Бахшҳо

Роҳбарияти корхонаи заршӯии «Зарафшон» найрангбозӣ мекардаанд

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, кормандони корхонаи заршӯии «Зарафшон» бо нишони эътироз аз шеваи кор ва роҳбарии нодурусти масъулини ин коргоҳ даст ба корпартоӣ заданд.


Турсуналӣ Мирзоалиев, таъмиргари таҷҳизоти ин муассиса ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар шарҳи қазияи мазкур гуфт: «Чанд моҳ аст, ки масъулини коргоҳ ваъдаи боло бардоштани ҳақмуздро медиҳанд, аммо ба ин ваъдаи худ вафо намекунанд». Мирзоалиев илова кард, ки дар моҳи июл худуди 780 сомонӣ моҳона гирифтааст, аммо дар моҳи август ҳаққулзаҳматаш то 550 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

 

Номбурда мегӯяд, аз ин рафтори бемасъулиятонаи роҳбарияти коргоҳ онҳо ба мақомотхои қудратӣ ва аз ҷумла ба додситонии ноҳия шикоят бурдаанд, аммо касе то ин ҳол ба доди онҳо нарасидааст. Субҳи имрӯз аксари кормандони коргоҳ бо нишони эътироз аз масъулини коргоҳ хостаанд, ки ба ваъдаҳои худ вафо карда, маоши кормандонро боло баранд, аммо масъулин то ҳанӯз посух надодаанд.  Эътирози кормандони корхонаи «Зарафшон» дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл, ҷумҳурии Тоҷикистон 20 солагии истиқлолиятро таҷлил карда, тантанаҳои идона ҳоло ҳам дар бархе манотиқ идома дорад.

Ёдрас менамоем, «Зарафшон» аз корхонаҳои маъруфи тавлидкунандаи тилло дар Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳоло дар якҷоягӣ бо мутахассисони чиниву ватанӣ фаъолият мекунад. Тибқи иттилои расмӣ 75 дарсади истеҳсоли маҳсулоти коргоҳ дар ихтиёри хитоиҳо ва танҳо 25 дарсади ҳаҷми истеҳсоли он ба Тоҷикистон мансуб аст.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)