Бахшҳо
12 сен 2011 13:15Сӯҳбати рӯз

Меҳмоншо Шарифзода: Дар миллатсозӣ беҳтар аст ба назарияи «худӣ» такя кард, на ба «ҳуввият»...

Дар раванди ташаккули миллатҳо  асосан равшанфикрон ва андешамандон саҳми чашмгир доранд. Оё воқеияти имрӯзи Тоҷикистон моро мутмаин мекунад, ки назария ва пешниҳодоти андешамандон аз ҷониби давлатмардон пазируфта мешавад?!  Ҳамзамон, зарурати эҷоди давлати миллӣ, рушди андеша, ҳуввият ва шинохти миллат моро водор кард, ки ба назари андешамандон майл кунем. Дар ин росто хабаргузории «Озодагон» сӯҳбате дошт бо Меҳмоншо Шарифзода, ҷомеашинос ва андешаманди тоҷик. Инак, фишурдаи он пешниҳоди шумост:

Озодагон: Солиёни мадид аст, ки шумо рӯйи фалсафаи “худӣ “ ва ҳуввияти Тоҷикон тадқиқот мебаред ва дар ин росто гузоришоти зиёди илмӣ дар дохилу хориҷи кишвар доштед. Қисме аз элитаи илмиву фарҳангӣ ва академикҳои мо навиштаҳои шуморо нодуруст дарк карданд ва ё хостанд дигаргуна ташреҳ бидиҳанд. Дар асл ҷавҳари тадқиқи шумо ношӣ аз чист?

Меҳмоншо Шарифзода: Мафҳуми «худӣ» дар забони мо аз дониш, таҷриба ва роҳҳои олии инсонсозии Тоҷикӣ дарак медиҳад. Ин калимаи бисёр суфта, амиқ ва пурзарфиятест, ки маънии ин мафҳумро вожаи “Self”- и англисӣ дар хусуси раванди ташаккули шахсият дақиқтар ифода мекунад. Ин маънӣ, ҷавҳар ё нуқтаест, ки муносибату бархурди инсонро бо тамоми олами атроф, бо ҳамаи идеяҳо, чизҳо, руйдодҳо муайян мекунад. Гуфтан мумкин аст, ки ин мафҳум бори нахуст аз тарафи  аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ барои ифодаи маъниҳои қадимае дар хусуси иртиқои шахсияти инсон сикка зада шуда буд ва имрўз дар Ғарб яке аз мафҳумҳои калидӣ дар илмҳои антропология (инсоншиносӣ), сотсиология, фалсафа, маданиятшиносӣ, равоншиносӣ ва ғайра ба ҳисоб меравад. Устоди мӯҳтарам Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ беҳтарин мақолаҳо дар тавсифи ин мафҳум дорад. Диссертатсияи магистрии ман дар бораи назарияи «худӣ» дар фалсафаи Ислом буд.  Ва аз мақолаҳое, ки дар рўзномаҳои ҷумҳурӣ, махсусан дар «Миллат»  н ашр шуданд ва ман дар бораи ин назария хабаре додам, касе то ҳол чизе нагуфтааст ба ҷуз устод Бекзода ва шогирдонаш, ки мавқеи дигар доранд. Вале вақте мақолаи  “Худӣ ва низоми сиёсӣ”  ба забони англисӣ дар Австралия нашр шуд, аз тарафи чанд муҳаққиқони ҳориҷӣ – антропологҳо фикрҳои интиқодӣ  гирифтам ...

Озодагон: Оё метавонед аз мӯҳтавои он навиштаҳои танқидӣ хонандагон ва муштариёни хабаргузории «Озодагон»-ро  бохабар кард?

