Бахшҳо

Раҷаби Мирзо: “Намехоҳем шоҳзода дошта бошему баъди қудрати падар ҳукмронии худро идома диҳад”

Баъди сару садоҳо дар бораи баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе, бархе соҳибназарон гуфтанд, ҳукумати кишварро зарур аст аз ин овозаҳо сабақ бигирад ва ба ислоҳоти ҷиддии сиёсӣ даст бизанад. Дар зимн, “Озодагон” аз чанд коршиноси тоҷик пурсид, “Тоҷикистон ба ислоҳоти сиёсӣ ниёз дорад?”


Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ ва вакили парлумон
Мо 20 сол шуд мегӯем, ки ниёз дорад.

Усмон Солеҳ, раиси шӯъбаи таблиғоти ҲХДТ
Сиёсат худаш ба такмил ниёз дорад ва инро раҳбарияти давлат пайгирӣ карда вобаста ба авзои дохилӣ, минтақа ва ҷаҳон ҳатман сиёсати дохиливу берунии кишварро такмил медиҳад. Вобаста ба пайдоиши мушкил, тағйири вазъи иҷтимоӣ ва ё ниёз ба ягон таҳаввулот мақомот ба он эътибор дода тағйиру такмил медиҳанд. Ин як раванди табиӣ аст. Дар сиёсати хориҷӣ ҳам чунин аст ва мо кӯшиш мекунем, ки мақоми Тоҷикистонро ҳамеша дар як ҷои намоёну сазовор бинем.

Аюб Эгамов, сиёсатшинос
Албатта Тоҷикистон ба ислоҳоти сиёсӣ ниёз дорад, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки бо он аҳволе, ки ҳоло дар мамлакат вуҷуд дорад ягон пешравие дида намешавад. Ислоҳоти иқтисодӣ бошад ҳеч гоҳ бидуни ислоҳоти сиёсӣ амалӣ намегардад. Ислоҳоти сиёсӣ асосан бо 3 роҳ амалӣ карда мешавад: Якум, ҳукумат худ бояд ислоҳот гузаронад. Ҳар гоҳе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз нав курсии президентиро ишғол мекард ва командаи нав ташкил медод ӯ шансе дошт барои гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ, вале ё ҷуръат намекард ва ё намехост. Яъне, роҳи якум дар Тоҷикистон ғайриимкон аст.

Дуюм, ислоҳоти сиёсӣ зери фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, асосан оппозитсионӣ. Ин роҳ низ аллакай аз байн рафт, зеро ҳукумати Раҳмон ҳаргиз ба ҳизбҳои сиёсӣ гӯш намекунад, ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад дар Тоҷикистон ҳоло хеле заиф аст, чун ҳизбҳои оппозитсионӣ. Сабаб: ҳукумат оҳиста ба сохти худкома мубаддал ёфт, ки дар он танҳо гуфтаҳои президент Раҳмон “ҳақиқати мутлақ” аст, гарчанде аз мантиқ дур бошад ҳам ва ҳамагуна дигарандешӣ пахш мешавад. Роҳи сеюм, аз байн рафтани режиме, ки солҳои тӯлонӣ дар ҳукумат буд бо ҳар роҳе, ки дар таърих вуҷуд дорад ва ба сари ҳукумат омадани тамоман шахсони дигаре, ки нақшаи гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ доранд. Онҳо бояд нақшаи тайёри ислоҳоти сиёсӣ, дигаргунӣ дар ҳама институтҳои давлатӣ, дар ҳама соҳаҳо ва умуман гирем дигаргунии сохти давлатдорӣ, мисол аз президентӣ гузаштан ба сохти парламентӣ дошта бошанд. Акнун худ қазоват кунед: кадоме аз ин роҳҳо дар Тоҷкистон имконпазир аст?

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари масоили сиёсӣ
Мавзӯи ислоҳоти сиёсӣ бегуфтугӯ моро ба масъалаи вуҷуд доштани идеологияи давлатӣ ва иқтидору тавонмандиҳои элитаи ҳукмрон, бештар аз ин, бо чӣ ҳадаф дар қудрат будани онҳо рӯ ба рӯ мекунад. Мувофиқи меъёрҳои қабулгардидаи ҷаҳонӣ идеологияи давлатӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини субот, шакл додани мавқеи қаноатмандии шаҳрвандон, эътимод бахшидани ҷомеа ба афзалиятҳои шакли раҳбарии мавҷуда равона гардидааст. Яъне, идеология ватандӯстии мардумро тақвият бахшида, ҳатто онҳоро чуноне тарбият менамояд, ки эҳтимоли дар ин роҳ қурбон шуданашон истисно нест. Аммо ба назар гирифтан зарур аст, ки ҳар як иделогия ва дар навбати худ ислоҳот низ бояд ба унсурҳои миллии кишвару ҷомеаҳо созгор бошад. Аз ин дидгоҳ, на ҳар идея метавонад ба сифати идеологияи давлатӣ пазируфта шавад ё дар замони муайян қабул гардад. Ҳар гуна кӯшиши сарфи назар намудани ин меъёрҳо боиси пайдоиши бӯҳронҳо мегардад.

