Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:31

Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ-и Русия нома ирсол дошт

14 сентябр 2011, 03:21

Ҷасади сарбуридаи Ҷонибек Қосимови 24-сола, сокини ноҳияи Панҷакент аз пойтахти Русия ба зодгоҳаш интиқол ёфт.


Тавре пайвандони марҳум ба хабарнигори «Озодагон» дар шаҳри Маскав изҳор доштанд, Ҷонибек Қосимов аз сўи миллатгароёни рус мавриди латукӯб қарор гирифта, 21 захми корд бардоштааст. Гузашта аз ин, тоссарҳо мошини ўро сўзонидаанд. Қатли ваҳшиёнаи ин тоҷикписар бино ба гуфтаи пулиси шаҳри Сергиев-Посади назди Маскав дар ҷойи дигар сурат гирифта, баъдан ба ҷангали ин минтақа партоб шудааст.

Сухангўи сафорати Русия дар Маскав  Муродҷон Бӯрибоев мегўяд дар қиболи ин ҳодиса сафорат ба ВКХ-и Русия номаи эътирозӣ ирсол карда, тақозо намудаанд, то дар ошкор намудани ҷинояткорон ва мунсифона баррасӣ намудани парвандаи ҷиноӣ кўмак намоянд. Ҳамчунин, ба хешовандони мақтул барои интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон кўмаки ҳуқуқиву амалӣ расонида шудааст. Бино ба гуфтаи   Бӯрибоев, феълан ин қазия зери назорати ҷиддии сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев қарор дошта, ҳамчунин сафорат ҳамкории зичро бо сармуфаттиши Кумитаи тафтишоти ФР оид ба шаҳри Сергиев- Посад Я.В. Болонюк  ба роҳ мондааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!