Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 30 май 2017, 12:17

Тоҷикстандарт: Стандартҳои нави байнулмилалӣ роҳандозӣ мешаванд

13 сентябр 2011, 12:13

Агентии Тоҷикстандарт тасмим гирифтааст, барои содир намудани маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ ба кишварҳои хориҷи дур стандартҳои нави байналмилалиро таҳия намояд.


Мурод Ашӯров, сухангӯи маркази матбуотии ин ниҳоди давлатӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ дод, ки лоиҳаи стандартҳои нави байналмилалиро баъди таҳия намуданашон ба Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ пешниҳод хоҳанд кард. Чунин стандартҳои нави байналмилалӣ, ки агентии Тоҷикстандарт мехоҳад онҳоро амалӣ созад, асосан ба маҳсулоти меваҷот, аз қабили себ, олу, хурмо рабт доранд. Ин иқдоми Тоҷикстандарт аз ҷониби корхонаҳои ҶММ «Баракати Исфара» ва корхонаи муштараки «Оби зулол», ки ба коркарди мева машғуланд, ба хубӣ қабул шудааст.

 

Гуфтанист, дар сурати қабул гардидани стандартҳои нави байналмилалӣ аз ҷониби Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ, масъалаи коркарди меваҷотҳои гуногун ва қабули онҳо аз тарафи дигар кишварҳо боз ҳам хубтар ба роҳ монда мешавад, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!