Бахшҳо

АКС: Узрхоҳии наздикони прокурор аз хонаводаи кӯчарӯб ва насиҳатҳои мулло

Наздикони Фирӯз Холиқзода, корманди прокуратура, ки дар пахши маргбори Зеварбону Пирова, роҳруби 53-солаи тоҷик муттаҳам мешавад, аз хонаводаи марҳум узрхоҳӣ намуда, кӯмаки моддӣ пешниҳод кардаанд.

Дар ин бора ба “Озодагон” Маҳмадризо, бародари шавҳари Зеварбону Пирова хабар дода, афзуд, ки “аз ҷумла модар ва холаи Холиқзода омада, дархост карданд, ки аз гуноҳаш гузарем.” Ба иттилои манбаъ наздикони Холиқзодаро ҳамчунин як руҳонӣ ҳамроҳӣ мекардааст, ки ба бахшиш даъват менамуд: “Ӯ гуфт, агар Шумо дар ин дунё набахшед, Худо ӯро дар он дунё ҳам намебахшад ва агар бубахшед дар он дунё Худо низ мебахшад”.

Наздикони Зеварбону Пирова пешниҳоди кӯмаки хонаводаи Холиқзодаро рад намуда, посух доданд, дар ин қазия ҷонибдори волоияти қонун мебошанд: ”Мо ҷавоб додем, ки ҳамааш бигузор тибқи қонун шавад ва муттаҳам дар марги Зеварбону тибқи амали кардааш ҷазо гирад.”

Ҳодисаи пахши Зеварбону Пироваи 53-сола, ки ба ҳайси кӯчаруб фаъолият дошт, субҳи 28 сентябр ҳангоми тамиз кардани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дод. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд” гуфтанд тамизкорон. Наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.

Дар ҳамин ҳол додситонии Душанбе иттилоъ дод, ки муттаҳам дар ин ҳодиса Фирӯз Холиқзода, ёвари 31-солаи додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ феълан дар боздошт қарор дорад. Мақомот бо вуҷуди ифшои ному синни муттаҳам аксҳои ӯро пешниҳод накардаанд.

Аммо дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” ба номи Фирӯз Холиқзода нафаре сабт шуда, ки дар маълумотномаи ӯ синнаш 31 нишон дода шуда, корманди додситонӣ муаррифӣ шудааст:



АКС: Узрхоҳии наздикони прокурор аз хонаводаи кӯчарӯб ва насиҳатҳои мулло

АКС: Узрхоҳии наздикони прокурор аз хонаводаи кӯчарӯб ва насиҳатҳои мулло

АКС: Узрхоҳии наздикони прокурор аз хонаводаи кӯчарӯб ва насиҳатҳои мулло


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
.
Дуруст кардед. Агар маблагро аз дасти хаминхо мегирифтед ин хиенат нисбати арвохи Зеварбону мебуд. Бигзор маблаги чубронро суд муаяйн кунад. Холикзода бошад бояд хатман зиндони шавад.

сарсон
кани бинемчи пркрорхам суд мекунад е мурдаро айбдор чнки конуни точикистон факат барои бечорагон аст бехтараш чоп намекарди бех буд

пракурор бояд чазо бинад хатман бас аст хешу табор бози

123
ин Фируз ба фикрам писари рахматии муаллим Холиков - собик декани факултаи хукукшиносии ДМТ хаст. Аз мардум шунидаем, ки аз ин фарзандон падарашон низ аз азоби калб даргузашта буданд. Аз тарбия дур монда будаанд.

Асадулло
Агар бачои ин Пракурор ягон камбагал ё бетага мебуд кайхо хукми суд баровардаги ва паси панчара буд. Маълум мешад ки дуруст будаст ки КОНУН БАРОИ КАМБАГАЛХО ВА БЕТАГАХО амали мешудаст!!!!

Аслидин
О сагера хай фалокат дар сарт омад мембри манъ када бини чи гапай ё аз бадмасти дигар нафахмиди чи гапай факат газа зер кади

Дарвеш
Худо барои инхо тамоми сабукихоро ато фармояд гузаштаро рахмат кунад албата Ф Х хостори чунин хаводис набуд Ф Х тамоми пиронсолон модарону падаронро ёрдам мекард худо и чавонро ёрдам кунад мо дуо мекнем барои харду тараф омин барояшон сабри чамил мушкилоти осон хохонам

Бандаи Худо
Сабаби наистоданаш намедонем чи бошад? Аз тарс? Е ки гурезам намефахманд. Агар нагурехта меистод ва таасуф мехурд, шояд бовар мекардем инсони хуб аст, нечаянно пахш кардааст. Аммо гурехтааст, яъне фаркаш набуд ки одами пахшкарда мемурад е не. Чунки одами рахмдил меистад ва мехохад ки беморхона барад.