Таърих дар ёд дорад, ки дар замони худ барои Ленин зарур омад, ки аз баҳри идеяи “коммунизми ҳарбӣ” бигзараду ба ҷои он сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП)-ро роҳандозӣ намояд. Баъди як соли “терапияи шокӣ” Елтсин низ Гайдарро ба истеъфо фиристоду ислоҳоти кишварашро мавқуф гузошт. Ин мисолҳо бори дигар далолат ба он мекунанд, ки ҳеч гуна идеология ва ислоҳот бо сарфи назар кардани махсусиятҳои миллӣ ва фурсати муносиб барои амалӣ намудани онҳо ба муваффақият намерасад. Дар ин маврид гунаҳкор намудани “омилҳои хориҷӣ” (дар мисоли Ленин – ҷанг, тиллои олмонӣ, дар таҷрибаи Елсин – ташвиқоти ғарбӣ) ҳанӯз гуфтани асли масъала нест. Масъалаи асосӣ, тавре ишора кардем, ба сарфи назар кардани махсусиятҳои миллӣ робита дорад. Як таҳлили сарсарӣ нишон медиҳад, ки хостаҳои мо чандон зиёд ва он қадар ҷиддӣ ҳам нестанд. Мо мехоҳем, қонун барои ҳама як бошад ва интихобан барои “худиву бегонаҳо” иҷро наёбад. Мехоҳем, моро барои он таҳдид, латукӯб ва зиндонӣ накунанд, ки ҳарчанд қонунҳоро вайрон накардаем, аммо ин ё он кирдорамон ба “касе” писанд наафтодааст. Намехоҳем (ва ин дар Қонуни асосӣ низ зикр нашудааст) шоҳзода дошта бошему ӯ пас аз қудрати падар ҳукмронии худро идома диҳад. Намехоҳем тамоми захираҳои иқтисодиву молӣ ва ҳатто сиёсӣ хос ба як авлод бошанд. Мо мехоҳем дар ватани худ зарфиятҳои худро нишон бидиҳем ва аз мо душмансозӣ накунанд! Магар барои ин ислоҳот зарур аст? Фикр накунам. Танҳо иродаи сиёсӣ зарур аст. Не?

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносии Тоҷикистон
Тоҷикистон имрӯз ба ислоҳоти энергетикӣ ниёз дорад то сиёсӣ. Агар ислоҳоти энергетикӣ бошад дигар ислоҳотро ҳам ба худаш гирифта ба таҳаввулоти куллӣ руй меорад.

Иззат Амон, коршиноси масоили сиёсӣ
Кишвари мо 23 сол аст, ки ба ислоҳот ниёз дорад. Ба нобино ҳам маълум аст, ки режим дар як бунбаст қарор дорад ва чи кор карданашро намедонад. Чун режими ҳоким дар кишвари мо диктотурист, ислоҳот бошад хоси режимҳои диктотурӣ нест, бинобар ҳамин дар бунбаст қарор дорад. Яъне, масъулин хуб мефаҳманд, ки дигар бо ин ҳол намешавад кишварро идора кард, вале наметавонанд коре анҷом диҳанд. Ислоҳот одатан дар кишварҳои демукросӣ сурат мегирад. Ислоҳот, яъне аз навсозӣ ва тарҳи нав аст аз поин то боло. Чун режими ҳоким дар Тоҷикистон аз комунистони пешин таъсис ёфта аст, ҳич гуна ислоҳот ва демукросиро нахоҳад пазируфт. Бинобар ҳамин агар хоста бошем, ки дар Тоҷикистон ислоҳоте сурат гирад, бояд аз ҷобачогузорӣ ва тоза кардани кадрҳо шурӯъ кунем.

Саъдӣ Маҳдӣ, устоди ДМТ
Ислоҳот ҳама вақт хуб аст агар созанда бошад, на сӯзанда.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Вазир
Агар ислохот гузаронидан нахоханд пас чи бояд кард, мухтарам коршиносиони масоили сиёси?

