Бахшҳо

Тоҷикро ба зону шинонданд? Вокунишҳо ба ҳайкал дар Маскав

Азми Департаменти мероси фарҳангии Маскав барои насби ҳайкали муҳоҷири тоҷик миёни корбарони сомонаи “Озодагон” вокунишҳои зиддунақизро ба миён овард. Бархе агар ин иқдоми мақомоти русро мисоли ибрат барои зимомдорони тоҷик хондаанд, қисми дигар онро паст задани номи миллат ва “ба зону шинондани тоҷикон” арзёбӣ кардаанд.

Як хонандаи “Озодагон”, ки худро "тоҷики кӯҳистонӣ" муаррифӣ кардааст, ин ҳайкалро, ки аз як коргари оддии тоҷик, зимни санггузорӣ дар роҳравҳои Маскав иборат хоҳад буд, як “шармандагӣ” унвон кардааст: “Ана шармандагӣ. Бе ҳамин ҳам дар тамоми ҳайкалҳое, ки дар Маскав ва дигар қисмҳои Шӯравии собиқ монда шудаанд тоҷикон бо кетману бел истодаанд (намояндагони дигар ҷумҳуриҳо бо яроқ ва лавозимоти илмӣ). Акнун тоҷики қаламкашу шамшерзан, бо сари баланди пурғурурро ба зону шинонданд дар кишвари бегона. Войи мо, ки ғурурамонро аз даст додаем. Войи мову войи миллати мову войи ояндагонамон, ки барояшон чизе намондем. Мо ку аз пешиниёни худ чизеро гирифтем, ки каме бо он фахр кардем, вале акнун?... Эй кош чун қафқозиҳо дузду роҳзан мешудему каме боғурур. Ин хабаре нест, ки мо бо он фахр кунем ва ё хурсандӣ.”

Аммо “Пеле”, корбари дигари “Озодагон” сохтмончиро, як касби бонуфуз хонда, афзудааст, ки шарт нест, ҳайкали марди тоҷикро бо яроқ ё қаламу китоб гузоранд: “Аз яроқдор чӣ фоида расидааст, ё аз ҳамон шоиру нависанда? Сохтмончӣ биноҳои баланд месозад, шаҳрҳоро обод мекунад, ки мову шумо барин одамҳо дар он зиндагӣ мекунанд.”

Хонандаи дигари “Озодагон”--“Марадона” бо “Пеле” розӣ нест ва чунин иҳори ақида кардааст, “барои Шумо сухане гуфтан дар бораи мафкура (подсознание), ки мардумро бо он асрҳо мешиносанд беҳуда аст. Фарз кардем, ки тамоми Маскавро сохтем, аммо дар он кӣ зиндагӣ мекунад? Нафароне, ки дар он хонаҳо зиндагонӣ ва ё кор мекунанд, ману шуморо бо мондани ин ҳайкал ҳурмат мекунанд? На! Ҳаргиз! Зеро ҳайкали мо чунин гузошта шудааст, ки мо дар назди инҳо ба зону задаем. Ва маънои ин ҳайкал танҳо сохтмончӣ ва изҳори сипоси мардуми Маскав нест. Маънояш ин аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба зону задааст, дар назди мардуми он кишвару гадоӣ мекунад, илтиҷо мекунад, ки маро дастгирӣ намоед. Аз ин бояд шуруъ кард!”

“Асрор”, як шарҳнависи дигари “Озодагон” ин иқдоми бегонагонро мисоли ибрат барои мақомоти тоҷик хондааст, чун тамоми Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирон нон мехурад: “Бегонагон ҳайкал мегузоранду мо, ки аз ранҷи онҳо зиндагӣ мекунем, билета қиммат мекунем.”

“Писари муҳоҷир” низ барои ин иқдом ба раҳбарияти Маскав изҳори миннатдорӣ карда, изҳори боварӣ намудааст, ки “агар Русия намешуд, бо ин аҳволи ҳукуматдорӣ 90 фоизи миллати тоҷик гадо шуда, аз байн мерафт.”

“Муҳоҷир”, корбари дигари “Озодагон” низ аз он нигарон аст, ки мабодо ин ҳайкали муҳоҷири меҳнатии тоҷик боиси махсара дар байни муҳоҷирони дигару сокинони маҳаллӣ гардад.

Ин назарҳо дар ҳолеянд, ки Департаменти мероси фарҳангии Маскав қарор кардааст, дар маҳаллаи маъруф ба ВДНХ барои муҳоҷири тоҷик ҳайкал гузорад. Тибқи иттилои ин ниҳод, қарор ба хотири арҷгузорӣ ба меҳнат ва саҳми тоҷикон дар ободии Маскав қабул шуда, ташаббускорони асосии он сокинони муқими Маскав будаанд. Лоиҳаи ин ҳайкал, ки аллакай дар Галлерияи санъати Зураб Серетели таҳия шудааст, як коргари оддии тоҷикро дар бар мегирад, ки дар роҳрави Маскав ба санггузорӣ машғул аст.

