Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:26

Дар Тоҷикистон беш аз 50 ҳазор тонна ангишт захира шудааст

13 сентябр 2011, 10:05

Тайи 8 моҳи соли равон корхонаҳои истеҳсоли ангишт 111 ҳазору 437 тонна ангишт  истихроҷ намудаанд, ки ин нишондод 105, 1%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.


Ба иттиллои маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноати кишвар, имсол фурӯши ангишт ба 110568,7 тонна расидааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1670,7 тонна зиёд шудааст. Афзоиши фурӯши ангиштро дар соли ҷорӣ, вазорати энергетика ва саноат, ба содир намудани он ба хориҷи кишвар, хусусан ба ҷумҳурии исломии Покистн рабт дод.

Тибқи иттилои манбаъ, соли равон конҳои ангишти «Фон-Яғноб» ва «Зиддӣ» 15. 200 тонна ангиштро ба хориҷи кишвар содир намудаанд. Захираи умумии ангишт бо назардошти бақияи соли гузашта, дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши ангишт беш аз 50 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Маврид ба зикр аст, Тоҷикистон дар баробари содир намудани ин намуди сӯзишворӣ аз Қазоқистон ва Қирғизистон ангишт ворид мекунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!