Меҳмоншо Шарифзода: Чаро не, ин танқидҳое созанда буданд ва то ҷое онҳоро қабул доштам. Ман ба фикри баъзеҳо, ки мегуфтанд дар вақти таҳқиқот набояд ба назарияҳои абстрактӣ ва фалсафӣ, балки ба воқеъият такя кард, розӣ шудам, вале ҳанўз бар фикри худ ҳастам, ки дар вақти таҳқиқотҳои худ хубтар аст ба назарияи «худӣ» такя кард на ба «ҳуввият»  ва инчунин муҳаққиқони хориҷӣ, ки дар ин қисматҳои дунё кор мекунанд, хуб мешуд аз назарияи «худӣ»,  ки дар ин матн инкишоф дода шудааст, бохабар бошанд. Масалан, бисёр корҳое, ки дар бораи ҷараёни Нақшбандия дар Осиёи Марказӣ навиштаанд, муаллифони онҳо аз мағзи ин таълимот бехабаранд ва забони Тоҷикиро намедонанд. Умуман, бисёр муҳақиқони ғарбӣ, махсусан антропологҳо, барои ҷомеаҳои суннатӣ ва ғайри ғарбӣ доштани худиро (self) инкор мекарданд ва мекунанд, ки гуё ин мардум танҳо ҳуввияти умумӣ (collective) доранд.  Имрўз мавҷудияти технологияҳои беҳтарини худсозӣ, ки мо дорем, метавонанд дар роҳи ҷомеаи комили инсонӣ коре кардан... Мутаассифона, имрўз аз фазилатҳои роҳҳои худсозии Тоҷикӣ на ҳама бохабаранд.

Озодагон: Дар ковишҳо ва тадқиқҳои худ ба натиҷа расидаед, ки яке аз унсурҳои инстутсионалӣ дар бунёди миллат ва ҳуввияти он ҷиҳати ба саодат расидан дониш ва маориф аст. Барномарезиҳои мо дар самти маориф  ва дониш, ки бо таассуф тавфиқҳои камтаре доранд, иллаташ чӣ буда метавонад?

Меҳмоншо Шарифзода: То ҷое дар ин бора дар мақолаи “Фалсафаи дониш ва маориф”, ки дар рўзномаи «Миллат» нашр шуда буд, фикрҳои худро навишта будам. Дар ҳақиқат, чунон ки ман мебинам, роҳбарияти маориф ҳанўз дар сатҳи фарҳанги сурат, намоиш ва гап мондаанд ва ба фарҳанги амал нагузаштаанд... Ва агар маънии «маориф» ва «educate» донистан, шинохтан ва роҳбарӣ кардан бошад, пас маорифи мо кор накарда истодааст. Намояндагони ин ниҳод дар ҳисоботҳои хеш аслан мактабҳои сохта ва таъмиркардаи давлатро ҳисоб мекунанд. Имрӯз дар ҳама ҷомеъаҳои тараққикарда чун дар бораи маориф (education) ҳарф мезананд, ҳатман ба “роҳбарият”  ё  “мудирият”(leadership) тайёр кардани ҷавонони худро дар назар доранд. Фикр мекунам, имрўз ба маориф, чунон ки Мартин Бубер қайд мекунад, “ҳамчун ба воқеият” муносибат кардан даркор аст, яъне чун маориф мегўем, мебояд ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангии худӣ, иқтисод, сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳангро дар  ҳаёти мардум дид, ки дар чӣ ҳоланд ва кўшиши дигар кардани ҳолати бад ва ташкили ҳамоҳангии ин унсурҳои ёдшударо  кард. Ин инсон аст, ки месозад ва вақте ки инсон ба голем ва манқурт табдил ёфт, вакте ки инсон худ ба маводи сохтмонӣ табдил дода шуд ва вакте ки инсон аз инкишоф ва сохтмони ҷомеа, чун дигарон барои ў месозанд, қафо монд, дар бораи чӣ гуна маориф метавон ҳарф зад?

Ин ҷо мо бояд муҳит ва сатҳеро ба вуҷуд биёрем ки дар он “ман” – и кўдак гум нашавад ва раванди худшиносии ў дуруст ҷараён гирад. ...

Озодагон: Бисёриҳо калимаи “голем”- ро ҳамчун “ғулом”  мефаҳманд, оё ин ба назари шумо дуруст аст?

Меҳмоншо Шарифзода: Голем - қаҳрамони қиссаҳои яҳудиёни Аврупост. Ҳадс мезананд, ки баъзе аз раввинҳои яҳудӣ аз гил одамак месохтанд ва пас аз сохтан зери забони ў дуоеро мегузоштанд то ин одамак гўё зинда мешуд ва хидмати хоҷаи худро мекард. Ин вожа қариб ба ғулом ва ба манқурт ҳаммаънист. Аз тарафи дигар ин қиссаи онҳост, ки танҳо бо донишу хоҳиши ғайр зиндаанд...

