Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:24

«Ҳомиён» киро пантуркист мекунад?

12 сентябр 2011, 06:57

Гурӯҳе аз соҳибназарон  бар ин боваранд, ки студияи «Ҳамсадо» бо филмҳои тарҷумакардааш теша ба решаи миллат мезанад. Аммо корманди ин студия мегӯяд, моро танқид мекунанд, ки мо ин корро махсус барои пул кор кардан мекунем. Агар мақсади мо пул кор кардан мебуд, мо филмҳоеро мегирифтем, ки ба маданияти мо номувофиқ буд.


Студияи «Ҳамсадо»  эълон дошт, ки панҷ нафар аз ҳунармандони силсилафилми «Ҳомиён»-ро бо интихоби мухлисон ба Тоҷикистон даъват ҳоҳад кард. Ба ин муносибат дар толори бузурги кохи «Борбад» шоу-барномаеро бо унвони «Истиқлол» низ баргузор карданианд. Хабари омад-омади панҷ нафар аз хунармандони филми «Ҳомиён» аз ҷумла Йигит, Ҳалима, Наҷиб-сардор, Мемду ва Хайрӣ ба Тоҷикистон баҳсҳоро атрофи филмҳои туркӣ ва мӯҳтавои онҳову рисолаташон  зиёд кард. Оё ин филмҳо дар ҳақиқат филмҳои ахлоқиву тарбиявианд ё филмҳои зӯроварию хушунат? Ин филмҳо ба тафаккури миллати тоҷик чӣ зарар доранд? Ин суолҳоеанд, ки посухи худро аз масъулин интизоранд.

Студияи «Ҳамсадо»: Мақсади мо пул кор кардан нест!

Студияи «Ҳамсадо» дар Тоҷикистон яке аз аввалин студияҳое мебошад, ки ба тарҷумаи филмҳои туркӣ оғоз кард ва метавон гуфт, ки то ҷое муваффақ ҳам шуд. Гурӯҳе аз соҳибназарон  бар ин боваранд, ки студияи «Ҳамсадо» бо филмҳои тарҷумакардааш  теша ба решаи миллат мезанад. Корманди студияи мазкур, ҳамзамон коргардони ин филм дар сӯҳбат бо мо гуфт, имрӯзҳо моро зиёд танқид мекунанд, ки чаро филмҳои туркиро тарҷума кардем. Бархеи дигар бар ин назаранд, ки мо ин корро махсус барои пул кор кардан мекунем. Агар мақсади мо пул кор кардан мебуд, мо филмҳоеро мегирифтем, ки ба маданияти мо номувофиқ буд. Мисли ҳамсоякишварамон Ӯзбакистон филмҳоеро тарҷума мекардем, ки дар онхо амалҳои ғайриахлоқӣ зиёд ба назар мерасанд. Филмҳои тарҷума кардаи мо аслан дар худ амалҳои фаҳшонӣ ва зӯроварӣ надоранд. Баръакс, филмҳои мо чӣ гуна дӯст доштани ватан ва дар ин роҳ чӣ гуна ранҷ кашиданро нишон медиҳад. То куҷо дуруст будани суханони ин корманди студияи «Ҳамсадо»-ро ба қазовати хонанда ва тамошобинони филмҳои туркӣ мегузорем. Вале иқрор бояд шуд, ки филмҳои турки имруз тавонистанд дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намоянд. Аз мушоҳидаҳо байни мардум ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки онҳо филмҳои туркиро болотар аз филмҳои русиву узбекиву ҳиндӣ медонанд ва ҳар қисмати тарҷумашудаи ин филмҳоро интизоранд. Мухлисони филм мегӯянд, ки тарҷумаи ин филмҳо дар ҳақиқат хеле олӣ аст ва ба шукӯҳи филм шукӯҳ зам мекунад.

Кинои тоҷик: «Аз мурдаҳо хам мурдатар»

Аммо коршиноси дигаре, ки нахост номаш ифшо шавад дар як сӯҳбати худ     изҳор дошт, ки дар филмҳои туркӣ ваҳшоният ҷой дорад. Яъне чӣ гуна ба қатл расонидани инсонро сароҳатан нишон медиҳанд, ки ин ба тафаккури аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон бетаъсир намемонад. Саволе ин ҷо ба миён меояд, ки сабаби ба тезӣ паҳн шудани филмҳои туркӣ дар Тоҷикистон дар чӣ аст? Ё чаро филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон наметавонанд, дар хориҷа куҷо, аққалан дар ҷомеаи Тоҷикистон мавқеи худро пайдо кунанд?
Таҳлилгарон дар ин бора назарҳои гуногун доранд. Аз ҷумла коршиноси соҳаи кино ва ҳамчунин коргардон Далер Раҳматов мегӯяд, сабаби асосии қафомонии кинои точик ин нарасидани кадрҳои баландихтисос  дар ин соҳа мебошад. Мутаассифона, кадрҳое, ки дар Тоҷикистон тайёр мешаванд ба талабот чавоб дода наметавонанд. Илова бар ин имрӯзҳо дар донишгоҳҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон дар соҳаи кино кам нафарон таҳсил мекунанд. Бе набудани мутахассисон мо наметавонем, ин соҳаро пеш барем. Зеро ин соҳа кори ҷиддиро меҳоҳад, на кори таваккалиро. Барои пеш бурдани соҳаи кино мо бояд дар мадди аввал ба тайёр намудани мутахассисони хуб диққат дихем. Зарур аст, мавзӯъҳоеро интихоб намоем, ки ба мардум наздик бошанд то онҳоро ҷомеъа хуш кабул намояд.
Коргардони дигари тоҷик Носир Сайид, ки филми «Қиёми рӯз» моли ӯст мегӯяд,   дар ҳоли ҳозир мутаассифона дар кинои тоҷик мавзӯъҳоеро мегиранд, ки ба халқ наздик нестанд. Имрӯзҳо дар байни коргардонхои тоҷик чунин ақидаи нодуруст мавҷуд аст, ки агар дар филм артистони машҳур нақш офаранд, филми онҳо машҳур мешаваду онҳо фиттаҳои филмро зиёд мефӯрушанд. Инро бошад, онҳо барои худ муваффақият меҳисобанд. Носир Саидов мегӯяд зарур аст, мавзӯъҳоеро интихоб намоем,ки ба мардум наздик бошанд, то онҳоро мардум хуш қабул намояд. Сабаби асосии ба тезӣ паҳн шудани филмҳои туркиро дар Тоҷикистон Носир Саидов дар холӣ будани бозор медонад. Ӯ мегӯяд ,мардум чизеро тамошо бояд кунад ва чун мебинад, ки хостаҳои худро аз филмҳои тоҷикӣ дарнаёфт, рӯй меорад ба филмҳои туркиву дигар филмҳои хориҷӣ.

Муллораҷаб Юсуфӣ{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
пул кор кардан

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!