ШУМО метавонед, назари худро ба ин иқдоми мақомоти Маскав дар зери ин матлаб нашр кунед.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ИН ГУНА ХАЙКАЛГУЗОРИ ЯК ШАРМАНДАГИСТ, ТОЧИК ЯКУМРИ ЧЕРНОРАБОЧИЙ НЕСТКУ, ЧИ МОРО МАСХАРА МЕКУНАНД МАГАР. МУМКИН НОМИ ИН ХАЙКАЛРО ЧАМШУДУ РАВШУД МЕМОНДАГИСТАНД.КОНСУЛХО ЧИ КОР КАРДА ИСТОДААНД, БАРОИ ЧИ ВОКУНИШ НАМЕКУНАНД, Е ЗАБОНИ РУСИРО ХОНДА ВА Е НАВИШТА НАМЕТАВОНАНД, ЯГОН РУСИДОНРО БА НАЗДИ АШРАФ ГУЛОВ ФИРИСТЕД ТО БА У ФАХМОНАНД КИ ЧИ КОР БОЯД КАРД.

Аслидин
Хеле мавзуъи ачоибро руйи нашр овардед.Агар хукуматдор Маскав инро ба хотири хизматхои мухочирон карда бошад оллист.Агар ба хотири масхара кардан бошад ин хеле аламовар аст.Бовар кунед точик худ ягон заррае кадр надорад дар ин шахри рус фикр мекунам ин аз руйи бадбини чунин хайкалсози мекунанд...

мухочир
хуб мешуд хайкали сафир ва кормандони сафоратхонаро мегузоштанд, барои чи онхо хомушанд ва акалан оиди хамин хайкалсозии русхо ягон шархе диханд, ё ин ки онхоро ба ин коре нест. Озодагон илтимос аз сафир оиди ин холат бозпурси менамудед хуб мешуд. Ба фикрам онхо ягон вокуниш нишон намедиханд, лекин ба хар хол

Миллатдуст
Шахсан ман бар зиди гузоштани ин хайкал мебошам.Агар арчгузори сокинони Маскав ба мехнати мухочирони точик чунин бошад,бигузор аз ин худдори намоянд. Ин як сафсатае беш нест.Бояд гуфт,ки гурури милли аз хама манфиатхои иктисоди,ичтимои,идеологи боло меистад.Вакте,ки мо ин номусро аз инхо боло донистем,мо шикастнопазирем!

INO LILOH VA INNA ILAIHI ROJIUN!
BAROI CHI BAAZE FARZANDONI SHARMANDAI IN MILLATI DAR HOLE, KI MOENRO TAHKIR VA TAVHIN MEKUNAND BO KAMOLI KHURSANDI IN IKDOMI DUSHMANONI MILLATI TOJIKRO KABUL MEKUNAND????
BAAZEHOYASHON HAMCHUN YAK MUZHDA KABUL MEKUNAND VA IFTIKHORHAM AZ IN MEKUNAND?
EY SHARMANDAHO HAMAI MOVU SHUMO MEDONEM, KI DAR KORHOI SOKHTMONU SOZANDAGII IN DAVLATI RUSSIEH DIGAR MILLATHO NIZ ISHTIROK MEKUNAND BA MONANDI (GURJIHO, ARMANIHOI SHAITON, UZBAKHO,KIRGIZHO,MOLDAVHO,UKRAINHO) INRO BIDONED, KI AGAR GUZOSHTANI IN HAIKAL MOYAI FAKHR MEBUD IN HAKALRO BAROI MUHOJIRI ARMANIYU, UKRAINIYU, GURJI MEGUZOSHTAND VA BA MO HAM NAMERASID.
BAROI CHI HAIKALSOZI NOMDORI GURJI OGHOI CERATILE HAIKALI MUHOJIRI MUHOJIRI GURJIRO NAMEGUZORADU HAIKALI MUHOJIRI TOJIKRO MEGUZORAD?/
AGAR IN KOR OBU RUYU MARTABAI MILLATRO MEBARDOSHT HATMAN IN OGHO HAIKALI MUHOJIRI GURJIRO MEGUZOSHT!!!!!!!!!!!!!
KARIB, KI 90% ROHHOI RUSIEHRO ARMANIHO ZHULIK MESOZAND, PAS BAROI CHI HAIKALI MUHOJIRI BINIDAROZI ARMANIRO DAR MOSKAV NAMEGUZORAND?
AGAR IN BESHARAFON IN KORRO KUNAND MAN NIZ HAIKALI YAK RUSI MAIZADARO DAR DUSHANBE BO SHISHAI SHAROBASH MESOZAM VA MEGUZORAM!!!
BIGZOR BAADI 1-SOAT SHAHRDORII MO ONRO TAKHRIB KUNAD HAM MAN KARZI SHAHRVANDII KHUDAMRO ADO KHOHAM KARD.
KUJO SHUDN ON ZIEIENI, KI UNVONHOI TUHMATIRO SOHIB SHUDAAND????
BAROI CHI DIFO AZ MILLATASHON NAMEKUNAND???
KUJO SHUD ON RUZNOMANIGORONI MILLATDUST????
BA HARKASE, KI IN IKDOMRO DASTGIRI MEKUNAD GUFTANIAM UF BAR SHUMO, TUF BAR SHUMO.
OZODAGON AGAR TOJIKIYU HUVVIYATI MILLI DORI DARDI DILI BANDARO BE KAMU KOST CHOP KUN.
TASHAKUR!