Озодагон: Мо дар марҳилаи эҷоди давлати миллӣ ва ҷараёни нави миллатсозиву давлатсозӣ қарор дорем. Пиромуни эҷоди давлати миллӣ ва маҷмӯи арзишҳое, ки барои эҷоди он зарур аст, баҳсҳои зиёде сурат гирифтаанд ва идома доранд. То ҳанӯз мушаххас нест, ки бар асоси кадом барнома ё консепсия миллатсозӣ мекунем. Ахиран, раисҷумҳур ба эҷоди чунин як консепсия дастур дод, вале ба назар мерасад, ки ин пешниҳоди раиси ҷумҳурро на ҳама аъзои ҳукумат ҷиддӣ  гирифтанд. Фикр мекунед, ки ин консепсияро кӣ  ё киҳо бояд таълиф кунанд ва он чӣ гуна бошад?

Меҳмоншо Шарифзода: Мо Тоҷикон халқи соҳиби  забони созанда, ки имрўз ҳам қобилияти офаридани идеяҳо, арзишҳо ва ормонҳои навро дорад ва соҳиби таърихем, ки пур аз рамзҳо, маъниҳо ва қиссаҳост. Албатта мо ҳақ дорем, аз ин рамзҳо ва ин қиссахо ё мифҳо, ки метавонанд дар ташаккули ҳуввият ва шахсияти Тоҷик нақш бозӣ кунанд, истифода барем, зеро ин ҳама маъниҳо ва рамзҳо офаридаи нубуғ, худӣ ва тахайюлоти Тоҷик аст ва имрўз ҳам ба мо сахт ошност. Вале фикр мекунам, нашинохтани дунёи имрўз ва бегонагӣ ба асли хеш моро зиёд ба гап овора ва аз амал дур кардааст ва ё худ таҷрибаи сохтани инсон, миллат ва ҷомеаро надорем. Махсусан, даҳсолаи охир ҷомеаи мо ба бозори «калимаҳо», «мафҳумҳо» ва «назарияҳо»-и оварда, ки ба вақеияти мо маъниҳои бегонаанд, табдил ёфтааст, ки мардум барои деворҳои хеш, баромадҳои хеш дар маҷлисҳо ва конференсияҳои дохилу хориҷ истифода мекунанд. Аслан ба шиорсозӣ машғуланд, дар бархўрд ба воқеияти худ фаъол нестанд, аз ин рў наметавон гуфт, ки шахсиятҳои озод ва соҳибқудратанд ва метавонанд роҳи аслии сохтмони миллатро дидан ва консепсияи мустақили миллии ба таърих, табиат ва ҳастии Тоҷикон мувофиқро пешниҳод намудан.

Имрўз дар ҷомеа мебинем, ки  бо ном сиёсатмадор ва файласуфи Тоҷик барои исботи «идеяи миллии Тоҷик» соатҳо дар бораи назарияҳои ғарбии «давлати миллӣ», «демократия», «ҷомеаи шаҳрвандӣ» инчунин дар бораи таҷрибаи онҳо ҳарф мезанад ва ин сўи ин мафҳумҳо вақеияти аслии халқи худро, маъниҳои аслие, ки рамзҳои ҳаётии мардумро месозанд, намебинанд. Агар бисёрии ташкилотҳои хориҷӣ бо ин шиорҳо мақсадҳои аслии худро пўшонанд, идеологҳои Тоҷик бесалоҳиятии худро мепўшонанд ва ба суханбозии беҳуда машғуланд... Интеллектуалҳои мо бояд аз қонуниятҳои инкишофи ҷомеаи худ огоҳ бошанд, то тавонанд маданиятҳои маҳаллии Тоҷикиро ба сатҳи сифатан баландтари ҳаёт – ба сатҳи миллат, ба демократия ва модернитии Тоҷикӣ расонидан... Вале имрӯз аз паи мафҳумҳо ва шиорҳо мераванд, на аз паи маъниҳое, ки реша дар арзишҳои аслии Тоҷикӣ ва инсонӣ доранд ва имрўз ҳатто метавон дид, ки чи гуна ҳуввияти ягонаи Тоҷикиро тақсим карданӣ мешаванд. Чун аз воқеияти худ, аз назарияҳо ва равишҳои навтарини таҳқиқ дур мондаанд дар роҳи сохтмони ҷомеаи солими Тоҷикӣ мушкил эҷод мекунанд....

