Бахшҳо

ВИДЕО-и муроҷиати волидайн ба Шарофиддин: Писарам шукрона кун!

Волидони Шарофиддин Гадоев, узви созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” аз ӯ хостаанд, баромадҳои зиддиҳукуматиро хотима диҳаду шукронаи оромию ободӣ кунад ва ба Ватан баргардад.

Дар навори муроҷиати хонаводаи Шарофиддин Гадоев, ки ахиран дар интернет пахш шуд, Ойишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин мегӯяд, “ту шукронаи ҳамин Ватан, зиндагии хубу хушамон кун. Ту насиҳатҳои мара, ки аз кӯдакӣ мегуфтам, ба ин хел корҳо дахолат накун куҷо кардӣ? Ҳеч вақт ба раҳи бад нарав, кори бад накун”.

Абдуллоева аз фарзандаш хостааст, дар мамлакати дигар ҳам бошад ба корҳои нағз машғул шавад ва гапҳое бизанад, ки аз кору гапҳояш модараш хурсанд шавад: “Ин гапу корҳоятро бас кун, намехоҳам аз пушти фарзанди ман хуне бирезад. Мехоҳам, дар пайи қадами Шумо гулҳо бишукуфанд. Розигӣ ва дуои маро агар хоҳӣ дар ягон ҷои ҷаҳон ба ягон кас зарар нарасон. Номи нек ними давлат аст”.

ВИДЕОИ МУРОҶИАТИ ВОЛИДАЙНИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ

Мирзоалӣ Гадоев, падари Шарофиддин Гадоев низ дар ин навор қатъи фаъолияти зиддиҳукуматии ӯро талаб карда, хостааст, ба Тоҷикистон баргардад: “Зиндагӣ ҳоло дар Тоҷикистон хуб аст. Чӣ даркорай ин корҳо, ягон фоида надоранд. Фирефтаи беақлҳои дигар машав”. Қурбон Гадоев, бародари Шарофиддин Гадоев ҳам зимни баромадаш дар ин навор аз бародараш хостааст, пайрави гуруҳҳои бемаънӣ нашаваду дар фикри худ ва волидонаш бошад: “Бигузор дар дами пирӣ роҳат бинанд, ғамашон надеҳ. Баромаду гапҳои зиёдатӣ назан. Гапҳои ягон кас ва гуруҳро гӯш накун. Тинҷ бигард, ҳама ҷо ором аст”.

Шарофиддин Гадоев, узви созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” мебошад, ки бо баромадҳои зиддиҳукуматияш дар шабакаи интернет маъруф аст. Ӯ қаблан бо дархости мақомоти тоҷик дар Испания боздошт шуда буд, вале додгоҳ истирдодашро ба Тоҷикистон рад карда, озодаш намуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Я
Ин як намуд чанги занонаи хукумати Точикистон бар зидди мухолифон мебошад. Чун, ки беаклтарин нафар медонад, ки хама ин гапхо дар зери тири автомат гуфта шудаанд. Магар хафтае пеш надеда буденд, ки ба модару хонаводаи Гадоевхо чигуна балоро ба сарашон оварда буданд? Ана ин хамон мачбуркунии макомот бар хонадони Шарофиддинхо мебошад!!!!!! Озодагон тухам гунахкори чаро наворе, ки як хафта пеш баромада буд онрохам дар макола чой намекуни? Тоин, ки мардум хакикатро фахманд!!!!

Бие бачам, кати худут Умаралию Додочона хам биер. Ватан тенчай, амонияй. Ранги Зайд шукрона карда омадан гиред

Пухт
Падару модар ва бародари Шарофиддин!
Дигар уро ба Душанбе нахонед, чун такдираш дар ин чумхури пухтааст, агар у биёяд 23 соли зиндон барояш таъйин аст.

кулоби
Пухт,
Пухт,
Шарофе азруи гуфтахои одамон падари ту вазифаи пеши пешаш то давраи истиклолият ин нос фуруш бдай. шукронаи ами истиклолияту ами тенчира кун,ки сохиби пулу мол шидию рафти Испанияра диди. Агар аму даврони пеш мешид вазифаи падарта мегирифтию саломатии одамора вайронкарда мегашти .....

Shukrona karda omadan gired ba vatan!!!!

Я,
Бародар ту мардиро дар чи мебини? Дар мардумро ба майдон кашидану хуни нохак рехтан? Ё аз хорича нишаста мардумро ба майдон барорию худат аз дур нишаста нигох кардан? Ё ин ки аз дур истода "хакикат" гап занию аз наздик лаганбардори куни? Ин Шарофиддин Гадоев ва Умарали Куватов як вакт лаганбардори хамин Хукумат буданд, акнун ки "харашон аз чуйбор парид" аз хорича рафтанду ба кавли худшон "Мард" шудаанду ба миллати точик "Хизмати хирсона карда истодаанд" ё "Максади хизмат доранд"

ман нафахмидам, ки чаро ин кадар аз Гурухи 24 дар харосанд, чи онхо ба ин чо одамкуши меоянд, инхо кихоянд ва чи мехоханд, хохиш нависед.

ОЗОДАГОН!! Чаро матлабхои маро чоп намекуни?? Озод боши, чаро ба як пахлу менигари??? Ё маъкул нашуд суханони ман??

Shukrona gufta bargard pisaram in jo turo bo gulu guldasta peshvoz megiran)))

Я
хамватан,
Ошно рав аввал аз вазъияти хомонхочахонат бохабар шав бад биё бамо гап ёд дех! Ё, ин, ки хамаро мебинию мешунави худатро ба куру кар шабохат медихи. Ман ба гирдихамойи мардум розиям вале барои чанг не чун,ки ин хочагони ту алакай ба дили мардум задаан.

Бахром
Насихатхои хуб лекин мегирифта бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)