Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:46

Масимо Барра бо хабарнигорони Тоҷикистон мулоқот мекунад

13 сентябр 2011, 10:19

Масимо Барра, президенти Комиссиюни пайвастаи Салиби Сурх-Ҳилоли Аҳмар фардо дар Душанбе барои хабарнигорони ватанӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.


Тибқи иттилои намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон (ФБҶ СС ва ҲА) ин чорабинӣ муштаракан бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) сурат мепазирад.

Гуфтанист, ҷаноби Барра ҳамзамон муассис ва узви Шӯрои Бунёди итолиёвии Вилла Мараинӣ буда, тақрибан 40 соли умри худро ба соҳаи беҳдоштӣ, асосан ёрӣ ба мӯътодони маводи мухаддир бахшидааст. Масимо Барра 9-уми сентябр бо боздиде дар Тоҷикистон қарор дошта, аз машваратхонаҳои мӯътодон дар Кӯлобу Дарвоз ва Хоруғу Шуғнон, ҳамчунин, аз беморхонаи гирифторони ин маризӣ дар вилояти Бадахшон дидан кард. «Ӯ бо мақомоти ҳукуматӣ ва беҳдоштии Тоҷикистон дар марказ ва дар маҳалҳо мулоқот намуд ва ҳамакнун, дар анҷоми сафари худ расонаҳои хабариро бо таассуроти худ шинос хоҳад кард»,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!