Озодагон: Ин ҷо шумо дар бораи «рамзҳо», «маъниҳо» ва «миф» ёд кардед, оё метавон дар бораи ин мафҳумҳо равшантар ҳарф задан, ки дар сохтмони ҷомеаи мо чӣ нақше доранд?

Меҳмоншо Шарифзода: Маданиятро баъзеҳо «шабакаи рамзҳо»  ҳам меноманд, ки он аз маъниҳо иборат аст. Гуфтан мумкин аст, ки қудратҳо дар дунёи имрўз атрофи маъниҳо ва рамзҳои дигар мечарханд. Масалан, дар раванди сохтмони миллат рамзҳои дигар, ки мо қабул кардем, ин парчам ва нишони миллии мост ва имрўз парчами мо чӣ қадар баланд бошад, барои қудратмандони давр ва мардуми дунё фарқе надорад. Давраҳое буданд, ки парчамҳо дигаргуна нақш доштанд. Масалан, дар  шаҳри  Бургоси (Burgos) Испания ҳар сол моҳи июн дар кўчаҳои шаҳр парчами яке аз сулолаҳои мусулмониро, ки соли 1212 дар муҳорибаи Лас Новас де Толоса ғанимат гирифта буданд, ҳамчун рамзи ғалабаи таърихии худ намоиш медиҳанд. Чун дар ҷомеа маънии рамзҳо суст мешавад, онҳо қудрат ва муқаддасоти худро гум мекунанд.

Ва рамзҳои дар  парчам буда,  аз таърихи мо гирифта шуда танҳо барои мо маънӣ доранд ва ҳатто гуфтан мумкин ки ин наслҳои давраи истиқлол ин рамзҳоро  ҳамчун  «тўҳфа» дарёфтанд. Замоне ин тоҷ қудрат ва қадосати зиёдтар дошт ва ин рамзе буд, ки наслҳои қадим ба он расида буданд. Вале ин маънист, ки рамзро месозад - рамзи тоҷ маънии қудрат ва инчунин қадосати худро дошт ва акнун дар амали худ мо ва наслҳои оянда онро бояд барқарор  кунем. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҷавонмардона ин парчамро, ки рамзҳои аҷдодии моро дорад, баланд кард ва дар пеши фарзандони ин миллат вазифаи шарафмандона, сангин ва созандаро пеш гузоштааст. Фикр мекунам, акнун мо ба шахсиятҳое ниёз дорем, ки бунёди шахсияти хешро болои номус гузошта бошанд ва амали онҳо тавонад маъниҳои мувофиқ ба ин рамзҳои баландро ба вуҷуд овард.

Моро мебояд воқеияти худро рў ба рў шудан ва маъниҳоро шинохтан ва шояд ба ин парчам вобаста ба дониш ва таҷрибае, ки дар оянда ҳосил мекунем, рамзҳои нав илова шаванд. Чун дар сохтмони худӣ ва маданияти Тоҷикон арзишҳо ва ормонҳои Исломӣ нақши созанда доранд, шояд ба парчам ва нишони Тоҷикон рамзҳои Исломӣ дохил шаванд ...

Мифҳо ё қиссаҳо ҳам, агар содда карда гўем, дар сохтмони ҳуввияти як халқ ҳамингуна нақш мебозанд. Ва ин ҷо як чиз муҳим аст, ки зери бори мифҳо ва идеологияҳо фардият шикаста нашавад ва арзишҳои воқеии созанда бетараф намонанд. Ҷомеаро танҳо бо қиссаҳо ва рамзҳои  гузашта наметавон сохт...

Озодагон: Имрӯз мо аз истиқлол зиёд мегӯем ва тафохурамон ҳам беандоза аст. Мо ҳам фахр дорем, ки истиқлол арзиши хеле муҳим дар сарнавишти ҳама гуна миллатҳо ва аз ҷумла мост. Зиёд сари истиқлоли энергетикӣ, иқтисодӣ ва коммуникатсионӣ сӯҳбат мешавад. Аммо барои мушаххас кардани ҳуввият ва пайдо кардани роҳи дурусти ба саодат расидани мардум истиқлоли фикрӣ низ арзиш ва ҷузъи муҳиму аслист. Оё мешавад гуфт, ки майл ва равишҳои мо ба суйи истиқлоли фикрист?  Манзур дар давлатмардҳо, нухбагони фикриву фарҳангии мо. Ё мо низ ба порлумони фикрӣ эҳтиёҷ дорем?

