«Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон – иқтидори рушд», таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд, ҳамойиши байналмилалии иқтисодӣ ба кори худ шурӯъ мекунад.
Тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдо форуми мазкур тайи се рӯз идома ёфта, 15-уми сентябр ҷамъбаст хоҳад шуд. Тавре ин манбаъ ба хабаргузории «Озодагон» иброз дошт, ҳадаф аз баргузории анҷумани мазкур муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати шиносоӣ ва дастгирӣ намудани робитаҳо байни намояндагони мақомоти давлатӣ, маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, роҳбарони ширкатҳои маҳаллӣ ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ, маълумотдиҳӣ барои сармоягузорон оид ба афзалиятнокии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили фаъолияти асоси меъёрию ҳуқуқии минтақаҳо мебошад.
Дар ин нишаст, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, намояндагони кишварҳои хориҷаи наздик ва дур, масъулини сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои тиҷоратӣ, ширкатҳо ва фондҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок мекунанд. Ҳамойиш бо ташаббуси вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо маъмурияти минтақаҳои иқтисодии «Суғд» ва бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Бонки миллии Тоҷикистон ва дафтари САҲА дар Тоҷикистон сурат мепазирад.{jathumbnail off}
Мӯҳр