Бахшҳо

Даъвати Убайдуллоев барои авфи муҳоҷирон ва дурӣ аз ифротгароён

Баҳси авфи муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик, яке аз масоили барномаи сафари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба Русия аст, ки феълан идома дорад.

Интизор меравад, ки ин масаъала дар мулоқоти Убайдуллоев бо ҳайати парлумонии Русия таҳти роҳбарии Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федералӣ баррасӣ шавад. Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони мамнуъулвуруди тоҷик дар Русия беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил дода, эҳтимол дорад, ояндаи наздик то ба 300 ҳазор нафар расад. Мақомоти тоҷик таъкид мекунанд, ки аксари муҳоҷирони тоҷик барои қоидавайронкуниҳои ночизи маъмурӣ хориҷ шудаанд.

Людмила Бокова, ноиби раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионии палатаи болоии парлумони Русия дар ин робита ба расонаҳои русӣ гуфтааст, масъалаи авф омӯзиши дақиқ мехоҳад. Ӯ таъйид намудааст, ки бисёри муҳоҷирони тоҷик аз ноогоҳӣ ва бо мусоидати корфармоён дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор мегиранд ва аксаран барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ хориҷ шудаанд. Бокова таъкид намудааст, ки масъалаи авфи чунин муҳоҷирон бояд тавре роҳандозӣ шавад, ки барои ҷинояткорони воқеии ихроҷшуда роҳ накушояд.

Дар ҳамин ҳол Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Маскав зимни мулоқот бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон хостори риоя шудани қоидаҳои будубош дар Русия шудааст. Ӯ аз номи президент барои саҳм дар рушди Тоҷикистон ба муҳоҷирон ташаккур гуфта, даъват кардааст, ки ба ҳар гуна даъватҳои ифротии гуруҳҳои экстремистӣ дода нашаванд.

Дар назар аст, ки Убайдуллоев инчунин бо Валентина Матвиенко - раиси Шӯрои федералии Русия, Сергей Наришкин - раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия, Игор Шувалов - муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, Сергей Собянин - мири шаҳри Маскав ва Андрей Воробёв - губернатори вилояти Маскав мулоқот кунад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
вв
Шарм намедоред, ки кушиш мекунед мардумро аз Точикистон бадарга кунед? Хамин чо чои кор фарохам оред, ягон кас зори Россия нест.

Вайс
Икдоми бисёр хуб ва саривакти. Мухтарам Убайдулоев дар хакикат сиёсатмадори варзида мебошанд. агар аз 100 хазор нафари депортшуда 50 хазораш хам авф шаванд дастгирии хубест ба мухочирони точик

Ватанам! О Ватанам! О ватанам.
Ин рох, он роххо, пеши чашми ман як самт. Суи Ватан!

Чехел шарм надошта хаминхел сухбат мекунанд бачои кушиш кунанд дар Ватан чои кор фарохам кунанд набарод мардумро ба чукури тела медиханд

Азиз
Хамин Убайдуллоевшам аз бовари бромад. ТАрс, тарси хукумат аз мардум ана хамин аст. ""Бигзор мардум набошанд ки мо рохат кунем"".

Агар хамин кора накунан меген ки накарданд дастгири кунанд гунахкор шаван о боз чи кортон кунанд. Аз худо шарм доред!!!

Анкетил
Миллатро барои мардикори хонаи рус шудан таргибю мекунанд.Ин чи номафухмист.Бо 8 миллион ахолича метавонем 24 миллионро хуронем.Холо бошад мутаасифона баръакс хаст.Зиёда аз 2 миллион мардикор 5-6 миллионро хуронда ва пушонида истодаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)