Бахшҳо
21 окт 2014 11:01Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Маргу маҳбас... Оқибатҳои қарзгирӣ дар шароити Тоҷикистон

Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои "Озодагон"

Худсӯзии Олег Токов, соҳибкори 45-сола дар маркази савдои “Содот”-и маҳаллаи 46-ум, боздошти ситораи телевизиони тоҷик, собиқ ровии шабакаи аввал, Муаттара Ҷӯраева ва маҳкумияти соҳибкорзан Фирӯза Ғаёсова ба 8 соли зиндон дар сархати хабарҳои Тоҷикистон тайи як ҳафтаи охир қарор доштанд. Ҳамаи онҳо қарз гирифта, саривақт натавонистаанд бозпас диҳанд ва бинобар ин Токов худкушӣ карду Ғаёсоваю Ҷӯраеваро ҳамроҳ бо даҳҳо нафари дигар мақомоти тафтишотӣ ба иттиҳоми қаллобӣ пушти панҷара бурдаанд.

Аммо ин тарҳи қаллобӣ бисёр содалавҳона ба назар мерасад, чун тавре аз парвандаҳо бармеояд, муттаҳамон қарздориро эътироф мекунанд ва далели саривақт бозпас надодани маблағро набудани имконият арзёбӣ мекунанд. Шояд онҳо қаллоб нею соҳибкорони нокоманд, ки таваккал карда, қарз гирифтаанд, вале дар шароите, ки Тоҷикистон дорад, муваффақ нашудаанд. Шояд иллат дар шароити қарзгирию соҳибкории сангини Тоҷикистон ва бархӯрди нодурусти мақомот бо қазияҳои иқтисодӣ аст, ки “фитодаро по мезананд”?

Аз ҷумла аз маводи парванда алайҳи Муаттара Ҷураева бармеояд, ӯ нияти фаъол кардани тарабхонаи иҷорагирифтааш-“Санавбар” воқеъ дар маҳаллаи Ҳаёти Навро доштааст ва иттиҳомот алайҳи ӯ асосан ба ин тарабхона рабт доранд, ки қолин гирифтаасту саҳна сохтаасту рангу бор кардаасту ҳаққи устою фурӯшандаҳоро то ҳол пурра надодааст.

Майли ин ситораи собиқи телевизион ба соҳибкорӣ ӯро ба иттиҳоми қаллобӣ пушти панҷара бурд ва афроди монанди Ҷӯраева, ки саривақт қарзро бозпас надодаю пушти панҷара қарор гирифтаанд, дар гузоришу эълонҳои мақомот ба даҳҳо адад мерасанд.

Шояд ин боздоштҳо барои мақомоти тафтишотӣ ҳамчун натиҷаи фаъолият хизмат мекунанд, ки ба "боло" аз боздошти фалон теъдод қаллобон гузориш медиҳанд, зеро тавре худи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ мушоҳида кардаасту ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо соҳибкорон баён дошт, бисёри гузоришҳо дар кишвар одатан бо назардошти манофеи шахсӣ, гуруҳӣ ё идорӣ пешниҳод мегарданд.

Аммо Озар Холназаров, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, маҳкумсозии чунин афрод натиҷае намедиҳад ва дар ин ҷо бояд асли қазияро дар шароити мушкили қарзгирию соҳибкории Тоҷикистон ҷуст. Холназаров мегӯяд, дар кишвар муносибати мақомот “фитодаро пой задан” аст ва Кумитаи андози Тоҷикистонро мисол овард, ки “вақте як соҳибкор ба далели мушкилоти молӣ натавонист андозро саривақт пардохт кунад, Кумитаи андоз нисбаташ фоизбандиро татбиқ мекунад, ки дар натиҷа соҳибкор ба қарз ғӯтавар мегардад.”

Холназаров мегӯяд дар Тоҷикистон низоме роҳандозӣ шудааст, ки агар боре қарздор шудӣ, халосӣ аз он мушкил аст. Мақомоти тафтишотию санҷишӣ аксаран бо як ҳисси бологирона муносибат мекунанд: “Онҳо ҷазо доданро вазифаи асосии худ мешуморанд ва дар умури молиёт ниҳоде нест, ки ҷазо доданро канор гузораду машварату маслиҳат диҳад, то ҳамаи иштирокдорони муносиботи иқтисодӣ фоида бинанд, на зарар.”

Ба гуфтаи ин коршинос феълан дар мавриди қазияҳои иқтисодӣ низоме роиҷ шудааст, ки ҳам сех месӯзаду ҳам кабоб. Ӯ ба фарзи мисол қазияи Ҷураеваро мисол овард, ки феълан дар боздошт аст, дарҳои тарабхонааш муҳр зада шудаанд ва бо такя ба таҷрибаи “Ҳафт бурҷ”-у “Мовароуннаҳр” илова намуд, ки эҳтимол баъди маҳкумсозӣ даъвогарону қарздиҳандагон низ пушаймон шаванд, чун намедонанд, дигар аз кӣ қарзашонро талаб кунанд.

