Обуҳавошиносон: Тоҷикистонро сардӣ интизор аст
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, 23-юми октябр кишварро ҳавои сард фаро хоҳад гирифт.
Ба иттилои манбаъ дар ин рӯз ҳавои номуътадил дар назар буда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 7-9 дараҷа поён меравад: “Дар водиҳо боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар домонакуҳҳо боришот бо шамоли сахт дар назар аст. Дар бархе аз навоҳии куҳӣ барфрезӣ мешавад.”
Обуҳавошиносони тоҷик таъкид мекунанд, ки ҳавои номуътадил ҳамагӣ як рӯз давом карда, 24-уми октябр ба эътидол меояд. Ба иттилои муассисаи обуҳавошиносӣ ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон аз 24 то 27-уми октябр ҳудуди 20-25 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |