Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:18

Ҷопониҳо ба таомҳои тоҷикӣ таваҷҷӯҳ мекунанд

13 сентябр 2011, 09:57

Дар Ҷопон як китоб таҳти унвони «Мизи сафорат» ба нашр расид.


Тибқи иттилои расида, дар ин китоб оид ба тарзи пухтани хӯрокҳои миллии кишварҳои ҷаҳон нақл карда мешавад. Ду саҳифаи китоби мазкур ба хӯрокҳои миллии тоҷикон ва тарзи тайёр намудани онҳо таалуқ дошта, аз ҷониби Ғуломҷон Бобозода, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон пешниҳод гаштааст. Гуфта мешавад, дар китоби мазкур аз 211 сафорат ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷопон ба қайд гирифта шудаанд, танҳо 48 кишвар тарзи тайёр кардани хӯрокҳои миллии хешро манзур намудаанд. Бояд қайд кард, ки чанде пеш дар шабакаи телевизионии «Фуҷӣ»-и Ҷопон тӯли панҷ рӯз барномае дар бораи  Тоҷикистон ва тарзи пухтани хӯрокҳои миллии тоҷикӣ намоиш дода шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!