"Озодагон" - мафкура дар забони руси маънои "мировозрение" дорад, на "подсознание".

Зиндаги
Ин нишонаи сипоси мардуми рус нисбати коргар.Ахсан

Эхх, кани фахри миллат??? Миллати точик бе кадр шуд!!!

Точики точдор гуломи русхо ахсан.

На бояд ин ҳайкал гузошта шавад.Ин ҳайкал қомати моро ва насли баъдинаи моро хоҳад шикаст!
Дар равоншиносӣ мегуянд,агар тифлро мутмаин сохтӣ,ки ӯ ба чизе қодир нест ё аз уҳдае коре баромада наметавонад,ту руҳан уро шикстаи,ки мағзи у дигар бардошти ҳеҷ гуна баландиро надорад ва танҳо поён меравад то ба ҳадди маъюсӣ расад.

Dev
Hususan dar Rusiya , muhojiri tojik oromu sarham sari kor ast, nisbati muhojironi digar millatho pas agar dar Rusiya ba muhojir hajkal monda shavad , albatta vaj hajkali tojik boyad boshad.Vale jomeai rus na demokratiandu na toleranzi dar onho dida meshavad, pas in hajkale,ki holo mondaniand namondanashon behtar. In hajkalmonii rusho az didi neku az kalbi odami nest , in yak kadami sun"ist pas az nushidanhoi behisob...

пр
Ин вокеият аст. Чи шумо мехохед точикро бо ручка дар даст дар сари компьютер хайкал кунанд?

Шукр кунед, ки дар дасташ чоруб не, мастерок додаанд.

ШАНС
Ин вокеъият нест шумо мардумро ба чунин руз овардед боз шукрона мекунед, ки чоруб нею мастерок дар даст дорад. Номус дар кор

Точикпараст
Чанд руз пештар тарики барномаи "Поля Чудес" як узбаки безебруи Точикистон Турсунов худро аз Точикистон муаррифи намуда,ба Якубовскый токии чусти пушонида,ба у чорубри рохрубии Санг-Петербургро такдим кард.Ин узбак бо руси саводи казои надошт,маълум мешавад,ки у тарики сиёси ба ин барнома,бо максади тахкири точик рох ёфтааст.Аз ин ру гузоштани ин хайкал шармандагии точик аст.Ногуфта намонад,ки хукумати бесаводи болшевекии Точикистон,ки бо катли оми точик бо танку туби узбаку рус ворид душанбе гаштааст дар назди русхо ва идеяи онхо идеяи империяи Руссияи православи ягон зарра обуру надорад.Инро тамоми чахон ва зиёиёни боакли точик медонанд.Дар вакташ ба ду майдон гуфтем:Чанг накунед,ин чангро русу узбак ташкил дорад,тез як майдон шавед то русу узбак назди вахдати миллии точикон ба зону афтанд мутаасифона болшевикони саропо бесаводи мансабпараст ва муллову демократхои соддаи дур аз макру хияли сиёсат чизеро нафавмиданд!Таачубовараш он аст,ки то хануз сабабхои чанги точиккуш ба ахоли фахмонида нашуда,як тарафи точиккуш,ки чун болшевик бо тиру тупи узбаку рус точик мекуш худро химоягари сохти конститутсиони шуморида,ба номи Файзалии гайриточики бесаводу точиккуш ва объекти истифодаи ГРУ-и Руссия хочагиеро номгузори кардааст.Вахдат ва худшиносии милли ба вучуд оварда нашудааст!


.
ШАНС,

Номус ба шумо даркор аст: мард шавед, босавод шавед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)