Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:55

Корпартоии оммавӣ дар корхонаи заршӯии «Зарафшон»-и Панҷакент

12 сентябр 2011, 03:48

Ҳудуди 2000 нафар коргари корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой-«Зарафшон» даст ба корпартоии оммавӣ заданд.


Ин иқдом аз сабаби паст будани моаш ва ҷорӣ намудани системаи нави пардохти маош, ки барои Тоҷикистон бегона аст, аз сар гирифта шудааст. Тавре як манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад ва шоҳиди корпартоии мазкур аст, ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ дод: «Дар ин корхона чиниҳо аз ду ҳазор доллар зиёдтар маош мегиранд, аммо ба коргарони маҳаллӣ (тоҷикистониён) 70-80 доллар ҳақмузд медиҳанд, ки ин боиси эътисоби онҳо шудааст».

Номбурда афзуд, системае, ки ҳоло за рӯи он ба коргарони таҳҷоӣ маош медиҳанд, ба кодекси меҳнати Тоҷикистон муғойир аст. Бино ба маълумоти манбаъ, президент Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл зимни мулоқоташ бо масъулини ин корхона супориш дода будааст, ки маоши коргаронро  боло бардоранд, аммо ин супориши райисҷумҳур то имрӯз ба ҳолати иҷро надаромадааст. «Дар ин корхона чанд тан аз кормандони боломақомаш нафақахӯр мебошанд ва гузашта аз ин дар он ҷо ошнобозӣ ва ришвахӯрӣ низ сахт реша давондааст»,- афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!