Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:04

Ҳамадонӣ: Моҳе як тухм аз як мурғ

14 май 2011, 06:43

Тибқи омори расмии ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ, тухмгирӣ аз 1-сар мокиён дар 3-моҳи аввали имсол 3-донаро ташкил медиҳад.

Ба маълумоти шуъбаи омори ноҳия, соли гузашта ва дигар солҳои пешин низ мурғони Ҳамадонӣ дар 3-моҳ 3-донагӣ тухм бароварда будаанд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ дар ҳамаи ноҳия 39243 сар мурғ парвариш меёбад.

Алихон Холиқов, муовини раиси ноҳия дар посух ба суоли хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт,  «дуруст ва нодурустии оморро мо назорат бурда наметавонем. Зеро ин ташкилот дар зери итоати мо нест ва он системаи кории ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тарзи корбарии он барои мо норӯшан аст».

Ҳамоно, маълумоти шуъбаи омори ноҳия рақамҳои санҷиданошуда ва беназоратиро мемонанд. Дар 3-моҳаи авали соли 2011 «ширҷӯшӣ аз 1-сар модагов» 274-литр, ё дар 1-моҳ 1-модагов 91-литр шир медодааст. Айнан ҳамин гуна маълумот дар ҳисоботҳои солҳои гузашта низ бе ягон тағйирот нишон дода шудааст. Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 816-сар модагов доранд ва тибқи ҳамин омор, мутаносибан дар 3-моҳ аз ҳисоби хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 223,5-тона шир истеҳсол мешавад. Вале ҳамин  шир ба куҷо сарф мешавад, ягон масъул бо шумули раиси ноҳия Хуҷамурод Фазлиддинов, хабар надоранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!