Меҳмоншо Шарифзода: Фикр мекунам, дар ҳамин лаҳзаҳо, ки дар ин минтақа мо шоҳиди шаклгирии таърихи нави худӣ ва ҷаҳонӣ ҳастем, истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат сахт зарур аст ва ин то он ҷо зарур аст, ки дар баробари он ҳатто бисёр мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ – фарҳангӣ ва шахсиро метавон таҳаммул кард. Ва халқи Тоҷик таҳаммул ҳам карда истодааст ва медонанд, ки истиқлолияти мо ҳанўз дар сатҳи идеяҳо ва идеалҳои мост ва онро мустаҳкам мебояд кард. Ва дигар ин, ки набояд фаромуш кард ва ё дурустараш  бехирадист, истиқлолияти фардӣ ва фикриро дуюмдараҷа гирифтан ва надонистан, ки агар истиқлолияте ҳаст, он аз андешаи озодмардони ин миллат оғоз мешавад ва онҳо метавонанд муҳити озодӣ ва инкишофро барои мардуми худ муҳайё сохтан. Аз ин рў, имрўз онҳое дар ҷараёни кор бошанд, ки қобилият, зарфият ва салоҳияти корро дошта бошанд. Ҳамоҳангии худӣ бо қудрат ва ҳақиқат дар вуҷуди ҳар як шахсият мустаҳкам бошад. Ҳоло ҷомеаи мо маризиҳоеро мисли фасод, ҷаҳл, маҳалчигӣ, бесалоҳиятӣ дар бисёр ниходҳо рў ба рў гаштааст. Имрўз, ки мардум баҳс мекунанд, ки гўё истиқлолиятиро ба мо ҳамчун “тўҳфа” доданд, бисёриҳо дуруст дарк карданд ва қайд карданд, ки на, ин истиқлолият дар ҳастии мо буд ва таърихи мо, рамзҳои мо ва хотироту созандагии ин мардум нишонаи он аст ки Тоҷикон ҳама вақт дар мубориза, дар ҷустуҷӯ буданд. Ин истиқлол реша дар дохил, дар ҳастӣ дар роҳҳои инсонсозии ва худшиносии мо дорад. Инсоне, ки дар ин раванд аст метавонад, ба истилоҳи файласуфи сиёсат Исайа Берлин, ҳомили «озодии мусбат» будан, яъне ин инсон метавонад озодии худ ва истиқлолияти мамлакати худро ташкил кунад. Агар чунин озодӣ дар вуҷуди худӣ сабз нашавад, он гоҳ дигарон болои ў «озодии манфӣ»-ро бор хоҳанд кард ва маълум аст, ки ин чӣ гуна озодист.

Ҳоло дар Тоҷикистон зарурияти истиқлолияти фикриро мардум дарк карда истодаанд. Ин ташкили ҷомеаи донишбунёд, истифодаи ақл ва дониш дар ташкили системаҳои ҷомеа ва ҳаёти мардум аст. Фикр мекунам, мо ҳоло дар ин роҳ ҳастем ва акнун аз пропагандаи зиёд, фасод ва маризиҳои дигар озодтар шуда истодаем.

Имрӯз дар бисёре аз нухбагони сиёсӣ ва фикриву фарҳангии мо ҳамоҳангии худӣ (шахсият)  – қудрат (шинохтан, гуфтан ва амал) ва ҳақиқат (бохабарӣ ва идеяҳо ва идеалҳо ва вақт)-ро метавон дидан. Вале ҳунўз  ба қисме аз шахсиятҳо, ки худро намояндаи элитаи Тоҷик меҳисобанд зарур аст, худро аз сатҳи фаҳмишҳои бозорӣ ва инчунин ахбори телевизион ва интернет болотар бардоранд. Масалан, дунёи имрўз ва махсусан дунёи ғарбро на танҳо аз рўи гуфтаҳои назариётчиёни сиёсии Ғарб мисли Фукуяма ва Ҳантингтон, ки онҳо ҳам мутафаккироне ҳастанд, ҷиддӣ ва дар сиёсати дунёи имрўз мавқеи муайян доранд, балки дар сатҳи маданият, равонковӣ, осори нависандаҳо, ё мутафаккироне ҳамчун Кассирер, Ҳайдеггер, Ясперс , Фуко, Рикёр ва дигарон бишиносанд...