наход коркуни прокуратура дар одноклассники суратота бмони

Бандаи Худо,
аз бегах то сахар,вакт гузаронии дар хаму ночной клубхои ки саг дароя, рохи гурез мекоба.

Ақлак
наздикони Холиқзодаро ҳамчунин як руҳонӣ ҳамроҳӣ мекардааст, ки ба бахшиш даъват менамуд: “Ӯ гуфт, агар Шумо дар ин дунё набахшед, Худо ӯро дар он дунё ҳам намебахшад ва агар бубахшед дар он дунё Худо низ мебахшад”.

Тавба, тавба... ин мулло ё кӣ вай... руҳонӣ аз он дунё испровка доштааст ми? Одамро зер карда, дабдалаша бароварда, аз ҷои ҳодиса гурехта, мисли уштурмурғ барин мехоҳед сар ба даруни реги гарм занед, ки касе шуморо набинанд?! Роҳи бандаҳои Худо ҳамоомон ҳамон дунёву, лекин аввал ҷавоби ин дунёро додан даркор, о буродари одамкуш!

Одамкуш не вай? Ҳа мебахшед, ҷаноби прокурор, шумо дуруст мегӯед, вай одамро накуштааст, он бечора худаш мурдааст бо марги табиӣ, бале бо марги табиӣ. Чӣ хел? О худатон қазоват кунед. Саҳари субҳ, ҳавои топтоза, насими боди саҳарӣ рӯйро сила мекунад, садои қурбоқаҳои нимчазиндаи Комсомолское озеро ба мисли хори филармонӣ.... магар ин табиат не? Ҳа, марге ки дар ин гуна шароит фаро мерасад, марги табиӣ мешавад, ҷаноби прокурор, ё хато мекунам?

Ман бо Фирӯз таи 3-4 сол кор кардаам. Ӯ воқеан ҳам ҷавони Ватандуст ва хоксор аст. Дар рафти фаъолияташ, ҳамчун мутахассиси кордон шумораи зиёди парвандаҳои ҷиноатиро тафтиш намуда, барои барпо гардидани адолати иҷтимоӣ дар кишвар саҳми худро расонидааст.
Имрӯз, дар насибаш чунин ҳодиса рӯҳ додааст, шояд камбудӣ карда бошад. Аммо, ҳеҷ кас намехоҳад, чунин ҳодисаҳо рӯҳ диҳанд ва кафолат медиҳам, ки Фирӯз низ хостори ин воқеа набуд.
Ман мақсади сафед кардан ва бегуноҳ баровардани Фирӯз нестам, аммо медонам, ки ӯ пас аз рӯҳ додани ҳодиса, худаш ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шуда, изҳори пушаймонӣ кардааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки пас аз рӯҳ додани чунин ҳодисаҳо дар аксар ҳолатҳо ронандагон аз ҳисси тарс мантиқан идора кардани ҳаракатҳои минбаъдаашонро ӯҳда карда наметавонанд. Аз ин рӯ, ба кирдорҳои шахс дар лаҳзаҳои аввали ҳодиса
баҳо доданро нодуруст мешуморам.
Аз ҳамватанон ва журналистон хоҳиш дорам, ки ба шахсияти Фируз ва марҳум падараш нарасида, интизори анҷоми тафтишӣ парвандаи ӯ бошанд.

ба хотири падар гуфта онхоро ба кор мегиранд. Фируз боз як бародар дорад Равшан уро дар дастгох ба кор кабул кардаанд, инам ба хотири падари мархумаш, вале бигзор дар назди конун чавоб диханд, ва шогирдони падараш кушиш харч накунанд, ки уро халос кунанд.

Мумкин дар вакти ичрои вазифа дили ягон касро ранчонида бошад? чунки дуои мазлумро Худованд кабул мекунад! Хцдованд дар хадиси кудси гуфтааст: " Эй фарзанди Одам, Битарс аз оби дидаи шахсе, ки аз ту ранчидааст, у аз ман ёри талаб мекунад ва ман ба у ёри медихам!"
Ягон камбагалро бесохиб нашуморед, чунки сохиби асосии камбагалхо Худованд аст! 70% ахли бихишт камбагалхо мебошанд.
Ба хар хол Худо нишон надихад чунин рузро ба ягом ронанда.

Suhrob
кам бухури охиста хай куни))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)