Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:36

Нархи барқ дар Тоҷикистон 66 фойиз боло хоҳад рафт

13 сентябр 2011, 08:29

Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик», мегўяд, тарифи фурўши барқ дар Тоҷикистон дар доираи созишнома бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ мунтазам афзоиш ёфта истодааст.


Ин нуқтаро ҷаноби Гулов, зимни форуми дуюми байналмилалӣ оид ба самаранокии энергетикӣ, ки айни ҳол дар Душанбе ҷараён дорад, изҳор дошт. Вай дар ҷавоб ба интиқоди масъулини Созмонҳои байналмилалӣ оиди паст будани нархи барқ, ки ба гуфтаи онҳо монеаи сармоягузорӣ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон шуда истодааст, мисол овард: «Нархи фурўши як киловатт барқ дар Тоҷикистон соли  2006, барои аҳолӣ 0,42 сентро ташкил медод ва ин нишондод дар соли 2010 –ум ба 2,04 сент баробар гардид.

Айни ҳол нархи миёнаи фурўши барқ дар Тоҷикистон 1,8 сентро ташкил медиҳад. Аммо Рашид Гулов таъкид кард, ки тибқи созишнома, миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ то соли 2013 нархи миёнаи як киловатт барқ бояд, ҳадди ақал ба 3 сент барои як киловатт баробар шавад.

Аммо Атабек Умирбеков, масъули Маркази экологии минтақавии Осиёи Миёна, бо ишора ба қашшоқии мардум дар кишварҳои минтақа, таъкид кард, ки боло бурдани нархи барқ метавонад вазъи иҷтимоиро шиддат бахшад. Умирбеков, Қирғизистонро мисол меорад, ки соли 2009 –ум гаронкунии барқ дар ин кишвар ба инқилоби ранга анҷомидаст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!