Албатта ба мо парламенти фикркунанда зарур аст. Мутаассифона, имрўз бисёриҳо дар парламенти мо «хомушӣ» ва «беҳаракатӣ»-ро интихоб кардаанд. Фикр намекунам, ки дар пайи шинохти ҳақиқате дигаранд ва бо принсипи “Чашм банду гўш банду лаб бубанд, гар набинӣ роҳи ҳақ бар мо биханд” бошанд…Зеро баъзан ҳарф ҳам мезананд ва мушкилоти онҳо нашинохтани воқеияти худ ва дунёи имрўз аст. Сатҳи фикрронии як намояндаи парламентро агар бо биниши як сиёсатмадори Сингапур ва ё Кореяи Ҷанубӣ муқоиса кунем, дидан метавон, ки сиёсатмадорони мо, ки дар парламент нишастаанд, аз равандҳои созандаи худӣ ва дунё сахт ноогоҳанд. Агар собиқ сарвазири Сингапур Ли Кван Ю ва ҳамчунин президенти собиқи Кореяи Ҷанубӣ Ким Дай Ҷунг, ки дар сохтани ин мамлакатҳо нақши муҳим бозидаанд ва яке аз сабабҳои муваффақияти хешро ин дар ҷомеа амал кардани арзишҳои суннатии худӣ медонанд, дар мо ҳанўз ба арзишҳои сунатии хеш новобаста ба таъкидҳои зиёди президент хунукназарӣ мекунанд. Масалан, дар рўзномаи Фараж ( № 26 (236) 29 июни 2011) нутқи намояндаи парламенти мо дар муҳокимаи лоиҳае нашр шудааст. Ин андешаронӣ, ки саршори ноумедӣ аз таъриху фарҳанги худ аст, нишондиҳандаи он аст, ки ин вакили мардумӣ аз арзишҳои созандаи худӣ огоҳ нест ва дастнигари дигарон аст…

Озодагон: Вақтҳои ахир дар матбуоти даврии Тоҷикистон сари мавзӯи хатарҳои воқеии таҳдидкунанда ба амнияти кишвар зиёд сару садоҳо баланд мешаванд. Яке пантуркизмро хатари ҷиддӣ унвон мекунаду дигаре ҳузури нерӯҳои низомии аҷнабиро. Яъне «ҳар сареву савдое». Аммо ба назари шумо чӣ ва ё кадом омилҳо ба амнияти миллат ва кишвар дар маҷмӯъ хатар доранд?

Меҳмоншо Шарифзода: Фикр мекунам ин дунёи муносибатҳост ва боз ҳам дунёи қудрат ва дониш аст. Он ки қобилияти шинохт, яъне дониш дорад, дар мақоми қудрат аст. Ва он истиқлолияти фикрӣ, ки дар боло зикр кардем, ҳамин маъниро дорад. Дониш ва таҷрибаи асл ба мо имкон медиҳад, бо дигарон дар сатҳи баробар, ҳамчун субъект ба субъект муносибат кунем. Бунёди хатар ва тарсро аввал дар дохил нест бояд кард. Вақте дониш нест, нобоварӣ ба дигарон пайдо мешавад ва худро дар мавқеи объекти шинохт ва истифодаи дигарон мебинем... Масалан, дар ҷумҳурии ҳамсоя, ки қариб ҳама гуна гуфтугўҳо, муносибатҳо мамнӯъ шудаанд, аз ҷумла хонандагони осори Фатҳуллоҳ Гулен, ориф ва мутафаккири туркро, ки дар он зарар нест, сахт ҷазо медиҳанд..., ки на ба назари ман кори хубе нест. Дар мо ҳам ҳастанд касоне, ки аз беамалӣ ва бесалоҳиятии худ намехоҳанд, мавҷудияти дигаронро ҳис кардан ва дар ҳама душман мебинанд. Гуфти Мавлоно ки:

Бас равшан аст рўз, валек аз шуъои рўз,

Берўзианд аз он ки ҳама баста равзананд.

Аз хўи зишт душмани он хўи хотиранд,

В-аз дарди чашм, душмани хуршеди равшананд...

Озодагон: Роҳбурд барои ҷавонони ин кишвар бояд чӣ гуна бошад ва киро мебояд идеали хеш қарор бидиҳанд? Ҷавони Тоҷик аз классикон бояд чӣ бигирад ва оё равиши феълии шиносондани он бузургон ба меросбаронашон то чӣ ҳад дуруст аст?

