Бахшҳо

Файзинисо Воҳидова: Ширкатҳои мобилӣ дар назди мақомот забонкӯтоҳанд

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик чанде қабл эълон кард, аз истифодаи телефони ҳамроҳ даст мекашад. Ӯ ин тасмимашро як навъ эътироз ба гӯш кардани суҳбатҳои телефонияш аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон маънидод кард. Хабарнигори “Озодагон” бо ин ҳуқуқдони маъруф мусоҳибае орост ва нахуст аз ҳамин мавзӯъ суол кард.

Файзинисо Воҳидова: Телефони мобилие, ки дар ихтиёрам буд ва ҳаст, аз оғози фаъолияти якумин ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон - “Сомонком” буда, онро 14 сол истифода кардам. Боре ҳам шумораи телефонамро иваз накардам. Аммо як соли охир эҳсос намудам, телефони маро гӯш мекунанд. Аслан, аз ин чиз ҳарос надорам, зеро шахси мансабдор нестам ва дар фаъолияти корӣ низ сире барои пинҳон намудан надорам.

Вале миёни зану шавҳар суҳбатҳои маҳрамона ҷой доранд, ба таври мисол аз рӯзгору камбудии маблағ ё зарурати харидани маводи ғизо ё дигар анвои рӯзгор, ки баъзан ҳатто намехоҳам фарзандонам хабардор бошанд, аммо кадом як беномуси мақомдор ин гуфтугӯи байни ман ва шавҳарам, ё бо фарзандону хешу табор ва дӯстонамро гӯш мекунад. Ба ҷои он масъулини беҳайё шарм мекунам, ки ба ҳамин васила рисолати худро назди мақомот ва давлат иҷрошуда медонад ва боз ҳам маоши ин бешарафро ман бояд пардохт кунам. Аз ин лиҳоз, беҳтарин роҳ ин даст кашидан аз истифодаи телефон буд.

Озодагон: Аз куҷо мутмаин шудед, ки телефонатонро гӯш мекунанд?

Файзинисо Воҳидова: Аввалан сифати муошират хеле паст шуд. Ҳангоми суҳбат баъди ду се сония садо паст мешавад. Сониян, баръало эҳсос мешавад, ки асбоби иловагиро насб мекунанд ва ҳатто овози худи масъулин гоҳо шунида мешавад. Ин пастмаърифатии масъулин аст, ки баъзе вақтҳо аз иҷрои "вазифааш" фаромӯш карда бо дигарон суҳбат мекунад, ки ман баръало мешунавам. “Заряд”-и телефон зуд тамом мешавад. Барои мисол, ду ҳафта қабл берун аз кишвар будам ва дар 15 рӯз як маротиба ва он ҳам баъди 10 рӯз телефонамро ба нерӯи барқ пайваст кардам, то нерӯ бигирад, ҳарчанд шумораи зангҳо қариб, ки як хел буданд, инҷо бошад, баъзан то поёни рӯз кифоя намекунад.

Озодагон: Ба фикри Шумо кадом ниҳод телефонатонро гӯш мекунад?

Файзинисо Воҳидова: Мутмаинам, ки мақомоти амният гӯш мекунад.

Озодагон: Ин кор қонунист?

Файзинисо Воҳидова:
Тибқи қонунгузорӣ гӯш кардани суҳбати телефонӣ танҳо дар ҳолати ҷой доштани зарурат бо иҷозати додгоҳ имкон дорад.

Озодагон: Агар гӯш мекунанд, чаро ширкатҳои мобилӣ ба мақомот иҷозат додаанд?

Файзинисо Воҳидова: Ширкатҳои мобилӣ дар назди мақомот забонкӯтоҳанд. Чун мақомот хуб медонад, ки ин ширкатҳо камбудӣ доранд, андозро пинҳон мекунанд, трафикҳоро ба касе хоҳад медиҳад ва ба савдо мегузорад ва ба мардумфиребӣ даст мезананд.

Озодагон: Бе телефон душвор нест? Аз ин тасмиматон баргаштанӣ нестед?

Файзинисо Воҳидова: Дар замони муосир, ки телефони мобилӣ як намуди алоқаи маъмулӣ гардидааст, албатта мушкил аст. Аз тасмимам бармегардам ё не вақт нишон хоҳад дод. Телефони ман моли ман аст, аз ҳисоби худам пардохт мешавад ва дар ҳар ҳолате, ки зарур шавад, фаъол намуда, истифода мебарам. Муҳим инҷо як эътирози дастаҷамъона алайҳи ширкатҳои мобилист. То онҳо донанд, ки ҳаққи мардумро поймол кардан мумкин нест. То кай онҳо хизматгору пойбанди мақомот мебошанд.

Бубинед, ки сардори Хадамоти алоқа дилхоҳ вақт қатъи алоқаҳои интернетӣ ва бастани сомонаҳоро талаб мекунад ва ширкатҳо бе чуну чаро иҷро мекунанд, гарчанде бар зарари ширкат ҳам бошад. Мақомоти амният ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ баҳри таъмини амнияти миллату давлат ҳуқуқ доранд телефони бархе шахсони шубҳанокро гӯш кунанд, аммо ин амал бояд дар чаҳорчуби қонун сурат бигирад ва чаро телефони маро гӯш мекунанд? Магар ман ягон шахси хавфнокам ва таҳдиди халал ворид кардан ба амнияту тартиботи ҷамъиятӣ вуҷуд дорад? Ман террористу ифротгаро нестам. Шояд ман аз дилхоҳ вазиру раис ва сардорони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ватанамро бештар дӯст дорам ва ҳамеша ҷонибдори суботи ҷомеа будаму ҳастам.

Мусоҳиб: Сиёвуш ҚОСИМЗОДА


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
гапхои беасос, ин телефони кабели нест ки дар як лахза онлайн онро гуш кунанду онро хис куни, вайро мешавад баъд аз гуфтугу прокрутка кард, дувумин барои гуш кардани телефон, ягон шахси нихоятан воломаком, алигарх, мансабдори масъул будан лозим, аммо шумо на ину на он... сафи хукукшиносон соле аз 1000 нафар зиёд мешаванд, онхоро хам гуш кунанд дигар?

Цитата: nosi
nosi

Он чиро ки намедонед дар бораи он бахс накунед. Мешавад онлайн гуш карда. Факат раками телефонро донистан даркор тамом.nosi,

точик
nosi,
Ба фикрам худат гуш мекуни..Шахсоне ба монанди Файзиниссо барои ин хукумати фасодзада хатар доранд.Барои хамин онхоро гуш медиханд.Он 1000 хукукшиноси ту ба касе даркор нестанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)