Бахшҳо

Таъхири бозгашти Бозор Собир ба Тоҷикистон: Чаро?

Бозгашти Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик ба Тоҷикистон, ки даҳаи дуюми моҳи сентябр дар назар буд ба таъхир афтодааст. Ин шоир, ки соли гузашта баъди 19 соли ҳиҷрат дар Русияву Амрико ба Ватан баргашт, аввали моҳи июни соли равон дигарбора озими Амрико гардид ва гуфта мешуд, ки ҳамагӣ барои чанд рӯз барои хабаргирии фарзандону наберагонаш рафтааст.

Низом Қосим,
вакили парлумон, шоир ва яке аз дӯстони Бозор Собир, дар сӯҳбат бо “Озодагон” хабари таъхири бозгашти Бозор Собирро тасдиқ карда, афзуд, ки он ба масоили хонаводагияш марбут аст: “Зимни як тамос ба ман гуфтанд, ки баъди ҳалли масоили хонаводагияшон талош мекунанд, ҳар чӣ зудтар ба Тоҷикистон баргарданд. Устод рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меоянд."

Мусоҳиби “Озодагон” гуфт, “овоза дар бораи дигарбора тарки Тоҷикистон намудани Бозор Собир дуруст нест.”

Ин дар ҳолест, ки Бозор Собир баъд аз 19 соли ҳиҷрат дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли 2013, ба Ватан баргашта буд ва изҳор дошт, ки ин бозгашти ӯ барои ҳамеша аст.

Бозор Собир аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеърии ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст. Оқои Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли гузашта, ба кишвар омад ва дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекард. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд.

Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст.
Мӯҳр
Аслидин
Хичка ждат надора ин набиёя хам мешавад.Чун мебиёяву боз озодию истеъфо гуфта мегарда мисли солхои 90-уми асри гузашта.Братан Бозор лучший хдта гам нате Душанбе не твоя места

Хестен ки ховен. И Бозортон на гап дораву на присип ва на мехри Ватан. Ягон Дядя Сем ягон медалш ваъда кардааст албат.

99
Bozorboy-ako! Rostasha gum-mmi?
Hay pushaymon shudagisted-de, az kori karageton!

фирдавс
Позитсияи хамин шоирро нафахмидам: як вакт Ленин ганда мегуфт, хозир бошад Ссср хуб, як вакт амрико хуб, як вакт ганда, як вакт Эрон хуб як вакт хуб.

Dev
фирдавс,
Tojikoni rushanfikr , hama dar intizori shoiri Tojikistonand. Baroi fahmidani Bozor Sobir , akalan hudshinos meboyad bud...

Миллат
Ин одам барои ман дигар як танга кадр надорад. Меояд, меравад, ба паси калам.

Абдулло
хас КАМ ТОҶИКИСТОН ПОК

бббббббб
Номаш ба рафтораш мувофик Бозор

vor
И мардак ранги Жириновски будасте.

КУЛОБИ
ЯГОНА ШОИРИ , БУЗУРГИ ТОЧИК МОНДААСТ БА КАДРИ УСТОД ЛОИК НАРАСИДЕМ ИЛТИМОС НИСБАТИ ИН МАРДИ БУЗУРГ ГАПХОИ ДАГАЛ НАГУЕД БУЗУРГОН БАЪЗАН ФАВКУЛОДАГИ (СТРАННОСТЬ) ДОРАНД ДАР МО ЯК БЕМОРИИ СИРОЯТИИ НАВ ХУДБАДБИНИ ПАЙДО ШУДААСТ ТАБОБАТ КУНЕД

Чавоб ба КУЛОБИ (якин у кулобй нест, агар аз суханони Бозор Собир дар майдони Шахидон маълумот медоштй, чунин намегуфтй) ва илхом аз хикояи "Бахор"-и Хаким Карим (ба навиштахо ва шахсияти Хаким Карим арч мегузорем) ва зиндагии пахну пареш ва сухану шеърхои по дар хавои Бозор Собир.
Тирамох! Чу шуд мавсими хосилгундорй. Биё Бозор ба бозор!
Аё ай Бозор! Ки ман муштоки ту гаштам, ки созам назм зиндагии ту! Низомам (Низом Косим) ман ки афсус ман надорам сабру натонистам назми ту.
Ба мисли хазрати Билол хонам шеъри ту аз манору касру кушкхо ман! Чу Кул (Саидкул Билол) гаштам ба ту содик.
Ибодат мекунам бар шери ту. Манам Машраби девона (Ибодулло Машрабов) дар фирокат, биё Бозор, ки битасбадам бозор! Озодагон, чоп хам накунй дар архиват мон. Барои рузи мабодо.

Э "кулоби"-фабрикаи чавоби Бособир. Шоир ва мутафаккири бузурги имрузи точик Муъмин Каноат аст. Дар инсону одамгарй, донишу фахмиш, бо кувваи хофизаи худододй ва махорати суханварй Муъминшох дарёест. Кадри ин одамро бояд донист,

Ч
И марак фикр кадки давлати мо хуб пеш рафтост неки омада дид ай соли 91 бадтар шияс и обратно гашта рафт!!! Дилш совсем монд!!!

Хучанд
Чарои ин кадар суханони нозеб дар хакки Бозор мекунед. Бозорро Президентамон бозпас ба ватан баргардонд. Президент, ки уро бахшид, мо чи хакки сухан дорем.

Точик
Ин Шахс аввал ин ки лоики дубора ба мамлакате ки демократи асту у хидди ин низом буд баргаштанро надорад.бигзор Аз думи ленину сталинаш равад кучое мехохад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)