Меҳмоншо Шарифзода: Чунон ки дар роҳҳои сунатии мо буд ба ҷавонон пеш аз ҳама мехоҳам, ки ба дониш машғул шаванд ва дар ин роҳ мисли Имом Ғаззолӣ ва дигарон аз «шак доштан» оғоз кунанд ва баҳсро, ки маънии «ҷустуҷӯ»-ро дорад, аз  «ҷадал»  фарқ кунанд ва ба ҳақиқат такя кунанд на ба шахсиятҳо. Ҷавонони мо бояд дар сатҳе бошанд, ки дунёро бо чашми худ бинанд ва аз чорчўбаҳои “ҳақиқат”, ки дигарон пешниҳод мекунанд, озод бошанд. Имрўз онҳо (ҷавонон) бояд аз мактабҳои фикрии ғарбӣ аз структуралистон то постмодернистон ва мутафаккирони алоҳидаи ғарбӣ ва ҷаҳонӣ, аз равишҳои навини таҳқиқот, аз назарияҳои калидӣ ва арзишҳо, ки дунёи нав аз болои он сохта шудааст, огоҳ бошанд ва фаромўш накунанд, ки дунёи нав (modernity), демократия ва дунявияти Тоҷиконро дар воқеияти онҳо, бо иштироки онҳо ва бо идеяҳо, арзишҳо ва идеалҳои онҳо метавон сохт...

Озодагон: Бисёриҳо ин даъворо доранд, ки истиқлол ва истиқлолиятхоҳӣ хоси ғарбиён аст ва гузаштагон мо гӯё дар сар ва фикру амал ҳеч нақшу талоше барои доштани истиқлол надоштанд. Мувофиқед?

Меҳмоншо Шарифзода: Ин нукта тавре ман эҳсос карда истодаам сахт яктарафа ва хатост, шояд касе ноумед аз худ ва воқеияти худ онро гуфта бошад. Чунон ки медонед,  аз унсурҳои бо ҳақиқат сахт бофташуда ин озодӣ  аст ва ба гуфти Ҳайдеггер “озодӣ ҷавҳари ҳақиқат” мебошад. Ин ҷо мо дар бораи раванди шинохт ҳарф мезанем, ки озодӣ қисми ҷудонашавандаи он аст ва якҷоя дар  шахсияти мутафаккир  бо худии ӯ ва бо ҳақиқат ташаккул маёбад. На ҳар кас қобилият ва ғунҷоиши ин арзишро дорад ва “озодӣ” барои як деҳқон аз “озодӣ” барои як мутафаккир фарқ мекунад. Инсоне бояд, ки онро дуруст истифода карда тавонад. Ин аз арзишҳои ҳақиқат аст, ки ниҳон аст ва на ҳар кас чашми дидани он  ва қудрати бурдани онро дорад. Инсонҳо дар баробари шинохти ҳақиқат худро кашф мекунанд.Ҳанўз дар давраи Шўравӣ ҳам бисёрии олимон,  файласуфони  ва мутафаккирони динии мо исбот карданд, ки роҳи аслии шинохти худӣ ва ҳақиқатро гузаштаанд. Дар осори онҳо рўҳи истиқлолхоҳиро метавон дид ва ҳис кард. Рўҳи озодӣ ва истиқлолро дар осори Устодон- Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва шогирдони онҳо, махсусан дар асарҳои устод Акбари Турсон, Раҳим Масов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, дар мақолаҳои устод Бекзода ва маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и ў, инчунин дар осори шоирону нависандагони мо метавон дид... Ин рўҳро дар гуфтаҳои Ҳазрати Эшони Тӯраҷон, ки аз ин марди Худо тарс метарсид, дар осор ва амали Алломаи Ҳиндустонӣ ва шогирдонаш метавон ҳис кард ва шинохт. Албатта, ин ҳама мардон, ки дар роҳи илм ва шинохти ҳақ ва ҳақиқат коре карданд ва мекунанд, ҳар кадом матнҳои гуногун, мақом ва ғунҷоиши гуногун доштанд ва доранд. Вале барҳақ ин мардон академикӣ, олимии хеш ва шахсияти такрорнашавандаи худро  исбот карданд ва ончӣ инҳо карданд, барои насли нав сахт омўзанда аст.

