Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:02

Литсейи президентӣ соҳиби се озмоишгоҳи дигар шуд

14 май 2011, 06:32

Се озмоишгоҳи фаннӣ мавриди истифодаи устодону хонандагон қарор гирифт.

литсейТавре ба хабаргузории “Озодагон” аз дафтари матбуотии вазорати маориф иттилоъ доданд, бо кӯмаки ҳукумати ҶТ, вазорати маориф ва созмони ҷаҳонии  “ЮНЕСКО” дар литсейи президентии пойтахт се озмоишгоҳ  барои дарсҳои физика, кимиё ва биология  ва як синфхонаи компютерӣ кушода шуд. Зимнан дар ин маросим вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонову намояндаи миллии Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар ЮНЕСКО  ва хабарнигорон ширкат доштанд. Раҳмонов ва Кароматулло Олимов аз пиёдашавии иқдоми мазкур изҳори хушнудӣ карда, аз талабагони литсейи президентӣ даъват карданд, ки пайваста дониш омӯзанду мутахассиси ҳирфаии соҳа шаванд. Дар баробари ин ашёҳои ҷадиди фанновариро эҳтиёт кунанд. Ёдрас менамоем, ин муассисаи таълимӣ соли 1992 ҳамчун литсей- интернати ҷумҳуриявии рақами 1 ба фаъолият сар кард. Соли 1998   номи литсей-интернати президентӣ  барои кӯдакони болаёқатро соҳиб шуд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!