Холназаров мегӯяд, ин қазияҳои ҷузъӣ, ки теъдодашон рӯзафзун аст, дар маҷмуъ бозгӯкунандаи шароити сангини қарзгирӣ, фоизҳои баланд, мушкили даромаднок нигоҳ доштани тиҷорат ва ғайра мебошанд, ки мақомоти Тоҷикистон бояд бештари нерӯяшро барои ислоҳи онҳо равона созанд на ба боздошту маҳкумсозиҳо.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон низ дар мулоқот бо соҳибкорон аз мақомоти санҷишӣ хост, овораи гузоришҳо дар бораи сабту ошкоршавии қонуншиканиҳо нагарданд ва талош дар самти ҷилавгирӣ аз қонуншиканиро бештар кунанду асли қазияҳоро омӯзанд: “Мақомоти санҷишӣ минбаъд набояд ба ҷавобгарӣ ҷалб намуданро чун нишондиҳандаи фаъолияти худ арзёбӣ намоянд, балки барои зиёд шудани ҳуқуқвайронкуниҳо низ масъулият дошта бошанд. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки муҳлати амали қонунгузории санҷишро аз 1 январи соли 2016 муайян карда, дар соли 2015 санадҳои дахлдорро қабул намояд, то ки татбиқи ислоҳоти санҷиш самараи дилхоҳ диҳад.”
Мӯҳр
Дарди руз.......Агар боз бонкхоро хам тахлил мекардед, фоизхояшонро камтар мекарданду барои мизочонашон шароит фарохам меоварданд, сатхи зиндагии мардум хубтару бехтар мешуд окои Махматкадам !!

Муаллим
Барои Муаттара дар паси панҷара будан ин беҳтарин ва ягона роҳи халосӣ аз қарз аст. Чунки бо паси сар кардани муҳлат (ё бо амнистия) аз баргардонидани қарз сабукдӯш мешавад. Агар нашинад, маҷбур аст қарзҳоро ба соҳибонаш гардонад.
Дар охир мехоҳам гӯям, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фоизи қарз аз ҳама баландтарин ва шароитҳои он аз ҳама мушкилтарин мебошанд. Барои мисол, дар Чин фоизи солона 5%, дар Тоҷикистон бошад - 33%. Ана барои ҳамин ҳам соҳаҳои истеҳсолӣ дар мо пеш намераванд, вале бонкҳо густариш меёбанд. Ҳамарӯза корхонаҳои истеҳсолӣ муфлис шуда, аз кор мемонанд, вале бонкҳои нав ба нав пайдо шуда ва рушд меёбанд.
Шароитҳои андоз низ яке аз бадтаринҳо мебошанд, гарчанде худи кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории андоз он қадар камбудии назаррасе надоранд. Вале рафтори мансабдорон ва нозирони андоз чунонест ки соҳибкор миёншикан мешавад.
Дар Тоҷикистон ҳар як корманди баландпояи сақомоти қудратӣ дорои якчанд субъектҳои соҳибюкорӣ мебошад (корхона, соҳибкорони инфиродии ба вай хешу табори наздик) ва онҳоро "муҳофизат" мекунад. Онҳо ҳатто андозро ҳам намесупоранд. Ана ҳамин андози насупоридаи онҳо бо ҳар роҳу усул аз ҳисоби дигар соҳибкорон (бесоҳибон) ситонида (ҷуброн) мешавад.

воеееее. Марг ба хамин зиндагиб безор шудем. аз бонкхо карз мегиранд, ба умеде ки зиндагим ободтар, тичорати хубтар дошта бошанд, лекин ин бонкхои мо одамро хонахаробу муфлис ва бе кафан мекунанд. хоса дар ин шароити бухрони аз пардохтани карзу фоизи гарони бонк ба дод омадаем. фоизхои гарон комати мардумро шикаста истодааст. Мухтарам вакилон, мухтарам президент ва хукумати мамлакат ба доди мо бирасед ки бехад дар шароити хонавайрони карор дорем, метарсем ки дар ин шароит якояк хама сохибкорон хам паси махбас мераванд сабаб пардохта натавонистани карзу фоизхои он.

Гуфтаои Холназаров хак асту рост. Духтари ман Муаттара Чураева аз ягон нафар мабларо дуздида ё фиреб карда нагирифтааст. Факат гунохаш дар вакташ пардохт карда натавонистааст. Агар мемонданд, ки ором фаъолият кунад, давоми як сол медод. Акнун, худ хулоса бароред. Дар ин чо факат коркунони коррупсия ва макомоти суд хисоботи зиёддтар медиханд. Мумкин, обруяшон боз баландтар шавад, ки онхо тавонистанд, хатто ситораи телевизионро махкум карданд. Чи хел кахрамонист. Аммо маблаги чабрдидахо сухт, дар ин бора хеч кас фикр намекунад...

гоиб
нихоят баланд аст фоизи бонкхо ягон чорабини шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)