Чаро мардонагии ақлӣ, самимиятро ва рўҳи озодагиро дар мусоҳибаи  устод Раҳим Масов, ки дар рўзномаи «Миллат» додааст, наметавон дидан. Орифе барои самимиятро ба шогирдон фаҳмондан шерро мисол меовард, ки “самимиятро аз шер биёмӯзед, ки қудрати худро пинҳон намекунад ва агар ба пашша ҳуҷум кунад, ё ба фил онро (зарфияташро) якхела ва пурра истифода мекунад”.  Ин ҳама хусусиятҳо, яъне мардонагии ақлӣ ва самимият аз роҳи рости таҳқиқ ва шинохт, ки дар он шахсият ва ҷаҳонбинии ў сохта мешавад, дарак медиҳанд.

Дар таърихи тафаккури Тоҷикон, махсусан дар давраи Исломии он, ин масъалаҳо дар сатҳи баланд таҳқиқ шуда буданд ва аз рӯи таълимоти онҳо ҳама вақт ба ҳақ ва ҳақиқат бояд такя кард, на ба шахсиятҳо. Нуқтаи муҳим ин аст, ки мутафаккирон бояд ба ҳақиқат имконияти шинохт ва буданро диҳанд. Ҳоло зарур аст, ки ҳастӣ ва ҳақиқат бо пуррагӣ ва ончунон ки ҳаст зуҳур кунанд, чаро ки чун роҳ баста аст – тозагӣ, сафо, адолат ва эҷод хоҳад мурд ва дарҳои фитна, фисқ ва фасод боз хоҳад шуд. Ин ҷо бояд роҳбарияти ақлонӣ ва роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ ҳамдигарфаҳмии наздик дошта бошанд...

-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ!

-Саломат бошед!

Мусоҳиб: Хилватшоҳи Маҳмуд


Ҳолнома: Меҳмоншо Шарифзода дар ноҳияи Ванҷ зода шуда, таҳсилоти ибтидоиро дар ҳамон ҷо гирифтааст. Солҳои 1980 – 1985 донишҷӯи факултети таърихи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикстон ба номи Ленин (ҳоло ДМТ) буд. Ба қавли худи ӯ дар ин давра аз беҳтарин устодон сабақ гирифтааст. Соли 1989  ҳамчун аспиранти шӯъбаи фалсафаи ДДТ, бо роҳбарии донишманди шинохтаи тоҷик Акбар Турсон диссертатсияи илмиро дар мавзӯи “Назарияи Одамият дар тассавуф” ба итмом расонида, вале воқеаҳои сиёсии аввали солҳои 90- ум имконият надоданд, ки  дар вақташ кори илмии худро ҳимоя кунад. Баъдан, Диссертатсияро дар ҳамин  мавзӯъ соли 2001 дар донишгоҳи Лондон бо муваффақият, бо баҳои аъло, ҳимоя кардааст. Таҳсил дар Британия ба Меҳмоншо Шарифзода имконият дод, беҳтар ва бештар бо ҷомеаи ғарбӣ ва ба хусус ба методологияҳо ва назарияҳои навини мактабҳои фикрии ғарб шинос шавад. Соли аввали таҳсили 2000 - 2001 дар донишгоҳи Лондон, ки ҳам ба номи Мактаби Омӯзиши Осиё ва Африқо (School of Oriental and African  Studies (SOAS)) машҳур аст, шӯъбаи аспирантураро хатм карда, аз шиносоӣ бо курсҳои “Таҳқиқоти муқоисавӣ дар омӯзиши маданиятҳо, Омӯзиши Ҷомеаи Аврупоӣ” маълумаш гашт, ки ғарбиён дар масъалаи таҳқиқ ва шинохт то куҷо пеш рафтаанд. Дар ин муддат дар як вақт Донишгоҳи Таҳққиқоти Исмоилиро дар солҳои 2000 -2002  ба итмом расонида, соли 2003 дар донишгоҳи Лондон программаи магистриро якҷоя бо ҳимояи диссертатсия дар мавзўи “Назарияи худӣ дар фалсафаи Ислом” бо муваффақият хатм намудааст. Дар ин донишгоҳ беҳтарин бозёфте, ки барои худ кашф кардааст, ин назарияи Худӣ аст. Оиладор, падари ду фарзанд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)