Бахшҳо

Депутати узбак: Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад

Пулод Охунов, вакили пешини Шӯрои олии СССР зимни суханронӣ дар нишасти Варшава пешниҳод кардааст, ба забони тоҷикӣ дар Узбакистон мақоми давлатӣ дода шавад.

Ӯ дар ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар мавриди “Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Узбакистон” суҳбат карда, изҳор доштааст, сиёсати забонӣ метавонад Узбакистонро дар ростои расидан ба озодӣ ва баробарҳуқуқӣ кумак кунад. “Ҳамаи мо медонем, ки забон дар ҷомеа чӣ нақши бузург дорад. Сиёсати забонии одилонаи кишвар ба якпорчагии ҷомеа мусоидат мекунад, дар сурати ғайр роҳро ба кашмакашҳои пинҳон ҳамвор мекунад. Риояи ҳуқуқи инсон талаб мекунад, ки ҳамаи гуруҳҳои қавмӣ аз забони худ истифода кунанд”,-афзудааст раҳбари Анҷумани Осиёи Марказӣ (Association Central Asia).

Дар идома ҷаноби Охунов гуфтааст, “фурсат хеле муносиб аст, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кунам, ки имконияти додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ дар Узбакистонро баррасӣ кунанд. Гӯяндагони забони тоҷикӣ мардуми бумии Узбакистони муосир ба шумор мераванд ва дар тӯли ҳазорсолаҳо дар шакл додани тамаддуни мо нақши бориз доштаанд”.

Пулод Охунов дар гузориши худ аз сиёсати Сталин ёдоварӣ кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, “мардум ба таври маснӯӣ ба қавмҳо ҷудо шуданд”. “Ман ба ҳайси як узбак ва шаҳрванди Узбакистон мегӯям, ки узбакҳо ва Узбакистон бе забон ва фарҳанги тоҷикӣ мисоли исфанҷе ҳастанд, ки обаш ҷафида шудааст”,-таъкид доштааст ӯ.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
э маракои хуб и чи навиштанай: ба забони давлатӣ дар Узбакистон мақоми давлатӣ дода шавад. ахаххахаха

Ali
Чаноби Каримов худашро ба дор мекашад ва ин корро намекунад

Мурод
Бисёр хуб. Хуб, ки ахамияти забони точикиро эътироф доранд.

Мухаммад
Депутати узбек ба забони мову шумо арч гузошта талаб кардааст, ки ба он макоми давлати дода шавад, аммо шумо хатто дар сарлавха уро "узбак" мегуед. Ин магар эхтиром аст. У ба забони точики арч гузоштаву онро эхтиром кардааст, чаро шумо ин корро намекунед, рузноманигорони мухтарам?
Намешавад, ки ба хотири эхтиром "депутати узбек" мегуфтед. Хар чи набошад номи ин миллат имруз "узбек" эътироф шудааст. Шумо як маротиба ба Узбекситон сафар кунед, ана баъд мебинед, ки миёни миллатхои мо хеч кинаву адовате вучуд надорад ва хама хар чи зудтар кушода шудани сархаду бархам хурдани визаро мехоханд. Сардие дар байни ин ду кишвар имруз вучуд дорад, сардии муносибати рохбарони он аст на сардии байни халкхо.

Бародар
Бародар Пулод Охунов баъди ин суханхои некат нисбати забони точики ба Узбакистон наравед, ки коратона чаток мекунад урток Каримов

Точикако
Офарин бародари узбаки ман!

Dev
Ofarin va sad tashakkur ba mardaki hubu bofarhangi hamabin!

зафар
рахмати худо ба шумо мухтарам охунов

Точик
Офаррин,акои Пулод,хакикат хамин аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)