Бахшҳо
12 сен 2011 06:03Гузориш

«Ҳосили рекордӣ»-и нашъа ва «дом» барои онҳо

Зарур аст, ки аз шимоли Афғонистон қувваҳои низомии Тоҷикистон, аз шарқ Покистон ва аз ҷануб қӯшуни ҳарбӣ ва пулиси афғонро алайҳи нашъакорону нашъаҷаллобон истифода барем


Пулиси мубориза алайҳи маводи нашъадори федератсияи Русия эълом доштааст, ки имсол амалиёти густурдаеро дар ҷумҳурии Афонистон дар амри ҷилавгирӣ аз ин «падида» ба анҷом мерасонад. Виктор Иванов, сардори идораи давлатии назорат аз болои маводи нашъадори ҷумҳурии Русия, дар як ҳамойиш дар шаҳри Кобул афзудааст, аммо ба пуррагӣ нобуд намудани ин «вабо»-и асри 21 заҳмату ранҷи чандинсоларо тақозо мекунад. Ба андешаи Иванов, аз замони мустақар шудани нерӯҳои низомии ИМА ва НАТО дар Афғонистон, қочоқчиён ва ё ба истилоҳ нашъаҷаллобон  беш аз 10-триллион доллари амрикоӣ фоидаи соф ба даст овардаанд, истеҳсоли афюн бошад,дар ин муддат 10-ҳо маротиба афзоиш ёфтааст.

«Пули сурх»: Макони марги сиёҳ

Иванов гуфт, дар Афғонистон як пули машҳур  бо номи Пули Сурх мавҷуд аст, ки ҳамарӯза зери он даҳҳо нафар аз нашъамандоне, ки дигар пули сиёҳе дар ҷайб надоранду барояшон дигар зиндагӣ маъное надорад, ҷамъ омада, ба воситаи сӯзандору ба ҷисмашон ҳероин ворид мекунанд. Гуфта мешавад, аксари  эшон дар зери ҳамин пул бо ҳаёт падруд мегӯянд. Ба иқрори мардуми бумӣ, ин ҷо, дар Афғонистон  1-дозаи ҳероин ҳамагӣ 2-3-доллар қиммат дораду мӯътодон ин беморӣ афзудан мегиранд ва истеъмолкунандагонашро баъди 2-3-ҳафтаи «кайф» ба ҳалокат мерасонад. Бино ба гуфтаи «сокинон»-и таги Пули Сурх, ин ҷо на танҳо афғонҳо, балки ирониву покистониҳо ва «миҷоз»-они дигари нашъаманд низ омада маскан гирифтаанд. Ба иқрори ин нашъамандон, ҳолатҳои ба ҳалокат расидани нашъамандони таги Пули Сурх зиёд ба мушоҳида мерасад.

Тайи 10-соле, ки ҷангиёни  амрикоиву ҳампаймонҳои онҳо аз Аврупо ба Афғонистон «ташриф» овардаанд, иқтисодиёти давлати исломӣ ва бахши кишоварзӣ дигар дар як ҷо пой мекӯбад. Дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои калонтарини мамлакат ҳадди аққал метавон бо кадом ҳунаре зиндагӣ карду рӯз гузаронид. Вале дар рустову устонҳои дурафтода ва кӯҳистони ин кишвар, ки аксаран замин моликияти қумондонҳои ҷангӣ ба ҳисоб меравад, деҳқонҳо дигар ба сифати ғулом аз ҷониби ин қумондонҳо дар заминҳои кишти афюн истифода бурда мешаванд ва тақрибан бемузду ройгон.

Ба андешаи Виктор Иванов ва дигар ширкатдорони ҳамойиши вижа ҳам, истилоҳи «дар Афғонистон барои деҳқон аз гандуму зироати дигари кишоварзӣ дида, афюн фоидаовартар аст», дурӯғи маҳз аст, ки аз ин «судхӯрҳо» истифода мекунанд. Масъулин ба ин боваранд, ки ҳар чӣ зудтар ва дар якҷоягӣ сари роҳи онҳоеро, ки заминашонро барои кишти афюн ба кор мебаранд, бояд гирифт ва ҳатман дар заминҳо кишти зироати кишоварзиро ба роҳ монд, то ҳам пеши роҳи истеҳсоли маводи мухаддира гирифта шаваду ва ҳам деҳқон фоидаи зиёдтар ба даст оварад ва сатҳи зиндагонии мардум баланд гардад.

Бояд гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон  дар майдони 130-ҳазор гектар афюн парвариш меёбад.  Агарчӣ пулиси афғонӣ ҳамасола 3-4-ҳазор гектар аз ин заминҳоро мусодира ва нобуд месозад, аммо ҳамоно тиҷорати маводи мухаддир ҳеҷ не, ки коҳиш ёбад. Тибқи омори ғайрирасмӣ, соли 2011-ум нашъакорон ба миқдори беш аз 6-ҳазор тонна афюн истеҳсол карданианд. Қисмати зиёди он ба Русия ва Аврупо интиқол меёбад ва аз он ҷо ба дигар мамолик. Дар ҳамин ҳол, Кобули феълӣ гуфтааст, ки дар алоҳидагӣ қудрати барҳам задани ин аламро надорад.

Дом

Виктор Иванов дар пойини конфронси байнулмилалӣ эълом дошт, ки барои ҷилавгирӣ ва барҳам задани истеҳсоли маводи мухаддира зарур аст, ки аз шимоли Афғонистон қувваҳои низомии Тоҷикистон, аз шарқ Покистон ва аз ҷануб қӯшуни ҳарбӣ ва пулиси афғонро алайҳи нашъакорону нашъаҷаллобон истифода барем. «Дар ин сурат, як доме барои қочоқчиёни нашъа омода мегардад, ки барои маҳви онҳо заминаи мусоидро фароҳам меорад»,- хулоса кардаанд, коршиносони соҳа.

Аслиддин Достиев {jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)