группа 32
У Солех факат шаф-шаф мекунанд...

У бекорай ай хаму афтш маълумай,

Муслим
Рости гап ҳами Раҷаби Мирзо ба дилум месӯза, ҳақиқатан ҳам, зеро ки депутатшав буд нашӣ, халқ дастгириш накард. Ман намедонум ки ӯ чӣ мехоҳа, ба хаёлум худуш ҳам намедона ки чӣ мегӯяд.

Рустам
Усмон Солех гапи роста гуфтас. Ислохот дар хама сохахо чараён дорад. Агар ба баъзе форумнависон монед мехоханд, ки инкилоб шаваду чангу хунрезй, баъд дтлошон тар мешавад. Мо як бор ислохоти сиёсиро дидем, ки чони даххо хазор нафару хазорон хонаро сузонд. Барои хамин тинчиву оромй шукр гуфтан лозим аст. Хукумат корашро медонад. Хамон Э.Рахмон дилхох ислохоти сиёсию иктисодиро гузаронда истодааст. Ин моро конеъ мегардонад. Мо розй!

Аз хама мухимаш бехатарии чамъият ва тинчию амони аст. Дар мамолики аврупо ва Амрико, ки ислохоти пайваста доранд хар сол бетартибихои оммави, задухурдхои бемаъни ва харочоти зиёд ба вучуд меоянд. Хар як давлат ба худ хос раванди ичтимои,иктисоди ва сиёси дорад. Як давлатро бо давлати дигар мукоиса кардан нодуруст. Ба сабабхо ва омилхои таъсиррасон бояд ахамият дод ва баъд фикри худ баён кард. Сафсата чи даркор, суханхои бе тахлил оварда мерасонанд боз ба хамон беамни.

Озодагон барои чи менависам чоп намекунед ман бади навистанам назорат мекунам ое шумо чоп мекунед ё на лекин чоп накарда истодаед шумо натарсед ман худам дар суханхоям чавоб медихам дар лубоюш!
Дар инчо назари ман ин аст Точикистон ба сиесат ниез дорад бояд нафаре камбудихои давлатро ифшо кунаду приздентхам аз паи ислохи камбути шавад!

Sanyk
Рахмат ба Хукумтати Рахмон, ки оромию тенчиро дар мамлакат пойдор кардаанд. Мехнат карда рузгоро бехтар кардан лозим аст. Ба хамаи ин нигох накарда хар шахс холати иктисодии хозираи Точикистонро дида умедаш аз зиндаги хунук мешавад. Сабаби паст рафтани иктисодиет ва паст шудани сатхи зиндагии сокинони кишвар аз як ранга сурат гирифтани сиесати давлат аст, зеро дар политэкомония вакташба мо хонда будем, ки омили асосии пешрафти иктисодиет ин ракобат мебошад. Имруз ракобат байни хизбхои сиеси нест, ва хизбхои буда низ программаи хуб, ки ба ракибон макул бошад тархрези намекунанд. Агар хамир рузхо ба кишлокхои дурдаст сафар куни хиел мекунед, ки дар як чазирае офтодаи, ки хает вчуд надорад. Барк нест, дарахтони чангалро тамоман бурида нест кардаанд ва агар аз ягон шахси камбагал хезум хари дар рох органхои давлати боздошта аз маблаги хезумхаридаатон зиедтар таъмачуи мекунанд ва хеч кас пеши ин корхоро гирифтани нест.

Давлати кишвари мо ба ислоҳоти сиёси ва иқтисоди зарyрат дорад вале имруз дар кишвар ҳизби мухолифи қудратманд ки тавонад ба давлатмардон ва мардyм нишон диҳад ки аз давлатмардони имрузи беҳтарy хyбтар барои миллатy кишвар бошанд мавҷyд нест. Сабаби асли ҳам дар заифy нотавон мондани аҳзоб дар мудати 20 сол ин ба амалкарди раҳбарони ин аҳзоб матбyт мебошад. Руасои ин аҳзоб ҷyз хyднамои кардан ва дар гирдy атрофи хyд афродеро ҷам меоваранд ки лаганбардори онҳо бошанд ва иҷрокyнандаи барномаи аҳзоб. Дарвлатмардони имрузаи мо ҳам барои боқи мондан дар кyрсиҳои хyд ба ҳаминхел раҳбарони аҳзоб ки хyдхоҳ пулхоҳ мансабхоҳ ва мардyмбезор бошанд зарyрати мyбрам дорадy чyн ба ҷаҳонион хоҳанд гуфт ки мо дар кишвар аҳзоби дини ва дуняви дорем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)