Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:12

Душанбе ва Хелсинкӣ ба ҳамкории байнипарлумонӣ ниёз доранд

13 сентябр 2011, 03:08

Масоили марбут ба рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Финландия мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумон иттилоъ доданд, зимнан раиси МН Шукурҷон Зуҳуров ба ин муносибат сафири Финландия дар Душанбе Тула Юрёларо ба ҳузур пазируфт. Зуҳуров ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Финландия таъкид карда, пешниҳод намуд, ки таъсиси гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Финландия ҷиҳати муаррифии парлумонҳои якдигар ва шеваи фаъолияти онҳо дар мамлакатҳоямон нақши муассир мебозанд.

Манбаъ афзуд, дипломати фин дар навбатихуд гуфт, феълан зарурати тавсеаи муносиботи байнипарлумонии Тоҷикистону Финландия пеш омадааст. Тула Юрёла пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуровро дар мавриди таъсиси гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Финландия беҳтарин фурсат барои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, Финландия аз рӯи барномаи «Ҳама дар назди қонун баробаранд» бо ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи масоили ҳуқуқӣ ҳамкорӣ менамояд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!