТУ кй аз рохи сиёсат берун мекардааст. Сад дар сад Абдулатифи Пидром рост мегуяд, ба ин бозингарихои Абдуллою Ашраф Ганй. Онхо (Карзай, Абдуллою Ашрафганй, ИМА, НАТО, Узбакистон, шиамазхабон ва дигар душманони исломи хакикй) аз киёми точикон бо сарварии Устод Ато тарсида, ба ин максад омаданд.

хама хам подшох мешудаст да. афташи ашрафганиро мебинй дилат бехузур мешавад

Шарифчон
Шояд ту бехтар донИ. окои Пидром, аммо ба андешаи ман, хануз ба сари кудрати асоси омадани кавми точик дар Афгонистон наомадааст. Бигузор Ахмадзай бо толибони паштунаш худ бичангад. Курсихои калиди дар ин кишвар дар дасти точикхост. Худо накунад, ки хамаатонро чун шахид Масъуду устод раббони ва дигархо бикушанд. Сиёсатмадор дурандеш бошед, ба эхсосот дода нашавед. Он ки устод Раббониро барканор карданду Карзаи толибро ба чояш монданд, хатои бузург буд. Аз мост, ки бар мост!

Саид
Хуросоншинос барои иттилои шумо менависем, ки Ахмад Зохир хам пашту буд факат ба забони ноби дари форси месуруд

Точикзар
Устод Латифи Пидром сад дар сад рост мегуяд.Ормонхои миллиеро,ки устод Рабони ва Ахмадшохи Масъуд доштанд аввалан русхо ва узбакхо тарки чанги точиккуш ба нести бурданд ,

Фарух
Мо як миллати соддаву нодонем, корамон ба сиёсат чи? Чонамонро барои хилагарон сарф мекунему намедонем, ки ин бар зарари худ аст. Бехтараш аз раксу бози намонем.

оқои Латифи Пидаром бубахшед Шумо дар кучо то хамин вакт будед е вакти худро ба чудо кардани халки точик ба избхои ГУРЗАНГУ дигар занг..... Шумо аки гап надоред

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)